Тафреҳ. Чор ғазали хуб аз Зебуннисо

НОМИ  МАН  ЗЕБУННИСОСТ

Гарчи ман лайлиасосам дил чу Маҷнун дар ҳавост,

Сар ба саҳро мезанам, лекин ҳаё занҷири пост.

Булбул аз шогирдиам шуд ҳамнишини гул ба боғ,

Дар муҳаббат комилам, парвона ҳам шогирди мост.

Дар ниҳон хунем зоҳир гарчи ранги ноз мо,

Ранги ман дар ман ниҳон чун ранги сурх андар ҳиност.

Баски бори ғам бурун андохтам бар рўзгор,

Ҷома нилӣ кард инак бин, ки пушти мо дутост.

Духтари шоҳам ва лекин рў ба фақр овардаам,

Зебу зиннат бас ҳаминам, номи ман Зебуннисост.

КӢ   ХАБАР  КАРД

Аз дарди дилам мурғи наворо кӣ хабар кард?

Дар боғи дилам боди саборо кӣ хабар кард?

Бахти сияҳам буд ниҳон аз назари халқ,

Шабро кӣ нишон доду нидоро кӣ хабар кард?

Бо ҷабру ҷафо буд диламро сари лутфат,

З-ин воқиа арбоби вафоро кӣ хабар кард?

Барҳам шудани зулфи ту ҷамъияти дил буд,

Бо шарм кӣ ин гуфту ҳаёро кӣ хабар кард?

Аз рўйи риёе, ки ҷафои ту маро буд,

Ғаммоз кӣ шуд, рўйи риёро кӣ хабар кард?

Ман будаму андешаи иқлими қаноат,

Кӣ арз ба шаҳ карду гадоро кӣ хабар кард?

Махфӣ ба ту дар хоб намуданд давое,

Бо дард чӣ кас гуфту балоро кӣ хабар кард?

ҲУШЁРОНРО ЧӢ ШУД?

Дар вафо оину расми дўстдоронро чӣ шуд?

Ман агар девона гаштам, ҳушёронро чӣ шуд?

Рўзи навмедӣ намепурсад зи ҳоли ман касе,

Ҳамнишинонам куҷо рафтанду ёронро чӣ шуд?

Зулму бедодӣ дар ин дунёи дун аз ҳад гузашт,

Манҷаниқи чарху тарзи сангборонро чӣ шуд?

Дар гулистони умедам як гули сероб нест,

Тозакориҳои айёми баҳоронро чӣ шуд?

Нест маҳбубе, ки ёбад равнақи бозори ишқ,

Турраи шабгуни ҳусни гулъузоронро чӣ шуд?

Аз муҳаббат нолаву зорӣ намеояд ба гўш,

Махфиё, хорошикофӣ кўҳсоронро чӣ шуд?

ОҲИ  ҶИГАРГУДОЗ

Гарми ғазаб чӣ мекунӣ наргиси масти нозро,

Нозу карашма бас бувад дилшудаи ниёзро.

Риштаи дил гиреҳ- гиреҳ шуд ба даруни синаам,

Баски ба дил гиреҳ задам оҳи ҷигаргудозро.

Эй ки ба айш хуфтаӣ, дарду ғаме надидаӣ,

Аз дили дардманд пурс ҳоли шаби дарозро.

Аз паси кас чӣ меравӣ? Бонги ҷарас чӣ мекунӣ?

Ҳодии раҳ муҳаббат аст қофилаи Ҳиҷозро.

Боз нишоти офият з-он наниҳам, ки оқибат,

Муҷрими нуктае кунад маҳрамиёни розро.

Ғунчасифат шукуфт дил аз сухани ту, Махфиё,

Тақвияти сухан намо табъи сухантирозро.

Манбаъ: Зебуннисо. Маҷмӯаи шеърҳо. Душанбе, 2017.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси  шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва  наврасон.