Тафреҳ. Бузургони адаб дар васфи Наврӯз

НаврузАбуабдуллоҳи Рӯдакӣ:

Бод бар ту мубораку хуншон
Ҷашни Наврӯзу гӯспандкушон.
Сухан овардаму шамшеру қалам наврӯзӣ,
То ба дастат бувадо мояи ҳар пирӯзӣ.

Кисоии Марвазӣ:

Наврӯзу ҷаҳон чун бути навоин,
Аз лола ҳама кӯҳ баста озин.

Абулқосими Фирдавсӣ:

Ба чандин фурӯғу ба чандин чароғ
Биёроста чун ба Наврӯз боғ.
Дилам бар ҳама ком пирӯз кард,
Ки бар ман шаби тира Наврӯз кард.
Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,
Шабони сияҳ бар ту Наврӯз бод.
Бад-он боғ рафтӣ ба Наврӯз шоҳ,
Ду ҳафта бибудӣ бад-он ҷашнгоҳ.
Ба Наврӯзу Меҳр он ҳам оростаст,
Ду ҷашни бузургасту бо хоста-ст
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи Нав хонданд.

Носири Хусрав:

Бидидӣ ба Наврӯз гашта ба саҳро
Ба Айюқ монанда лолай тариро.

Зи Румат корвон овард Наврӯз,
Зи Фансур орад акнун Меҳргонат.

Шаст бор омад Наврӯз маро меҳмон,
Ҷуз ҳамон нест, агар шашсад бор ояд.

Пурфоидаву неъмат чун абр ба Наврӯз,
К-аз кӯҳ фуру ояд чун мушки муаттар.

Ба дебо бипӯшид Наврӯз рӯяш,
Ба лулу бишуст абр гард аз узораш.

Ҳамедунӣ, чу ман дидам ба Наврӯз?
Хабар бифрист, агар ҳастӣ ҳамедун.

Наврӯз бубин, ки рӯйи бустон
Шустаст ба оби зиндагонӣ.

Аё ҳамеша ба Наврӯз сӯйи ҳар шаҷаре
Ту нопадиду падид аз ту бар шаҷар асаре.

В-оташ андар дили хок ар назадӣ Наврӯз,
Кай ҳаво эдун пурдуду ғубор астӣ?

Фахриддини Гургонӣ:

Маро Наврӯз дидори ту бошад,
Ҳавои хуш зи гуфтори ту бошад.
Агар бо рӯйи ту бошам шабу рӯз,
Шаби ман рӯз бошад, рӯз Наврӯз.
Зимистонро бувад фарҷом Наврӯз,
Чунон чун тирашабро оқибат рӯз.
Ало, эй абри гирянда ба Наврӯз,
Биё, гиря зи чашми ман биомӯз.
Баҳори рафта бозояд ба Наврӯз,
Нигорам низ бозояд яке рӯз.
Ба хубӣ ҳамчу Наврӯзи дарахтон,
Ба хушшӣ ҳамчу рӯзи некбахтон.

Хайём:

Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,
Дар саҳни чаман рӯйи дилафрӯз хуш аст.

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун азм дуруст.

Чун лола ба Наврӯз қадаҳ гир ба даст,
Бо лоларухе, агар туро фурсат ҳаст.

Унсурӣ:

Ҳамеша ид бодат рӯзи Наврӯз,
Ҳаме то тоза бошад иди мухтор.
Наврӯзи ҷаҳонпарвар монда зи даҳоқин,
Деҳқони ҷаҳондидааш парварда ба бар бар.
Наврӯзи бузург омаду ороиши олам,
Мерос ба наздики мулуки Аҷам аз Ҷам.
То ҳукми сари соли Аҷам бошад Наврӯз,
Чун ҳукми сари соли Араб моҳи муҳаррам.
То ба Наврӯз андарун бошад нишони навбаҳор,
То сипоҳи тирмоҳ орад нишони Меҳргон.
Ҳамеша то ба хазон бод заргарӣ созад,
Шавад ба навбати Наврӯз бод мушкафшон.

Анварӣ:

Аз пайи таҳнияти Наврӯзӣ
Боғро боди сабо меҳмон аст.
Рӯзаш бо фаррухӣ ҳама Наврӯз боду ид,
Моҳаш ба хуррамӣ ҳама Найсону Тир бод.
Хусраво, рӯзат ҳама Наврӯз бод,
В-аз тараб шабҳои умрат рӯз бод.
Боди Наврӯз саҳаргаҳ чу ба бустон бигузашт,
Гули садбарг бурун раст зи пиромани хор.
Шаби ман рӯзу рӯзи ман Наврӯз,
Рӯзам аз рӯз беҳтар аст акнун.

Фаррухии Сийстонӣ:

Бад-ин шоистагӣ ҷашне, бад-ин боистагӣ рӯзе,
Маликро дар ҷаҳон ҳар рӯз ҷашне боду Наврӯзе.
Аз ин фархунда фарвардину хуррам ҷашни Наврӯзӣ
Насиби Хусрави одил саодат боду пирӯзӣ.

Иди Наврӯзи банда дидани туст,
Иди Наврӯз бар ту фаррух бод.
Ҳарчи зевар буд, Наврӯзи навоин он ҳама
Бурд бар гулҳои боғу роғи наврӯзӣ ба кор.

То ба даймоҳ гули сурх набошад дар боғ,
То ба Наврӯз наёбанд гули нилуфар.
Ишқи наву ёри наву Наврӯзи сари сол,
Фархунда кунад эзад бар мири ман ин ҳол.

Рӯзи Наврӯзу рӯзгори баҳор
Фаррухат боду хурраму пидром.
Фасли баҳори тозаву Наврӯзи дилфиреб
Ҳамбӯйи мушк боду замин пур зи бӯйи бон.

Ба шодӣ бигзарон Наврӯз бо дидори турконе
Ки лабшон қубларо қибла-сту қибла аз дари қубла.
Он ҷо ки базм созӣ, Наврӯзи авлиёӣ,
Чун теғ баркашидӣ, гирандаи ҷаҳонӣ.

Саноии Ғазнавӣ: 

Бо тобиши зулфу рухат, эй моҳи дилафрӯз,
Аз шоми ту Қадр ояду аз субҳи ту Наврӯз.

Ба боли субҳ дар ҳангоми Наврӯз,
Сабое гарду бар гулбун назар кун.

Кард Наврӯз чу бутхона чаман,
Аз ҷамоли буту болои шаман.

Ки ҷаҳонро зи илми ӯ шабу рӯз
Ҳаст  даймоҳ хуштар аз Наврӯз.

Аттори Нишопурӣ:

Чу пайи пор шуд чунон сӯзе,
Шабу рӯзаш чу иди Наврӯз аст.

Дили Аттор чун гули Наврӯз
Тозагӣ медиҳад зи шабнами ишқ.

Ту Наврӯзи бутони ҷонфизоӣ,
Бирав, идӣ бикун бе рустоӣ.

Майе дардеҳ, ки фардо ҳаст Наврӯз,
Бибояд сохтан ҷашне дилафрӯз.

Шаби хуштар зи Наврӯзи ҷавонӣ,
Майи софӣ чу оби зиндагонӣ.

Чу об аз боди наврӯзӣ гираҳ ёфт,
Зи рӯйи об нилуфар зираҳ ёфт.

Майу маъшуқу ишқу рӯзи Наврӯз,
Зи тавба тавба бояд кард имрӯз.

Туро доно ҳама тавҳид гӯяд,
Зи Наврӯзи муборак ид гӯяд.

Азрақии Ҳиравӣ: 

Ҷашни Наврӯзу сари соли нават фархунда бод,
Солу моҳу рӯзу шаб аз якдигар фархундатар.

Ҷаҳон ба сони яке чодаре шудаст, яқин,
Куҷо зи иду зи Наврӯз пуд дораду тор.

Ҷашни Наврӯз далел аст ба шодии баҳор,
Лоларухсоро, хезу майи хушбӯй биёр.

Наврӯзи шукуфта аз лиқои ту баранд,
Фирдавси хуҷаста аз ризои ту баранд.

Низомӣ:

Ҷамолаш бод доим оламафрӯз,
Шабаш Меъроҷ боду рӯз Наврӯз.
Яке шаб аз шаби Наврӯз хуштар,
Чӣ шаб, к-аз рӯзи ид андӯҳкуштар.
Зи бас норанҷу нори маҷлисафрӯз
Шуда дар ҳуққабозӣ боди Наврӯз.
Чу дар парда кашидӣ Нози Наврӯз,
Ба Наврӯзӣ нишастӣ давлат он рӯз.
Баҳоре дорӣ, аз вай бар хур имрӯз,
Ки ҳар фасле нахоҳад буд Наврӯз.
Он рӯз, ки рӯзи бор бошад,
Наврӯзи бузургвор бошад.
Ин фусунро, ки ҷинниомӯз аст,
Ҷома нав кун, ки фасли Наврӯз аст.
Ба Наврӯзи Ҷамшеду ҷашни Сада,
Ки нав гашт оини оташкада.

Мавлоно: 

Наврӯзи рухат дидам, хуш ашк биборидам,
Наврӯзу чунин борон борида муборак бод.

В-ар бигирад зи баҳорону зи Наврӯз рухат,
Ҳама олам гулу ишкуфаву райҳон, чӣ шавад?

Зулфи ту шаби Қадру рухи ту ҳама Наврӯз,
Мо воситаи рӯзу шабаш чун саҳар ойем.

Мастиву ошиқиву ҷавонию ёри мо,
Наврӯзу навбаҳору ҳамал мезанад сало.

З-ин гуҳар кун, эй падар, Наврӯз шуд,
Халқ аз Халлоқ хуш падфуз шуд.

Шоданд ҷаҳониён ба Наврузу ба ид,
Иди ману Наврӯзи ман имрӯз туйӣ.

Хоқонии Шарвонӣ:

Гар асари рӯйи ту сӯйи гулистон расад,
Боди сабо рад кунад туҳфаи Наврӯзро.

Наварусест сурати Наврӯз,
Ки бар офоқ зевар афшондаст.

То ки шуд Наврӯз султони фалакро мизбон,
Олимони табъ ҷон бар мизбон афшонданд.

Иди қадаммубораки Наврӯз мужда дод,
К-имсол тоза аз пайи ҳам фатҳҳо шавад.

Одат бувад, ки ҳадяи Наврӯз оваранд,
Озодагон ба хидмати бону зи ҳар диёр.

Табъи марост ҷони тиҳӣ туҳфаи сухан,
Наврӯзрост ҷони тиҳӣ боди навбаҳор.

Он тиру он рангинкамон туғрои Наврӯз аст, ҳон.
Мурғон дилу ушшоқ ҷон бар оли туғро рехта.

Наварусони ҳиҷлаи Наврӯз
Навраҳон зарру зевар андозанд.

Сӯзании Самарқандӣ:

Мушкин кула бар гул ниҳӣ, эй моҳи кулаҳдӯз,
То дар маҳи Наврӯз намоӣ гули Наврӯз.
Эй чун гули Наврӯз ба рухсору ба боло,
Бар сарви сарафроз сарафрозиву фирӯз.
Дар пардаи Наврӯз бад-ин вазн ғазал гуфт,
Вазне, ки ҳама матлаи фатҳу зафар омад.

Заҳирии Форёбӣ: 

Наврӯзро ҷалоли ту фархунда боду ид,
Аз талъати хуҷаста, ки ӯ низ ҳамраҳ аст.

Наврӯзи фаррух омаду бӯйи баҳор дод,
Бӯйи баҳору муждаи зулфайни ёр дод.

Ёре, к-аз ӯ вазифаи Наврӯз хостам,
Гуфт аз лабам рутаб диҳам, аз ғамза хор дод.

Ту бар сарири Маликшаҳ нишастаӣ, чи аҷаб,
Агар бувад ҳама Наврӯзи ту маликшоҳӣ.

Маймуну хуҷаста бод бар ту
Наврӯзи бузургу рӯзи таҳвил.

Саъди Салмон:

Ороише бувад ба ситоишгаре чу ман
Дар базму маҷлиси ту ба Наврӯзу Меҳргон.

Мубашширӣ туву ороста-ст роҳи туро
Баҳори тозаву Наврӯзи хуррам аз гулзор.

Наврӯзи бадеъ омад бо фатҳу зафар ҳамроҳ,
Бингар, ки чи хуш омад боде маҳи Фарвардин.

Рӯзи Наврӯзу моҳи Фарвардин
Омаданд, эй аҷаб, зи хулди барин.

Хусраво, шабҳои умрат рӯз бод,
Меҳргони мулки ту Наврӯз бод.

Бар рӯйи ту меҳрубону дилсӯз манам,
Пеши ту ба Меҳргону Наврӯз манам.

Убайди Зоконӣ:

Боди баҳору мақдами Наврӯзу бӯйи гул,
Ошубу айш дар дами пиру ҷавон фиканд.

Расид мавсими Наврӯзу гоҳи он омад,
Ки дил ҳавои гулистону лолазор кунад.

Расид мавсими Наврӯзу юмни мақдами ӯ,
Ба сӯйи ҳар диле аз хуррамӣ нишон овард.

Замин ки буд зи таъсири замҳарир хароб,
Зи юмни мақдами Наврӯз мешавад обод.

Мерасад Наврӯзи иду медиҳад бӯйи баҳор
Боди фаррух бар ҷаноби шоҳи гардуниқтидор.

Сайфи Фарғонӣ:

 Кунун ки мавсими Наврӯз гашту боди баҳор
Вазид ногаҳу атрофи бӯстон хуш кард.
Рухаш ба гоҳи назар гулшанест дар Наврӯз,
Лабаш ба вақти сухан ғунчаест дар ханда.

Саъдии Шерозӣ: 

Комҷӯёнро зи нокомӣ чашидан чора нест,
Бар зимистон сабр бояд толиби Наврӯзро.

Одамӣ нест, ки ошиқ нашавад фасли баҳор,
Ҳар гиёҳе, ки ба Наврӯз наҷунбад, ҳатаб аст.

Шероз мушкин мекунад чун нофи оҳуи Хутан,
Гар боди Наврӯз аз сараш бӯйе ба саҳро мебарад.

Дӯст бозомаду душман ба мусибат бинишаст,
Боди Наврӯз аларрағми хазон боз омад.

Дили Саъдиву ҷаҳоне ба даме ғорат кард,
Ҳамчу Наврӯз, ки бар хони малик яғмо буд.

Баромад боди субҳу бӯйи Наврӯз,
Ба коми дӯстону бахти пирӯз.

Дуҳулзан, гӯ ду навбат зан башорат,
Ки душам Қадр буд, имрӯз Наврӯз.

Хушо, тафарруҷи Наврӯз, хоса дар Шероз,
Ки барканад дили марди мусофир аз Ватанаш.

Боди Наврӯз, ки бӯйи гулу сунбул дорад,
Лутфи ин бод надорад, ки ту мепаймоӣ.

Алами давлати Наврӯз ба саҳро бархост,
Заҳмати лашкари сармо зи сари мо бархост.

Алминатулиллаҳ, ки ҳавои хуши Наврӯз,
Бозомаду аз ҷаври зимистон бираҳидам.

Камоли Хуҷандӣ:

Хуррам он дил ки баҳор аз пайи тартиби димоғ
Бонги мурғи чаману бӯйи гули тоза шунид.
Баҳор омад, хабар аз май фиристед,
Саломи гул ба бод аз пай фиристед.
Тоза гардад боғи айшат аз насими эътидол,
Бӯйи ҷонбахши баҳор ояд, зимистон бигзарад.
Шаби баҳору шабистони боғу суҳбати ёр,
Чунин шабону шабистон, дило, биҷӯ ба чароғ.
Ман он мурғи хушалҳонам, ки берун аз қафас худро
Ба иқболи баҳор эмин зи ташвиши хазон дидам.
Ҳар ҷо назар андозам бе ту ба дарахти гул,
Аз гиря ба болояш чун абри баҳор афтам.
Шаби Қадре, ки меҷустам ба хобу рӯзи наврӯзӣ,
Чун он рӯ дидаму он мӯ, ҳам ин дидам, ҳам он дидам.

Ҳофизи Шерозӣ:

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз парда берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми Мири наврӯзӣ.
Май андар маҷлиси Осаф ба Наврӯзи Ҷалолӣ нӯш,
Ки бахшад ҷуръаи ҷомат ҷаҳонро сози наврӯзӣ.

Салмони Соваҷӣ: 

То ид чу Наврӯз бувад ғарраи шодӣ,
Ҳар рӯз зи нав иди дигар бод шуморо.

Абри Наврӯз ҳамарӯза чу ман менолад,
Ҳеҷ шак нест, ки ӯ низ ҳавое дорад.

Боди Наврӯз насими гули раъно овард,
Гарди мушки Хутан аз домани саҳро овард.

Ба зорӣ гуфт, эй шамъи дилафрӯз,
Шабат фархунда боду рӯз Наврӯз.

Адиб Собири Тирмизӣ: 

Расид мавсими Наврӯзу тоза гашт се ҷой,
Яке ҷаҳону дувум сабзаву савум саҳро.

Бигиряд абри наврӯзӣ ҳаме зор,
Ки шохи зардгул бемору зор аст.

Магар гулро арусӣ кард Наврӯз,
Ки абраш ҳар замон гавҳарнисор аст

Абри Наврӯз аз гиристан дидаи Вомиқ шудаст,
То гулу лола ба ранги орази Узро шуданд.

Расид лашкари Наврӯзу боғ аз ин лашкар
Ба сурати думи товус гашту тавқи ҳумом.

Бисӯз хирмани андешаро ки дар Наврӯз
Сабо ҳама забари гул зи гул занад хирман.

Гар фахри рӯзгор ба Наврӯзи хуррам аст,
Ин рӯзгор фахри ҳама рӯзгорҳост.

В-ар дӯст им о ҷудо нагаштӣ,
Наврӯзу баҳори мо хуш астӣ.

Ҷомӣ:

Чун шавад тоза олам аз Наврӯз,
Сабзаву гул шавад ҷаҳонафрӯз.

Ҷаҳоне тоза шуд аз файзи ту, эй абри наврӯзӣ,
Мани лабташнаро то чанд баҳри қатрае сӯзӣ?

Ҳилолӣ:

Эй гули боғи латофат, зи хазон эмин бош,
Ки ҳанӯз аввали Наврӯзи ҷамол аст туро.

Калими Кошонӣ:

Пеш аз он рӯз, ки Наврӯз чаман ид кунад,
Ба машоми ҳама бӯйи гули Наврӯз омад.

Зиҳӣ, давлатсарои оташафрӯз,
Фурӯғи ту ҷаҳонро субҳи Наврӯз.

Назирии Нишопурӣ: 

Иду Наврӯз бувад мактаби моро ҳар рӯз,
Ба муҳаббат гузарад шанбеву одинаи мо.
Тамоми сол ба мулкаш нишоту меҳмонӣ
Чу дар Аҷам маҳи Наврӯзу дар Араб аъёд.

Наврӯз шуд  калиди дари айши навбаҳор,
Давлат шукуфа кард, ки фатҳ оварад ба бор.
Замонаро пайи тазмини сури шоҳ имсол
Баҳор пеш зи Наврӯз кард истиқбол.

Сад шукр, ки дар соати фархундаи Наврӯз,
Ороста дидем ба Ҷам маснади Ҷамро.
Ҳар кас масале ба ақли худ меорад,
Наврӯзу деҳ асту рустоӣ – сурӣ.

Соиб:

Хатти шабранг, к-аз ӯ ҳусн ниҳад по ба ҳисоб,
Шаби Наврӯзи ману рӯзи ҳисоб аст туро.

Наврӯз шуд, ки ҷӯш занад хуни боғҳо,
Аз бӯйи гул паризада гардад димоғҳо.

Ангор ид омаду Наврӯз ҳам расид,
Ҷуз таййи умр дар гираҳи моҳу сол чист?

Бод, ё Раб, ба саодат ҳама рӯзаш Наврӯз,
Ҳар ки дар ид наёяд ба муборакбодам.

Иду Наврӯз ба мардум чи муборак мебуд,
Чашми водид намедошт гар аз пай дидан.

Субҳи Наврӯзи ҷаҳон буд аз рухи чун офтоб,
Мояи айши ҷаҳоне буд чун фасли баҳор.

Сайидо: 

Аз рафти иду омади Наврӯз фориғам,
Тифли маро зи баски ҳавову ҳавас намонд.

Фасли Наврӯз аст, меояд ҳавои тозае,
Булбулу гулро шуда баргу навои тозае.

Ҳар шаби Наврӯз мардум хор-хорон мераванд,
Бар гулу хорат бувад хосийяти меҳригиёҳ.

Ба давраш ҷоми ишрат маҷлисафрӯз,
Ба аҳди ӯ бувад ҳар рӯз Наврӯз.

Мунаввар шаҳр шуд чун субҳи Наврӯз
Баробар шуд ба аҳди ӯ шабу рӯз.

Бедил:
Таҷаддуд аз баҳорат ранг гардондан намедонад,
Нафас ҳар пар задан бепарда дорад субҳи наврӯзӣ.

“Садои Шарқ”

Аз саҳифаи Рустам Ваҳҳоб дар Фейсбук.