Таҳқиоти нав дар бораи радиф ва қофия дар мисоли осори Абдурраҳмони Ҷомӣ
Ҳамкорамон Назар Баҳрулло ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ мушарарф шуд. Вай чанде пештар рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Қофия ва радиф дар дар ғазалиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ” ҳимоя карда буд.
Олими ҷавон чиро таҳқиқ кард ва чӣ натиҷа расид?
Назар Баҳрулло дар муқаддимаи рисола навиштааст, ки қофия ва радиф аз унсурҳои хосси сохтори шеъри форсии тоҷикӣ буда, аз дер боз мавриди таваҷҷуҳи шоирону донишмандони соҳа қарор гирифтааст. Вале дидгоҳҳо ба мавзуи қофия, моҳият ва ҳудуду робитаи он бо моҳияти шеър дар тули таърих гуногун будааст. Гурўҳе қофияро унсури муҳимми сохтори шеър донистаанд, гурўҳи дигар онро монеае барои баёни озодонаи эҳсосу андеша таъбир кардаанд. Тарафдорони ин гуна назарҳои зиддиятнок дар байни шоирону донишмандони назарияи шеър дар гузашта ва имрӯз, чи дар Ғарб ва чи дар Шарқ, зиёд будаанд.
Олими ҷаон аз устод Шафеии Кадканӣ, муҳаққиқи шинохтаи эронӣ овардааст, ки Абуҳилоли Аскарӣ чунин фармуда, ки: «ҳар гоҳ бихоҳӣ шеър бигӯйӣ, маониро дар зеҳни худ ҳозир кун, вазну қофияи муносибе пайдо кун, зеро баъзе маонӣ дар қавофии хоссе ҷой мегиранд ё беҳтар суруда мешаванд».
Шамсиддин Муҳаммад Қайси Розӣ низ «сухани беқофияро шеър» нашумурдааст, «агарчи мавзун афтад». Нақди қофияандеширо аз назар гузаронида, ифроту тафритро дар ин боб яксӯ гузошта, метавон беғаразона яқин кард, ки: «агарчи қофия дар ҷавҳари шеър нақше надорад, вале дар марҳалаи таъсирбахшӣ ва зебоии он нақшҳо дорад», ки арзёбии ҷомеи он муҳим ба назар мерасад. Ба ин тартиб, таҳқиқ ва арзёбии ҷараёни ташаккулу таҳаввули қофия ва радиф дар шеъри тоҷикӣ ва ошкор кардани моҳияти рӯйкарди суханварону назарияпардозони шеър ба он пураҳаммият аст.
Назар Баҳрулло мегӯяд суханварон ва аҳли таҳқиқ рўйкард ба қофияву радифро муҳим шинохта, истифодаи ҳунармандона аз онҳоро мояи ифтихор ва тавонмандӣ ба шумор овардаанд. Бино бар ин, таҳқиқи бофт, сохт ва сурати матни шеър, ки: «ҳама ба кашфи мабонии ҷамолшиносии шеър нозиранд», бояд дар алоқамандӣ бо омилҳои ташаккул ва таҳаввулбахши дохили ҳавзаи матн ва беруни он анҷом дода шаванд. Ба ин далел, шинохти комил ва арзёбии саҳеҳи хусусиятҳои сохтории шеър дар мабнои шароити таърихию фарҳангӣ ва зиндагию фаъолияти ҳунарии шоирон имконпазир буда, дар ин замина таҳқиқи назарӣ ва таърихию муқоисавии қофия ва радиф аз мушкилоти поэтикаи илмӣ ба ҳисоб меравад. Усулан, дар замина биниши таърихӣ низ дар шинохт ва арзёбии осори адабӣ, аз ҷумла мундариҷа ва сурати шеър, муҳим буда, дарки таносуби комили аносири дигари шаклсоз, мисли қофияву радиф, ки паҳлуи дигари сохт ва робитаи аҷзои он аст, низ арзишманд ба назар мерасад. Аз ин ҷиҳат, шинохти таносуби овоӣ дар шеър, ки сурате аз мусиқии он буда, қофия ва радиф шинохта шудааст ва омўзиши назарӣ ва таърихию муқоисавии қофия ва радиф ҳамчун унсури муҳимми сохтори шеър аз масъалаҳои муҳим ва рўзмарраи адабиётшиносӣ буда, дар ду равиш метавонад анҷом пазирад.
Равиши аввал, ки бунёдаш назарист, метавонад дар заминаи муқоиса ва татбиқи андешаву орои назарияпардозони қофия ва радиф ҳамроҳ бо мутолиа ва таҳқиқ дар осори фаннии марбут ба ин масъала муяссар шавад.
Равиши таҳқиқи дувум, ки аз аввалӣ ҷудо нест, ба ошкор кардани таъсирпазирии шоирон аз назарияҳои мавҷуд оид ба қофияву радиф ва таҷрибаи ҳунарии онҳо вобаста буда, барои ҳалли бисёре аз мушкилоти назарӣ ва амалӣ дар ин замина ёрӣ хоҳад кард. Равиши дувуми таҳқиқ зарурати омўзиш ва арзёбии нақшу ҷойгоҳ ва таҳаввули қофия ва радифро дар эҷодиёти ин ё он шоир ба миён мегузорад. Дар ин росто, таҷрибаи назарӣ ва амалии Абдурраҳмони Ҷомӣ, нақшу ҷойгоҳи ў дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули қофияву радиф ва арзёбии ҷомеъи мушкилоти ин ду унсури муҳимми сохтори шеър дар заминаи таҷрибаи шоирии ӯ пурарзиш мебошад.
Ҳадафи ин таҳқиқот чӣ будааст?
Ҳадаф ошкор намудани моҳияти назариёти адабии Абдурраҳмони Ҷомӣ дар бораи қофия ва радиф ва арзёбии таҷрибаи шоирии ӯ дар корбурди ин ду унсури муҳимми сохтори шеъри тоҷикӣ мебошад. Ва муҳаққиқи ҷавон дар меҳвари асосии таҳқиқоти худ ҳалли вазифаҳое, аз қабили муайян намудани моҳияти назариёти адабии Абдурраҳмони Ҷомӣ оид ба қофия ва радиф дар такя ба осори манзум ва назарии ӯ ва дар ин замина ошкор сохтани хусусиятҳои фарқкунандаи дидгоҳҳои ӯ оид ба ин масъала; ошкор сохтани моҳияти ҳунарии назариёти адабии Ҷомӣ оид ба нақш ва ҷойгоҳи қофияву радиф дар шеъри тоҷикӣ; шинохт ва арзёбии мавқеи қофия ва радиф дар ғазалиёти Ҷомӣ; ошкор ва мушаххас намудани заминаҳои ҳунарии ғаномандии қофия дар ғазалиёти шоир; ошкор сохтани ҳунари мазмунсозӣ ва маъниофаринии Ҷомӣ дар корбурди қофия ва радиф дар ғазалҳояш; мушаххас намудани тарзи корбурди унсурҳои қофиясоз дар ғазалиёти Ҷомӣ; арзёбии радиф ва махсусиятҳои истифодаи он дар заминаи таҷрибаи ғазалсароии шоир; таҳлил ва арзёбии қофия ва радиф ҳамчун маҷмуи сохтории шаклию мундариҷавӣ ва зебоишинохтӣ дар ғазалиёти Ҷомӣ; таҳқиқ кардани хусусиятҳои тарзи радифандешии шоир дар заминаи ташаккул ва таҳаввули корбурди навъии он; муайян ва мушаххас намудани суннатгароиҳо, суннатшиканиҳо ва тозакориҳои шоир дар ин замина; муайян намудани нақши мусиқоӣ, зебоишинохтӣ, таносуби шаклию мундариҷавӣ ва илқои мафҳум ба василаи оҳанги калимаҳои қофияшаванда дар таҷрибаи қофияандешии Ҷомӣ ва ғайра.
Назар Баҳрулло дар таълифи диссертатсия нашрҳои гуногуни осори Абдурраҳмони Ҷомӣ, аз ҷумла Девони Ҷомӣ, адабиёти оид ба ҳаёт ва фаъолияти адабии ӯ, мавод оид ба тарҷумаи ҳол, давраи зиндагӣ, муҳити адабӣ, осори таҳқиқии доир ба эҷодиёташ анҷомгирифта, намунаҳои осори адабӣ ва назарии муосирони Ҷомӣ, ёддоштҳо, мактубҳо, қомусҳои соҳавӣ ва адабиёти дигари илмиро чун сарчашмаи аслии таҳқиқот қарор додааст.
Ин пажӯҳиш аз кадом вижагиҳое бархӯрдор аст, ки муҳим дониста шудааст?
Дар таҳқиқот бори аввал масъалаи назариёти Ҷомӣ дар бораи қофия ва нақшу ҷойгоҳи он дар ғазалиёти шоир ба сурати монографӣ мавриди таҳқиқ ва арзёбии ҷомеъ қарор гирифтааст. Дар мавриди моҳияти назариёти Ҷомӣ дар бораи қофия ва радиф ва нақшу мақоми онҳо дар ғазалиёти шоир то ҳол сухани дақиқу ҷолибу ҷамъбасткунанда гуфта нашудааст. Бинобар ин, пажӯҳишгари ҷавон талош кардааст масъалаи рози пайвастагии шеър ва қофияву радиф ва мақоми онро дар эҷоди зебоии шеър дар мисоли ғазалиёти Ҷомӣ таҳқиқ карда, равиши асосии эҷодӣ ва ҳунарии шоирро дар ин замина муайян ва мушаххас созад.
Рисола аз муқадимаву хулоса ва се боб иборат буда, назарияи Ҷомӣ ба нақш ва ҷойгоҳи қафия ва радиф дар шеър, қофия ва нақши он дар ғалаёти Ҷомӣ, радия ва таҳаввулоти он адр ғазалиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ таҳқиқ шудааст.
Ба ҳамкорамон Назар Баҳрулло барои расидан ба қуллаҳои дигари илм ва идомаи пажӯҳишҳои судмандаш барои ривоҷу равнақи филологияи тоҷик комёбиҳо орзу мекунем.
Б.Шафеъ