Таҷлил аз 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз (20.02.2026) бо ибтикори шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ ва шуъбаи хидматраоснӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд дар ҳошияи чорабинии идона 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

Маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони “Артиш сипари боэътимоди давлату миллат” доир шуда, дар он  сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Тоҷикистон, аъзоёни шуъбаи махсус ва кормандони Китобхона иштирок намуданд.

Муҳаммадиқбол АтозодаДар расми ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ Муҳаммадиқбол Атозода муовини директори Китобхонаи миллӣ суханронӣ карда, ҳозиринро ба ҷашни мардонагӣ, сулҳу субот амният ва осоиштагӣ шодбош гуфт. Изҳор дошта шуд, ки маҳз ин дастоварди муҳими давлатдорӣ буд, ки дар рӯзҳои сангин Ватанро аз вартаи фалокат наҷот дод. Дар он солҳои нобасомонӣ мо ба чунин як қувва сахт ниёз доштем ва тавонистем онро созмон дода, Ватанамонро ҳифз кунем. Бо шарофати ҷоннисориву корнамоиҳои ин ҳомиёни Ватан ҳар як сокини кишвар дар фазои осоишта ва эмин аз ҳар гуна хавфу хатар зиндагӣ ва фаъолият доранд.

Сипас, Солеҳзода Фатҳулло полковники Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, ҳозиринро муборакбод намуд. Мо имрӯз ба яке аз артишҳои пурқувват табдил ёфтаем ва барои ҳифзу амнияти ин кишвар ва ин сарзамин ҷони худро дареғ намедорем.

Дар идома Раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавқат Мирзоев суханронӣ карда, аз таърихи артиш ва рушду ташаккули он ҳарф зад. Гуфта шуд, ки барои ташаккулёбии ҳар як қисми ин ниҳоди қудратманд ҳар яки мо саҳм гузошта метавонем. Фарзандони мову шумо дар гӯшаҳои дурдасттарин адои хизмати Ватан мекунанд, ки ин қарзи фарзандии ҳар яки мост.

Узви Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон Элдар Қудратов низ дар идомаи ҳамоиш аз муқаддасоти давлату давлатдорӣ ва сулҳу амнияти сартосарӣ сухан гуфта, ҳифзи ҳар як порчаи онро вазифаи ҷонии ҳар фарди тоҷикистонӣ арзёбӣ намуд.

Дар қисмати дигари ҳамоиш барномаи фарҳангии рангин пешниҳоди ҳозирин карда шуд. Дар он хурдсолон рақсу сурудхонӣ карда, сарбозон бо ҳаяҷони зиёд аз рӯзҳои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл карданд. Инчунин хонандагони фаъоли шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ бо рақсу сурудҳои ҷаззоб хотири ҷамъомадагонро шод намуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷанговари интернатсионалист, санъатшинос Сайфиддини Тудаӣ Сипоснома тақдим карда шуд, инчунин Сайфиддини Тудаӣ ба муносибати ин ҷашни муҳим 33-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон “Осори мунтахаб” китоб тозанашри худро ба Китобхонаи миллӣ тақдим кард.

Наргис НАЗАРЗОДА,
Бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа