Таҳлили муқоисавии технологияи рангпардозии чарм дар “Баён-с-синоот” ва ҳунарҳои суннатии тоҷикон
Дар таърихи илму фарҳанги ниёгони мо чеҳраҳое ҳастанд, ки бо доманаи васеи дониши худ чандин соҳаро фаро гирифтаанд. Яке аз чунин ситораҳои дурахшон Ҳубайш ибни Иброҳим ибни Муҳаммади Тифлисӣ (машҳур бо кунияи Абулфазл ва лақаби Камолиддин) мебошад. Ӯ ҳамчун шайхи адиб ва олими забардаст дар соҳаҳои луғатшиносӣ, тиб, нуҷум ва тафсири Қуръон нақши босазо гузоштааст.
Ҳубайш аслан зодаи шаҳри Тифлис — пойтахти Гурҷистон буда, тахминан соли 1121 ба дунё омадааст. Ӯ дар хонаводаи аҳли илм ба воя расида, падараш аз ҷумлаи уламои номдори Тифлис ба шумор мерафт. Бинобар вазъияти печидаи сиёсии он замон, хонаводаи онҳо ба Осиёи Сағир (Рум) кӯч баста, дар шаҳри Қуния (Кония) муқимӣ шуданд. Маҳз ба ҳамин хотир, олим дар баъзе осораш нисбаи худро «ал-Қунавӣ» зикр кардааст, вале баъзе нусханависон онро ба хато «ал-Ғазнавӣ» сабт намудаанд.
Давраи камолоти илмии ӯ ба замони ҳукмронии султони Салҷуқиёни Рум – Қлич Арслони II ибни Масъуд (1155-1192) рост меояд. Муҳаққиқи барҷастаи осори ӯ Эраҷ Афшор қайд мекунад, ки қисми зиёди таълифоти Ҳубайш маҳз бо амр ё ба номи ин подшоҳ тасниф шудаанд. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ва таҳқиқотӣ Г.П. Михалевич, вафоти Ҳубайшро ҳудуди солҳои 1200 ё 1204 зикр кардаанд.
Мероси адабиву илмии Тифлисӣ бисёр ғанӣ буда, бо забонҳои арабӣ ва форсӣ-тоҷикӣ таълиф ёфтааст. Аз 29 асари ӯ соҳаҳои зеринро метавон ҷудо кард:
- Тиб ва табиатшиносӣ: «Кифояту-т-тиб», «Баёну-с-синоот», «Тақвиму-л-адвия», «Сиҳату-л-абдон».
- Улуми қуръонӣ ва луғат: «Ҷавомеъу-л-баён дар тарҷумони Қуръон», «Вуҷуҳу-л-Қуръон», «Қонуну-л-адаб» ва «Қавофӣ».
- Нуҷум ва таъбир: «Комилу-т-таъбир», «Баёну-н-нуҷум», «Малҳамаи Дониёл».
Омӯзиши осори Ҳубайш имкон медиҳад, ки мо бо сатҳи рушди илм дар асрҳои XI–XII ва иртиботи фарҳангии минтақаҳои Қафқозу Рум ва Мовароуннаҳру Хуросон бештар ошно шавем.
Таърихи илмҳои амалӣ ва ҳунарҳои истеҳсолии асримиёнагӣ бидуни омӯзиши сарчашмаҳои хаттӣ нокомил мемонад. Дар ин миён асари «Баёну-с-синоот»-и Ҳубайши Тифлисӣ ҷойгоҳи вижа дорад. Ин китоб на танҳо як дастури одии ҳунармандӣ, балки як донишномаи (энсиклопедияи) илмҳои амалии замони худ маҳсуб меёбад. Муаллиф кӯшидааст, ки дониши илмиро ба шакли мухтасар, равшан ва амалӣ пешниҳод намояд. Китоб аз 20 боб иборат буда, масоили кимиё, ҷавоҳирсозӣ, рангкунӣ ва технологияи коркарди ашёро фаро мегирад.
1 Сарчашмаҳои набототии рангҳо ва таҷрибаи мардумӣ.
Рангпардозии пӯст дар соҳаи чармгарии суннатӣ бештар ба истифодаи решаву танаи буттаҳо ва дарахтон такя мекард. С.Б. Самадов бо истинод ба С. Шердилова ва С. Аловатшоева ёдовар мешавад, ки дар соҳаи чармгарии суннатӣ бештар решаву танаи буттаву дарахтон ва гиёҳҳои гуногун, аз қабили решаи бодом, настаран, бед ва ғайра мавриди истифода қарор мегирифтанд.
Муҳаққиқон бар ин боваранд, ки дар табиати Тоҷикистон манбаъҳои рангҳои зиёде мавҷуданд. Масалан, аз буттаву рустаниҳо ва дарахтони мухталифе, ки дар дашту кӯҳҳо ва саҳроҳо мерӯянд, рангҳои гуногун ҳосил мешаванд:
Аз арча – ранги сабз;
Аз бехпиёз ва чормағз – ранги ҷигарӣ ва сабз;
Аз шилха, испарак ва зирк – ранги зард;
Аз испанд ва рӯян – ранги сурх;
Аз анор – ранги зарди сабзтоб.
Дар рангдиҳии чарму мӯина аз ин гуна ашё васеъ истифода мешуд. Вале барои тозаву омода кардани пӯст ҷиҳати истифода дар созҳои мусиқӣ, аз қабили даф ва дойра, лозим аст, ки онро аввал бар замин тунук карда, қисмати мӯинаашро бо об тар намоянд ва сипас намак пошида, онро тавре печонанд, ки ба мӯина ҳаво нарасад. Баъди як ё ду рӯзи мулоим шудан, мӯина аз пӯст ба осонӣ ҷудо ва тоза карда мешавад.
Истифодаи ин маводҳо нишон медиҳад, ки ҳунармандони тоҷик хосиятҳои моддии набототро ба хубӣ медонистанд ва онҳоро дар равандҳои технологӣ кор фармуда метавонистанд.
2 Сабки мухталифи рангзанӣ ва шеваҳои минтақавӣ.
Сабки ранг задани чарм ба ниёкони халқи тоҷик аз замонҳои дур маълум буд. Академик Юсуфшоҳ Ёқубов қайд мекунад, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ муайян гардид, ки истифодаи ранг дар коркарди чарм аллакай дар Суғди Бостон роиҷ будааст. Зеро, бештари ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ аз бойгонии Деваштич дар чармҳои ранга навишта шудаанд.
Таҷрибаи водии Зарафшон: Дар болооби Зарафшон рангҳои аз наботот тайёршударо то солҳои 70-уми асри гузашта истифода мебурданд. Масалан, решаи зардолуи пайвандношударо майда карда, чанд соат меҷӯшониданд ва пас аз муътадил шуданаш пӯстро ба муддати 8-10 рӯз дар он маҳлул мехобониданд, ки дар натиҷа чарм ранги сурх мегирифт.
Таҷрибаи Дарвоз: Ҳ. Пирумшоев усулҳои ранг заданро дар кӯҳистони Дарвоз таҳқиқ намуда, мегӯяд, ки ранги сиёҳро аз пӯчоқи анор ва хокаи оҳан мегирифтанд.
III. Химияи амалӣ дар «Баёну-с-синоот» ва таҳлили кимиёвӣ.
Ҳубайши Тифлисӣ на танҳо хосиятҳои зоҳирии ашёро шарҳ медиҳад, балки равандҳои коркардро бо тавсифи амалӣ пешниҳод мекунад. Яке аз усулҳои пешниҳодкардаи ӯ истифодаи зардолуи турш барои «бурдани ранг» мебошад.
Ин равандро дар санъати кимиёи муосир чунин шарҳ додан мумкин аст:
- Реаксияи Таннинҳо. Пӯсти анор ва чормағз дорои кислотаи таннин (бо хосияти сахткунанда ё даббоғӣ) мебошанд: (C76H52O46)
Ҳангоми илова кардани хокаи оҳан: Fe
реаксияи кимиёвӣ сурат гирифта, таннати оҳан (пайвасти мураккаби оҳан бо таннин) ҳосил мешавад, ки ранги сиёҳи доимиро таъмин мекунад:
Tannin +Fe3+→ Iron tannate (Fe-tannin complex)
- Нақши замч (зок). Замч молекулаи кимиёвӣ дорад:
K Al(SO4)∙12H2O.
Ҳамчун «мордант» (пайвандгар) низ хизмат мекунад. Он молекулаҳои рангро ба нахҳои сафедаи пӯст (коллаген) сахт мепайвандад.
- Баҳсҳо перомуни технологияи дуддиҳӣ.
Дар масъалаи дуддиҳӣ миёни муҳаққиқон ва устоҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад. С. Б. Самадов ба нақл аз корманди Институти таърихи АИ РСС Тоҷикистон И. Муҳиддинов нигоштааст, ки баъзе устоҳо чармро ба василаи дуд низ ранг медодаанд. Танӯрро бо саргини хушки зиёд пур карда, оташро тавре дармегиронданд, ки аз он дуди зиёд ҳосил шавад. Дуд ба воситаи дудбарои махсусе берун мебаромад, ки усто ба рӯйи он чарми қаблан равғанмолидашударо медошт. Вақте чарм аз осори дуд сиёҳ мешуд, онро молиш медоданд. Ин амалиёт даҳҳо маротиба такрор ёфта, чарм ба худ ранги сиёҳи баланд гирифта, ҷило медод.
Аммо усто Фазлиддин Саидов ба ин бовар аст, ки дуддиҳӣ барои афзоиши хосияти ёзандагӣ (эластикӣ) ва мустаҳкамӣ аст, на рангдиҳӣ. Вай барои сиёҳ кардани чарм пешниҳод намуда, ки чармро дар зарфи чӯбин ба ранг хобонанд, зеро зарфи оҳанӣ аз худ занг ҷудо мекунад. Баъди рангро ба худ ҷабидан чармро аз нав барои хушк шудан овезон мекарданд.
- Технологияи «кемух» ва ороиши чарм.
Тибқи ахбори Парамонова И. А. яке аз амалиёти асосӣ дар коркарди пӯст омода намудани «кемух» (чарми сабз) буд. Барои омода кардани он ба рӯи пӯст тарошаҳои мисии омехта бо маргимуш ва маҳлули махсус мепошиданд. Сухарева О. А. қайд мекунад, ки пӯстҳоро дар жарфнои мураббаи якметра болои ҳам чида, байни қабатҳои он аррамайдаи мис мепошиданд. Онҳо дар умқи замин миёни қабатҳои бӯрё 5-6 моҳ ва ҳатто як сол нигоҳ дошта мешуданд, ки аз таъсири аррамайдаҳои мис ба худ ранги сабзро мегирифтанд.
Хулоса, асари «Баёну-с-синоот»-и Ҳубайши Тифлисӣ яке аз шохистарин сарчашмаҳои форсӣ-тоҷикӣ дар соҳаи кимиёи амалӣ ва технологияҳои ҳунармандии асримиёнагӣ мебошад. Таҳқиқи асар нишон медиҳад, ки усулҳои рангпардозии чарм дар асри XII систематикӣ ва бо донишҳои кимиёвии замон мутобиқ буданд.
Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон асари фавқуззикр бо баргардон ва тавзеҳоти Абдувалӣ Шарифзода, зери назари профессор Ҷумахон Файзализода ва таҳрири Алишер Аминӣ ба нашр мерасонад.
Хонандагон метавонанд китоби «Баёну-с-синоот»-ро пас аз нашр дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Рӯйхати адабиёт:
Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Заминаҳои илмӣ-назариявӣ ва таърихию фалсафии ҳифзи арзишҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» бахшида ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», (Данғара – 8 июни соли 2024). – Душанбе: «Дониш», 2024. – 196 с.
Масов Р., Додихудоева Л. Санъати мардумии Тоҷикистон. – Душанбе, 2011. – 318 с.
Парамонова И. А. О кожевенном искустве в Туркестанском крае. – Москва, 1872. – 151 с.
Пирумшоев Ҳ. Таърихи Дарвоз (аз қадим то замони муосир). – Душанбе, 2008. – 704 с.
Сухарева О. А. Позднефеодальный город Бухара. – Ташкент, 1962. – 195 с.
Суҳбати муаллиф бо Саидов Фазлиддин (усто Фазлиддин) аз деҳаи Давлатшоёни ноҳияи Темурмалик (тав. 01. 01. 1957). – 2021. – 4 феврал.
Шарифзода А. Қ. Инъикоси химияи амалӣ ва технологияи ҳунармандӣ дар “Баёну-с-синоот”-и Ҳубаши Тифлисӣ // Муаррих. № 2(26). – Душанбе, Дониш, 2021- С. 135-146.
Орзуҷон ИСКАНДАРОВ,
сардори Маркази “Тоҷикшиносӣ”,
Муҳаммадвалӣ ЗИЁЕВ,
сармутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”