Тафреҳ. Се шеър аз Шоири халқии Тоҷикистон Озар Салим, ки имрӯз зодрӯз дорад

Озар-СалимШЕЪРИ БАРФ

Шеъри дилкушо дорад номаи сафои барф,
Ғайри покдомонӣ нест муддаои барф.

Шодиёна, эй мардум, мавсими ҳинобандист,
Сурхрӯ кунад моро сардии ҳавои барф.

Барф, барф меборад, барфи порсову пок,
Чун пари фуруҳарҳо аз само ба рӯи хок.

Тоб бар шароб акнун нест дар тавони ӯ,
Хоби мастро монад хоби пирамарди ток.

Ҳар чи ӯ сиёҳу зишт, мешавад сапед имрӯз,
Синаро кунад равшан партави умед имрӯз.

Дар канори ҷӯ дидам ҷойи баргҳои зард
Меваҳои барфиро рӯи шохи бед имрӯз.

Кӯ рубоб, то хонам як ғазал зимистонӣ,
Дар баёни ҳусни барф – ин ҳарири яздонӣ.

Рӯдакӣ манам инак, барф Насри Сомонӣ,
Нуқра бар сарам резад лаҳзаи ғазалхонӣ.

****     *****     ****

Меравӣ, бо рафтани ту хона холӣ мешавад,
Барф мерезад, ҳаво Қутби Шимолӣ мешавад.

Хӯшаи фикру хаёл аз дона мегардад тиҳӣ,
Дар навоҳии ғазалҳо хушксолӣ мешавад.

Чун наандешанд бар зебоии ту шоирон,
Шеъри зебо ҳосил аз зебохаёлӣ мешавад.

Мегазад занбӯри фикри рафтанат пешониам,
Зӯри дастам сарфи ҷоидардмолӣ мешавад.

Ман, ки худро шер гуфтам, бехабар аз зӯри ишқ,
Ҳолиё бигрезам аз майдон, шағолӣ мешавад.

Бол бахшо гиряи дилро, ки ин ҷоми булур
Аз фишурдан ноларо дар худ сафолӣ мешавад.

Аз ғазалҳояш чи меҷӯӣ ту аҳволи ҷаҳон,
Шеъри ошиқ, рост гӯям, ҳасбиҳолӣ мешавад.

*****    *****    ****

Маро ду чашми обият миёни об мекушад,
Сазои меҳрубониям ба сад азоб мекушад.

Ба рӯву мӯи ту маро фиреб дода сарнавишт,
Ба соя банд мениҳад, дар офтоб мекушад.

Савоб нест гуфтугӯ миёни мо зи ошиқӣ,
Ту аз суол хастаӣ, маро ҷавоб мекушад.

Зи ҳич қатл хуш наям, вале хуш аст хотирам
Шабе, ки ошиқи ҳазин ба гиря хоб мекушад.

Нафас чи гуна мекашӣ паси ниқоб, эй дурӯг,
Худову ростӣ, туро ҳамин ниқоб мекушад.

Ғами замона, панҷаат бигир аз гулуи ишқ,
Чи бедил аст қотиле, ки шеъри ноб мекушад.