Таҷлили 1050-солагии Робиаи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид шуд

Робиаи БалхӣАхиран дар Ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар қатори 65 солгарду ҷашнвораҳо 1050-солагии Робеаи Балхӣ ба Феҳристи солгардҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2026-2027 ворид карда шуд. Ин ҷашнвора аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Афғонистон пешниҳод шудааст.

Робиаи Балхӣ зодаи Балх аст ва аз ҳамасрони маъруфи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакист. Робиа дар ҳусну ҷамол, фазлу камол, зехни тез ва қудрати шоирӣ ба форсӣ, дарию арабӣ машҳур буд. Ӯро дар чавонӣ бо гуноҳи ишқ бародараш дар ҳамом буғ карда мекушад. Ҷавон буд, ки ба Бектош ном ғуломи бародараш дил баст ва ҳамин ишқ пойи ӯро ба марг кашонд. Бародараш аз рашку ҳасад ва аз он ки фарзанди падараш ба ғуломе дил бастааст, ӯро дар буғи тоқатфарсои ҳамом ба ҳалокат расонд.

Ин саргузашти шӯрангез бисёр адибонро ба илхом овардааст. Шоири бузург Аттор (асри ХIII), Ризокулхони Хидоят (асри ХIХ), Гулрухсор дар Тоҷикистон дар асри ХХ дар сӯги ин олиҳаи зебоӣ ва ин шоири хушкалом асарҳо эҷод кардаанд.

Робиа духтари Каъби Қаздорӣ аввалин суханварест аз ҷумлаи занон, ки номи ӯ дар радифи шоирони форсигӯй зикр шудааст. Шайх Аттор дар маснавии «Илоҳинома» достоне аз зиндагии ӯ нақл кардааст.

Ба гуфтаи Аттор Робиа духтари ҳокими Балх буд. Баъди марги падар бародари бузургаш Ҳорис ӯро сарпарастӣ мекард. Робиа ба Бектош ном ғуломи бародараш ошиқ шуд ва дар ишқи ӯ шеър мегуфт. Вақте ки асрори ошиқон фош гардид, бо фармони Ҳорис Робиаро дар ҳаммоми тафсон андохта, раги хунашро буриданд ва ӯ ҳалок шуд. Ризоқулихони Ҳидоят ҳам дар ин мавзӯъ манзумае ба номи «Гулистони Ирам» навиштааст. Шоира халқии Тоҷикистон Гулрухсор низ достоне дар ин бора сурудааст.

Робиа асосан дар сурудани ашъори ошиқона устод буда, шеърҳои ишқии Рудакиро сармашқи худ қарор медодаст. Мегӯянд, ки Робиа дар ҳамом вақти мурдан сари ангушташро хуншор намуда, ба девори ҳамом шеърхо навишт, ки ҳама ошиқона ва пур аз сузу гудоз ва дарду ҳасрат буданд.

Ин шеър аз ӯст:

Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,

Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.

Сабо нофаи мушки Тиббат надошт,

Ҷаҳон бӯйи мушк аз чӣ маъно гирифт.

Магар чашми Маҷнун ба абр андар аст,

Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт.

Ҳаме монад андар ақиқин қадаҳ

Сиришке, ки дар лола маъво гирифт.

Қадаҳ гир чандею дунё магир,

Ки бадбахт шуд, он ки дунё гирифт.

Сари наргиси тоза аз зарру сим

Нишони сари тоҷи Кисро гирифт.

Чу руҳбон шуд андар либоси кабуд,

Бунафша магар дини тарсо гирифт.