Таҷлили 125-солагии Саидалӣ Вализода дар Китобхонаи миллӣ
Бахшида ба 125-солагии шоири маъруфу шахсияти нотакрор устод Саидалӣ Вализода таҳти унвони “Нигоҳи рӯшан ба рӯзгор ва осори устод Саидалӣ Вализода” дар Китобхонаи миллӣ мизи гирд баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур бо ибтикори шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ доир шуд ва дар кори он намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёт ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ ва адабиётшиносону донишмандони саршиноси кишвар иштирок ва ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар расми ифтитоҳи ин ҳамоиш директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода суханронӣ карда, аз шоири мардумӣ ва оҳангсози шинохта Саидалӣ Вализода ёдовар шуд.
– Шоири мардумӣ Саидалӣ Вализода мактаби адабии худро дошт, ки дар он шоирони шинохта, ба монанди Ҳақназар Ғоиб, Саидҷон Ҳакимзода, Ашӯр Сафар ва бисёр дигарон ба камол расидаанд. Бояд гуфт, ки Саидалӣ Вализода донандаи ҳикояву латифа, панду ҳикмат, байту ғазал, достону мазҳакаҳои халқӣ буд, онҳоро худаш ҳам мебофт ва худаш ҳам каҳрамони онҳо мешуд.
Бисёр ширингуфтаҳои шоири халқӣ латифа шуда, то ҳанӯз дар байни мардум машҳур мебошанд. Дар ашъори ӯ шеърҳои ҳаҷвӣ мавқеи хосса доранд. Шоири ҳақиқатгӯ ҳамеша ба муқобили ҳама гуна урфу одатҳои зарарнок—мероси замонҳои гузашта бо яроқи ҳаҷв мубориза бурда, худнамоишдиҳӣ, хурофотпарастӣ, порахӯрӣ, коргурезӣ, бадмастӣ, бемасъулиятӣ, танбалӣ, фиребгарӣ барин рафторҳои ношоистаро зери тозиёнаи ҳаҷву танқид мегирифт.
Сипас, Аъламхон Кучарзода – адабиётшинос, мунаққид, доктори илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба зиндагӣ, осор ва мактаби адабиву фарҳангии Саидалӣ Вализода андешаҳои худро баён дошт. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки Саидалӣ Вализода дорои мактаби фарҳангии худ буд, ва дар ин мактаб даҳҳо шоирону нависандагон сабақ гирифтаанд.Махсусияти асосии осори ӯ ин воқеӣ будани онҳост. Дар ҳар як ҳикояву латифа, панду ҳикмат, байту ғазал, достону мазҳакаҳои халқӣ ӯ зиндагии мардуми одиро тасвир кардааст ва ин ҳама бо забони содаву равон навишта шудаанд.
Ин адабиётшинос аз вохӯриҳои худ бо С.Вализода ёд карда, бо хушнудӣ аз хоксорӣ, маърифатӣ баланд ва нутқи шеваю равони шоир сухан гуфт.
То имрӯз китобу осори Устод Вализода бо номҳои “Таронаҳо” (соли 1949), “Нозими Ватан” (соли 1959), “Дар водии меҳнат” (соли 1955), “Ду додарон” (соли 1960), “Шеърҳо ва достонҳо” (соли 1965), “Ошиқи баҳор” (соли 1970), “Чашмаи илҳом” (соли 1971) тарҷумаи русии “Ашъори мунтахаб” ба дасти хонандагон расидаанд, ки метавонанд аз онҳо истифода карда, аз рӯзгори ин шоири тавонои миллат огоҳ гарданд.
Дар идомаи ҳамоиш Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ-мудири бахши адабиёти муосир, номзади илмҳои филологӣ дар мавзуи “Саидалӣ Вализода – нозими Ватан ва вассофи ормони халқ” суханронӣ кард. Вай гуфт: “Эҷодиёти ҳар адиб порае аз таърихи як халқро дар бар гирифта, паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии онро дар як давраи муайяни таърихӣ инъикос менамояд. Аз ин ҷиҳат, адабиёт такмилкунандаи мавзуи фалсафа, равоншиносӣ, иҷтимоиёт ва маънавияти халқҳо маҳсуб мешавад. Осори Саидалӣ Вализода низ ҳамин нақшро барои адабиёти муосири тоҷик ифо карда, таърихи 70-солаи халқи моро таҷассум намудааст. Ба қавли профессор Шарифҷон Ҳусейнзода: “Роҳе, ки адабиёти советии тоҷик тай намудааст, роҳи хеле пуршараф аст. Мо ба ин навъ адабиёт бо назари ифтихормандӣ нигоҳ мекунем, зеро вай таърих ва анъанаҳои комиле дорад, вай нависандагони номие дорад, ки дорои симои махсуси эҷодӣ мебошанд. Таассуф, ки мана ҳамин таҷрибаи бои адабиёти тоҷик, таърихи муборизаҳои он барои тараққии реализми сотсиалистӣ ҳанӯз ба таври ҷиддӣ омӯхта нашудааст”- гуфт, Беҳрузи Забеҳулло.
Беҳрӯзи Забеҳулло ҳамчунин илова кард, ки шоир барои расидан ба ҳаёти осоишта мунтазири муъҷизаи осмонӣ набуд, балки меҳнатро асли бунёди олам ва одами меҳнатдӯстро эъҷозофарини ҳаёт медонист. Беҳуда нест, ки ҳанӯз соли 1968 замоне, ки нахустин бор заминҳои бекорхобидаи Данғара тавассути канал (корез) обёрӣ шуд, дар шеъри “Ояндаи Данғара” ин гуна пешгӯӣ кардааст:
Ман шунидам кори нав, додар, намоён мешавад,
Аз паи шодӣ ба мо шодӣ дучандон мешавад.
Инженери кордоне дар сухан гуфто ба ман,
Данғара гулзори шарқи Тоҷикистон мешавад!.

Ҳамчунин, Муродалӣ Собир, директори Маркази тарғиби адабиёти Иттифоки нависандагони Точикистон дар қисмати дигари нишаст аз латифаҳо ва ҳаҷвияҳои устод Саидалӣ Вализода ба ҳозирин намунаҳо пешниҳод карда, мавқеи онҳоро барои адабиёти имрӯз беназир унвон кард. Ӯ иброз дошт, ки маҳз бо ба эътибор гирифтан ва ҳамаҷониба омӯзиши осор ва рӯзгори ин шоири мардумӣ театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба номи устод Саидалӣ Вализода гузошта шудааст.
Дар ҳамоиш мазкур ҳамчунин наздикону пайвандони шоир иштирок ва аз хотираҳои неки рӯзгори шоир ёд карданд. Хосият Вализода – шоир, фарзанди азизи Саидалӣ Вализода, ки аз падар қаламу коғаз ба мерос гирифтааст, дар ҳамоиш суханронӣ кард.
“Падарам, барои миллат, давлат ва тамоми халқи одӣ то охирин нафас зиндагиву эҷод кардааст. Боре ҳам аз падар гилае аз ноҷӯриҳои зиндагӣ намешунидем, ҳарчанд хеле рӯзҳои сахтро пушти сар карданд, то ба дили мардум роҳ ёфтанд, ки имрӯз баъд аз 125 сол аз ӯ ёд мекунад”,- нақл кард ӯ.
Шоири мардумию ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳамеша дар хизмати халқ буд. Маҳз ин заҳмат, зарофат ва маҳбубияти шоир буд, ки мардуми шарифи тоҷик ҳамеша хотироти шоири маҳбуби худро дар қалбу руҳ нигоҳ медорад.
Дар фарҷоми нишаст пешниҳод гардид, ки барои боз ҳам хубтар омӯхтани паҳлуҳои дигари осори шоир ва ҳофизи халқии Тоҷикистон муҳақиқон ҷалб карда шуда, осори ӯро барои дабиёт ҳифзу нигоҳдорӣ намоянд.
Гуфтанист, ки Саидалӣ Вализода шоир ва ҳофизи ҳалқии тоҷик 10 октябри соли 1900 дар деҳаи Чуқураки ноҳияи Ховалинги вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Зиндагию рӯзгори шоир саропо меҳнат, заҳмат ва кору эҷод мебошад. Ҳарчанд борҳову борҳо таҳти таъқибҳои шовинистӣ қарор дошт, вале бо иродаи қавӣ ва тафаккури воло барои миллаташ, давлати навинаш ва мардуми заҳматкашаш эҷод мекард.
Ҳар марҳилаи эҷодиёти шоир дар худ вожагии адабӣ ва эҷодӣ доранд. Аммо эҷодиёти давраи ҷангии Саидалӣ Вализода ва махсусан достони «Қаҳрамон Саидқул Турдиев» бештар маҳбубият дорад. Дар эҷодиёти солҳои баъдиҷангии Вализода оҳангҳои халқӣ бештар бо анъана ва хусусиятҳои назми хаттӣ қаробат пайдо кардаанд.
Заҳматҳои адабӣ ва эҷодиёти пурмазмуни устод дар самти тарбияи инсони коргару заҳматқарин боис шудааст, ки устодро соли 1943 ба узвияти Иттифоқи нависандагони ИҶШС бипазиранд.
Ҳамзамон, барои бо халқ будан, барои халқ эҷод кардану барои халқ суруданаш ӯ бо ду ордени “Нишони фахрӣ”, унвонҳои Артисти Хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1945), Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1960) ва дигар медалу Ифтихорномаҳо сарфароз шудааст.
Ҳарчанд аз реҳлати устод беш аз ним қарн сипарӣ шудааст, вале зарофати калом, табъи равон ва самимияти эҷодиёти ӯ шоирро ба ҳамосаи дилҳо мубаддал намудааст. Гоҳе эҳсос мешавад, ки инсонҳо дарду мушкилоти худро ба шакли танзу зарофат аз номи устод Вализода баён мекунанд. Яъне, роҳи шоир ва кору эҷоди шоир ҳамеша барои миллату мардумаш мояи хушҳолию сабукиҳо будааст.
Бовар дорем, ки осори устод, ашъори устод ва суруду мусиқиҳои ин сарояндаи дилҳо ҳамеша дар ёдҳо, махзанҳо ва бойгониҳо ҳифз мешаванду барои миллати мо ҷовидон хизмат мекунанд.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа