Тахфифи 50% китобҳо бахшида ба Рўзи ҳифзи кўдакон

Рўзи ҳифзи кўдакон1-уми майи соли  2023 соати 9:00 дар Маҷмаааи табу нашри «Шарқи озод» иқдоми намоиш-фурӯши китоб баргузор гардид, ки дар он асосан китобҳои кўдакона ба фурўш гузошта шуд. Корманди Китобхонаи миллӣ низ дар ин иқдом, ки ташаббускори он раиси ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии “Истиқбол” Латофати Кенҷа буд, иштирок кард. Латофат Кенҷаева дар суҳбат бо ҳамкори мо гуфт:

– Саҳни бинои маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» аз субҳ пуродам буд, мардум баҳри харидории китобҳо омада, на як дона, чорто-панҷто харидорӣ намуданд. Аз кўдакистонҳо, боғчаҳои кўдакон, мактабу литсейҳо ва гимназияҳо бисёр кўдакону наврасон омаданд ва хеле китобҳо бо нархи арзон хариданд. Тавре шумо мушоҳида кардед, шоирону нависандагони номдори кишвар ба харидорони китобҳояшон имзо навиштанд. Ин кор онҳоро ҳавасманд менамояд, то китобҳои харидаашонро мутолиа намоянд.

Камол-Насрулло

Намоиш – фурӯши 160 номгӯ китоби зебову рангаи”Истиқбол” ба даҳ забони дунё бо иштироки шоиру нависандагони маҳбуб ва шинохта Камол Насрулло, Абдулҳамид Самад, Раҳмат Назрӣ, Абдурофеъ Рабизод, Абдусаттори Раҳмон ва дигарон дар саҳни маҷмааи “Шарқи Озод”  доир гардид.

Ҳар касе китобҳои ин адибонро мехарид, онҳо ба он китобҳо орзуву таманноҳои нек навишта имзо мегузоштанд. Пас аз тамошо ва харидани китобҳои бачагона аз Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло андешаҳояшро доир ба ин иқдом пурсидам.

– Созмони «Истиқбол» чандин сол аст, чунин корҳои хубро барои кўдакон мекунад ва ин китобҳо дастраси кўдакон мегарданд. Ин созмон як маҳбубият дар байни мардум дорад. Дар замоне, ки мардум воқеан аз китоб дур шудан доранд, чунин ибтикорот одамонро ба китобхонӣ ҷалб хоҳад намуд. Моро мардуми дунё бо китоб мешиносанд, мо беҳтарин ганҷуру ганҷинае, ки дорем, китоб аст.

Марҳилае, ки ҳастиву нестии миллати мо дар вартаи ҳалокат буд, устод Садриддин Айнӣ тавассути шеър, китоб, сухан ба дунё исбот карданд, ки тоҷик миллати қадим аст. Миллати моро китоб зинда мекунад. Китоб моро наҷот дод, – гуфт ӯ.

Рўзи-ҳифзи-кўдаконЁдовар мешавем, ки китобҳои ба савдогузоштаи ташкилоти «Истиқбол» на танҳо барои бачагону наврасон пешбинӣ шуда буд. Китобҳо барои бузургсолон низ дар намоиш вуҷуд доштанд, аз ҷумла тарҷумаи романи «Гора»-и нависандаи Ҳинд Робиндронат Такур ва «Ҷен Эйр»-и нависандаи инглис Шарлотта Бронте .

Раҳима АЗАМ, бахши
матбуот в аробита бо ҷомеа.