Таҳқиқот дар бораи як деҳа. “Дарғ дар масири таърих”
Чунин ном дорад асари таҳқиқотии пурарзизи Мунаввари Сафар, ки ахиран рӯи чоп омадааст. Муаллиф бо ин иқтибос аз суханони Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобро ҳусни оғоз бахшидааст: «Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахуст аҷдодонамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом бум ошиён доштанд? Ташаккули тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад»?
«Дарғ дар масири таърих» рисолаи тадқиқотиест, ки ба таърихи қадимаи яке аз рустоҳои тоҷикистони соҳибистиклол – Дарғи Шариф бахшида шудааст. Муаллиф дар асоси сарчашмаҳои муътамад – сангнигораҳо, сангнавиштаи аз қабристон ёфтшуда ва асарҳои олимону муаррихони дохиливу хориҷӣ, ҷуғрофияи пеш аз исломӣ, матни Авастову дигар китобҳои бостонӣ, ки Дарғ ҳамчун зодгоҳи абарпаёмбари ориёиҳо – Зардушт зикр шудааст, маълумот медиҳад.
Чун илми бастоншиносӣ дар асоси технологияи ҳозиразамон рушд ёфта, ба як илми дақиқ табдил ёфтааст, хуб мешуд, ки бостоншиносони дохиливу хориҷӣ дар ин мавзеи муҳим таърихи ҳафриёт гузаронанд.
Рисолаи мазкур дар бораи футуҳоти исломӣ дар водии Зарафшон ва катибае аз қаъри асрҳо, ки аз қабристони деҳаи Дарғ ёфт шудаасту таърихи беш 1290 солро дорад, ҳамчунин оид ба тагобу мазорҳо, васиқаҳо, бунёди масҷиди ҷомеъ, Ҳазрати Мулло мактабу мактабдорӣ қабл аз инқилоб ба хонанда маълумоти арзишманд пешниҳод менамоянд.
Дар китоб, ҳамчунин, перомуни ташкили сохти колхозӣ, мактаби нав ва маҳви бесаводӣ, аввалин омӯзгорону хонандагон, иштирокчиёни ҶБВ, барқароркунадагони сохти конститутсионӣ, олимону зиёиён ва саҳми ҷавонмардони ба ору номус, муҳоҷирон ва зодагону сокинони Дарғи Шариф дар ободониву шукуфоии он маълумоти мухтасар оварда шудааст .
Китоб ҷанбаи омӯзишӣ дошта, барои муаррихон, бостоншиносон, пажӯҳишгарон ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Ин китобро хонандагон метавонанд дар Китобхонаи Миллӣ мутолиа намоянд.
Фарзона ШАРИФОВА, мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.