Тафреҳ. Шеъри хубе аз устод Низом Қосим. ПОЁНИ «КИТОБИ СУРХ»
Ман чу мебинам, ки обу моҳии оби диёр
Аз ҳарисиҳои ман ҳар лаҳза камтар мешавад,
Моҳидони чашмаҳоям мешавад аз нав пуроб,
Моҳиёни мардумаш аз нав шиновар мешавад.
Дар чарогоҳи баланде,ки замон номаш бувад,
Гўсфанди раҳм ақламро чарида безамон,
Гўсфанди раҳми ман ҳам баъд аз ин бечора аст,
Гурги бераҳмии ман онро дарида безамон.
То гули бахтам шукуфад чун гули рўбаҳ мудом
Рўбаҳи макрам ҳамора дум ликонда ҳар куҷо.
Мурғбирён хурдаам, хушвақт аз рўзии хеш,
Мурғаки бахтам ҳамора ҷон фишонда ҳар куҷо.
Мўрро ҳам ман надидам дар ҷаҳон бо чашми кам,
Дони умрамро кашонад қудрати мўрам яқин.
Баски омад бешумор бар хонаам неши асо,
Бар дилу ҷоне халида неши занбўрам бубин.
Пеши ину он зи тарси ҷони худ дар ларзаам.
Оҳуи тарсам ба ҷону дил нуҳуфта аз азал.
Бахти ман кай мешавад бедор аз хобаш дигар,
Хирси хоболудиам дар сина хуфта аз азал.
Гар насозам сер ман оҳуи чашмамро, яқин
Монад аз оҳу фақат оҳуи тарси ман нишон,
Ҳирси худро гар насозам ман ғуломи хештан,
Монад аз хирси ҷаҳон як хоби хирси ман нишон.
Гурги бераҳме намеёбад зи чанги ман раҳо,
Гурги бераҳмӣ бимонад дар дилу ҷонам фақат.
Дар чарогоҳи замона як замон монад нишон
Гўсфандӣ чашми ман аз гўсфандонам фақат.
Хонаи занбўр дар дунё намонд аз дасти ман,
Неши занбўре куҷо, неши забон монад дигар,
Як замон бо ёди мўре ҳам дилам гум мезанад,
Мўри чашмам аз ҳама мўрон нишон монад дигар.
Ман, ба ин ҳирсе, ки дорам, мебарам охир фурў
Ҷумлаи ҳайвони дунёро ба коми хештан,
Худ ҳамемонам ба пеши хеш танҳо як замон
Меравам балки фурў худ ҳам ба коми хеш ман.
Аз китоби Оташи тасвир”, таҳияи Шарофат Мирзоева.
Ин китоб, ки соли 2020 дар нашриёти “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд чоп шудааст, ҳоло ба Китобхонаи миллӣ низ расидааст ва шумо метавонед дар ҳар толори хониш онро мутолиа намоед.