Таҳқиқи этнолингвистии вожагони соҳаи ҳунармандӣ ва маишӣ дар лаҳҷаҳои водии Ҳисор
Муаллифи рисолаи мазкур Г.Абдуллоева буда, он ба яке аз мавзўъҳои мубрами илми забоншиносии тоҷик, таҳқиқи этнолингвистии вожагони соҳаи ҳунармандӣ ва маишӣ дар лаҳҷаҳои водии Ҳисор бахшида шудааст. Дар ин рисола ҷойгоҳи этнолингвистика дар забоншиносии муосир, инчунин дар забоншиносии тоҷик нишон дода шудааст.
Масъалаи таҳқиқи лаҳҷаҳои водии Ҳисор аз нигоҳи этнолингвистӣ баррасӣ гардидааст. Бори нахуст оид ба пайдоиши региолектҳо дар ин мавзеъҳо сухан ба миён оварда шудааст. Фарқи региолектҳо аз диалектизмҳо нишон дода шуда, вазъи кунунии вожагони соҳаи ҳунармандӣ ва маишӣ дар гўишҳои водии Ҳисор мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Инчунин ин гурўҳҳои этникии каволӣ, ҷўгиҳо, чистонӣ, соғутарош ва париён, ҷо ҷо таҳқиқ гардидааст.
Китоб барои оммаи васеи хонанда, махсусан барои олимони бахши забоншиносӣ, муаррихон, мардумшиносон, аспирантон, унвонҷўён, устодони мактаби олӣ ва таҳсилоти ҳамагонӣ, магистрҳо, донишҷўёни риштаи филологӣ пешбинӣ шудааст.
Дар муқаддимаи китоб аз ҷумла омадааст, ки водии Ҳисор навъҳои гуногуни ҳунармандӣ маъмул буда, роҳи бузурги Абрешим ин водиро миёни дигар мавзеъҳо шуҳратёр намуда буд, ки он таъсирашро на танҳо ба иқтисодиёту тиҷорат, балки ба забони ин минтақа низ расонидааст. Ҳамин ҷиҳати масъала зарурати таҳқиқи мукаммали вожагони соҳаи ҳунармандӣ ва маиширо дар лаҳҷаҳои водии Ҳисор пеш оварда, имкон медиҳад, ки пайвастагии ин ду соҳа муайян гардида, вожаву истилоҳоти онҳо дар лаҳчаҳои водии Ҳисор аз нигоҳи этнолингвистӣ ҳамаҷониба омўхта шаванд ва барои дарки маънои ҳар як калимаву истилоҳоти соҳаи ҳунармандӣ ва маишӣ дар лаҳчаҳои водии мазкур ва мавридҳои истифодаи онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.
Дар баробари ин, пайдоиши вожагони соҳаи ҳунармандӣ ва маишӣ дар лаҳҷаҳои водии Ҳисор, пеш аз ҳама, бо табиат, суннату анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ иртиботи ногусастанӣ дорад. Масалан, дар маросими базми арусӣ тақдими маснуоти заргарӣ, ҳангоми чидани анор гузаронидани маросими аноргўркунӣ ва ғайра аз анъанаҳои асосии мардуми тоҷик маҳсуб меёбанд. Чунин маросиму суннатҳо сабаби пайдо шудани истилоҳу вожагони хоси худ гардида, омўзиши онҳо барои рушди минбаъдаи забони адабӣ мубрам ва пураҳаммият хоҳад буд…
Хоҳишмандон китоби “Таҳқиқи этнолингвистии вожагони соҳаи ҳунармандӣ ва маишӣ дар лаҳҷаҳои водии Ҳисор”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Ҷамила Гирдакова,
сармутахассиси Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.