Тафреҳ. Чор ғазали хуб аз Камолуддини Исфаҳонӣ
Махўр, эй дил, ғами бисёр махўр,
Гар хўрӣ, ҷуз ғами дилдор махўр.
На, ғами ёр азиз аст, он низ
Агарат ҳаст, нигаҳ дор, махўр.
Ёр темори ту чун менахўрад,
Пас ту бефоида темор махўр,
Ҳақ чунин хоҳамат, аҳсант, эй ёр,
Ғами ман андаку бисёр махўр.
Ман зи ишқи ту зиям ё мирам,
Ту худ, албатта, ғами кор махўр!
Пушти ман бишкану паймон машикан,
Хуни ман мехўру зинҳор махўр!
Чашми ман дўш лабатро мегуфт:
«Бо фалон бода дигар бор махўр».
Лаби ту гуфт бад-ў «хезу бихусб»
Ту, ки мастӣ, ғами ҳушёр махўр.
****
Гар туро гўям, ки ошиқ нестам,
Ё зи ҷон ёри мувофиқ нестам,
Аз манат бовар мабодо ин сухан,
З-он ки дар ин қавл содиқ нестам.
Ошиқам, ошиқ ба овози баланд!
Пас кӣ бошам? Ман, ки ошиқ нестам.
Ту ба ҳусн афзунӣ аз Узрову ман
Дар ғами ту кам зи Вомиқ нестам.
Ишқи ту якчанд мекардам ниҳон,
З-он ки донистам, ки лоиқ нестам.
Ошкоро кардам акнун рози хеш,
В-андар ин даъво мунофиқ нестам.
Ҳар кӣ дар олам туро ошиқ шуданд,
Манн кам аз чандин халоиқ нестам.
****
Макун бар ман ситам, ҷоно аз ин беш,
Ба корат менаёяд, беҳ бияндеш.
Лабат хун мечаконад аз дили ман,
Намак хун оварад пайваста аз реш.
Маро дил худ зи ҷаври чарх реш аст,
Ту беҳуда намак бар реш мабреш.
Ба хуни зиндагонӣ ташнаам з-он,
Ки сер омад дилам аз ҳастии хеш.
Аз ин пас дасти мову домани сабр,
Бубинам то чӣ хоҳад омадан пеш.
Ҳаме яксон набошад кори гетӣ,
Гаҳе нўшест кори ў гаҳе неш.
Ба сабр аҳвол дигаргун шавад ҳам,
Касе бояд, ки дорад сабр аз ин беш.
Зи ту рўзе ба кори дил расам, лек
Ба хуни дил барояд кори дарвеш.
****
З-он шаб, ки бо ту даст дар оғўш кардам,
Якбора тарки сабру дилу ҳуш кардам,
Ҳар ч-он на ишқи туст, ба бозӣ шумурдаам,
Ҳар ч-он на ёди туст, фаромўш кардаам.
Дар чашми ман шудаст яке донаи гуҳар,
Ҳар нуқтае ки аз даҳанат гўш кардам.
Холӣ бишуд димоғи ман аз мастиву хумор
З-он бодаҳо, ки аз лаби нўш кардам.
Бар чарх мерасид хурўши дил аз фироқ,
Ўро ба ваъдаҳои ту хомўш кардаам.
Аз чашми нимхоби ту имрўз равшан аст,
Он нолаҳо, ки ман зи ғамат дўш кардаам.
Дастам, ки зери санги фироқаст ҳар шабе,
То рўз бо ғами ту дар оғўш кардаам.
Пурсидам аз дилам, ки чаро дурӣ аз барам?
Гуфто, ки худ фари рухи некўш кардаам.
Манбаъ: “Садои Шарқ”. Соли 1969, №12.
Донишманди тоҷик Мирзо Муллоаҳмадов омодаи чоп кардааст.
Таҳияи Фараҳнози Тоҳирхон,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ