Таҷлили 1045-солагии ҳаким Абуалӣ ибни Сино дар доираи як ҳамоиши илмию маърифатӣ
1-уми августи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” бахшида ба Иди касбии табибони Тоҷикистон, 1045-солагии зодрӯзи олим, файласуф, ҳакиму табиби ҳозиқ ва фарзанди баруманди миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино ҳамоиши илмию маърифатӣ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиши илмӣ директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Саломуддин Юсуфӣ, устодону мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустии мамлакат, роҳбари “Иттиҳодияи табибони ҷавони Тоҷикистон” Бобоҷон Сафаралиев, табибони ҷавону умедбахш ва муҳаққиқони ҷавони риштаҳои гуногуни соҳаи тиб иштирок ва суханронӣ намуданд.намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш профессор Ҷумахон Файзализода суханрони карда, иброз дошт, ки “Шайхурраис ибни Сино яке аз бузургтарин мутафаккирони асри XI мебошад, ки на танҳо дар доираи илми тиб, балки дар фалсафа, мантиқ ва илмҳои риёзию таббӣ ба баландтарин сатҳ расидааст. Осори ӯ, аз ҷумла «Қонуни тиб» ва «Китоби Шифо» то имрӯз яке аз сарчашмаҳои бунёдӣ ва муътамади илми тиб дар ҷаҳон маҳсуб мешаванд”.
Номбурда осори насриву назмиашро ба забони модариаш – тоҷикӣ ва ҳам ба забони илмии давр – арабӣ эҷод кардааст, ки ин асарҳо то имрӯз арзиши басо бузурги таърихӣ, фарҳангӣ ва илмию амалӣ доранд.
“Синои бузург аксарияти донишҳои бунёдии худро аз Китобхонаи Савонеҳулҳикмат гирифтааст. Яъне, Сино парвардаи китобхона аст ва ҳар кадоми мову шумо бояд донем, ки аз ин даргоҳи бузург, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат бунёд шудааст, боз ҳам синоҳои дигар падид омада, барои миллати тоҷик ва башарият хидмат мекунанд”-илова кард Ҷумахон Файзализода директори Китобхонаи миллӣ
Сипас, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Саломуддин Юсуфӣ ба сухан баромада, гуфт, ки “Абуалӣ ибни Сино илми тибро на ҳамчун як фан, балки ҳамчун як санъати ҳаёт ва ифодаи тамомияти инсон медид. Тиб барои ӯ ҳеҷ гоҳ танҳо ҷустуҷӯи дору ва табобат набуд, балки шинохти амиқи муносибати инсон бо муҳити атроф ва нигоҳдории саломатии ҷисму равон буд.
Вақте, ки инсоният бо мушкилоти муосири тиббӣ ва ҷаҳонии саломатӣ, ба мисли бемориҳои сироятӣ, бемориҳои музмин ва таъсири манфии тағйирёбии муҳити зист рӯ ба рӯ аст, нақши мероси ибни Сино беш аз ҳарвақта равшан мешавад“.
Илми тибби муосир бояд роҳҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобатро бар асоси таҷриба ва хиради ниёгони бузург, ба мисли Абуалӣ ибни Сино ва бо истифода аз технологияҳои пешрафта таҳия намояд.
Дар ҳамоиши илмию маърифатӣ роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳоди табибони ҷавони Тоҷикистон” дар такя ба сарчашмаҳои илмии таърихӣ, махсусан китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и Пешвои муаззами миллат маърузаи илмӣ кард. Мавсуф таъкид намуд, ки “Имрӯз он имкониятҳоеро, ки Сарвари маҳбубу ҷавонпарвари кишварамон барои насли ҷавони кишвар муҳайё намудаанд, мо талош мекунем, ки барои рушди маънавият, пешрафти илми тиб ва густариши тавонмандиҳои табибони ҷавони кишвар заҳмати фарогир дошта бошем ва барои милллату давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам синоҳои навинро ато намоем”. Илова бар ин аз ҷониби як қатор мутахассисони варзидаи соҳаи тиб доир ба мақому мартаба ва нақши Абуалӣ ибни Сино дар рушди илми тибби ҷаҳонӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод гардид.
Дар маҷмӯъ, бояд гуфт, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмию маърифатӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон мусоидат хоҳанд кард.
Китобхонаи миллӣ ҳамчун Муассисаи бузурги илмӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва таҳқиқотӣ пайваста талош мекунад, то барои гирдоварӣ ва зинда нигоҳ доштани меросӣ ниёгон ва мавриди истифодаи умум қарор додани онҳо корҳои муҳимеро ба сомон расонад.
Дар Тоҷикистон, ки мероси пурғановати илмӣ ва адабӣ дорад, мақоми Абуалӣ ибни Сино дар таърихи илми тиб ва фарҳанги миллии мо басо муҳиму таърихист. Осори ӯ заминаи асосии барномаи таълимии донишгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои тадқиқотии кишвар ба шумор меравад.
Дар идомаи ҳамоиш намояндагон аз Донишгощи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино, ки ворисони Синои бузургро барои миллат омода мекунанд, андешаҳои худро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.
Дар поёни нишаст, ки бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор шуд, миёни ширкаткунандагон табодули афкор сурат гирифт.
Наргис НАЗАРЗОДА