“Таҳлили дискурси компютерӣ ва вижагиҳои забони он”

вижагиҳои забонМуаллиф Бахтовар Шамсов дар ин китоб дар бораи як зуҳури нави илми замони муосир, яъне дискурси компютерӣ сухан рондааст. Ҳамчунин, перомуни заминаҳои пайдоиш ва рушди минбаъдаи дискурси компютерӣ ва таъсири он ба забон ва тафаккури истифодабарандагони технологияи иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу баррасиҳо аз ҷониби муаллиф оварда шудааст.

Муаллиф китоби худро барои доираи васеи хонандагон пешниҳод кардааст.

Дар сарсухан муаллиф нуктаҳои муҳим, ки дар монографияи мазкур мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд, б аин тартиб овардааст:

  1. Муоширати шабакавии компютерӣ дар фазои воқеии мухобирот ва фазои маҷозии интернет тавассути воситаҳои техникӣ сурат мегирад ва тавассути фаъоляти нутқи тарафҳои муошират вижагиҳои махсус пайдо мекунад. Ин фазо ҳамчун соҳаи махсуси амалкарди дискурси компютерӣ дорои хусусиятҳои ҷудогонаи иҷтимоию фарҳангӣ буда, аз лиҳози ҷуғрофию маъмурӣ беҳудуд муаррифӣ карда мешавад;
  2. Муоширати компютерӣ дар фазои муайян, дар шабакаҳои умумиҷаҳонӣ, дар шабакаи интернетӣ ҳамчун сигнали махсуси забониву мухобирот хидмат мекунад;
  3. Вижагиҳои забонии дискурси компютерӣ як навъи махсуси муоширати компютерӣ буда, тавассути шабакаҳои интернетӣ гуфтугўйи ду шахс ва муоширати муназзаму пайдарҳами онҳоро ташкил медиҳад;
  4. Дискурси компютерӣ ҳамчун низоми махсуси нутқ ва муошират фаҳмида мешавад, ки ба аломатҳои умумидискурси худ аз дигар намудҳои муошират фарқ карда, ҳаракати пайвастаи босурьат ва тағйирпазир дорад;
  5. Дар асоси ҳамин гуна таснифи вижагиҳои дискурси компютерӣ мафҳумҳои дигаре, ки мутаносибан ба ҳамин навь истифодаи сигнали махсуси мухобирот, яъне муоширати электронӣ марбутанд, дида мешавад;
  6. Дар робита ба масъалаи бозии видеоӣ ҳамчун маҳсули технологияҳои иттилоотӣ ва компютерӣ ҳаминро ҳам бояд зикр кард, ки дар баробари рушди саноати бозиҳои видеоӣ, дар технологияи компютерӣ низ муодилаи гуногуни он ба шакли махсуси дискурсивӣ муаррифи мешавад;
  7. Таҳлилу баррасии матнҳои махсуси дискурси компютерӣ чунин қонунияти ҷолиберо нишон медиҳад, ки дараҷаи истифодаи дискурси компютерӣ дар онҳо бевосита аз сатҳи технологияи иттилоотӣ ва компютеркунонии кишвар ба ҷомеа робитаи ногустанӣ дорад.

Китоби мазкур, ки дар доираи як кори таҳқиқотӣ таҳия шудааст, барои ҷустуҷўҳои нав ва татбиқи барномаҳои таълимӣ ва таҳияи маводи таълимӣ дар самту риштаҳои дахлдор метавонад истифода гардад.

Хонандагони хоҳишманд метавонанд китоби “Таҳлили дискурси компютерӣ ва вижагиҳои забони он”-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Таҳминаи Маҷид,
мутахассиси пешбари
шуъбаи нигоҳдории китоб.