Таҷлили 85-уми солгарди академик Файзулло Шарифзода дар Китобхоани миллӣ
Ба ифтихори 85-солагии доктори илмҳои педагогӣ, академик Файзулло Шарифзода 18-уми августи соли 2025 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии “Фикр карданро бояд омӯхт” доир гардид.
Конференсияро муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода оғоз бахшида, нақши академик Файзулло Шарифзодаро дар таҳқиқи афкори педагогии мутафаккирони тоҷику форс шоиста арзёбӣ карда, хидматҳои шоёни устодро дар тарѓиби афкори тарбиявии адибони тоҷик, хусусан сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шоиста баҳогузорӣ намуд. Ба гуфтаи Сайфиддин Камолзода Файзулло Шарифзода зимни омӯзишу баррасии осори педагогии устод Рӯдакӣ, кӯшиш кардааст моҳияти ҳадафу ормонҳои ин мутафаккирро дар самти тарбияи инсон, ҷойгоҳи илму фарҳанг, асари рӯзгори гузаштагон дар тарбияи маънавиёти шахсии инсон ошкор сохта, ба ин васила бузургию шаҳомат ва аҳамияти мероси ӯро барои тарбияи насли навраси тоҷик муаррифӣ намояд.
Дар идомаи суҳбаташ Сайфиддин Камолзода аз нақши серсоҳа ва густурдаи академик Файзулло Шарифзода дар рушду нумуъ ва эҳёи педагогикаи муосири тоҷик ва анъанаҳои деринаи педагогикаи тоҷик суҳбат намуд.
Ба ин асос дар саҳифаҳои таърихи мактаб, маориф ва педагогикаи муосири тоҷик академик Файзулло Шарифзода ҳамчун асосгузори таълими ҳамгиро дар Тоҷикистон пазируфта шудааст, изҳор дошт дар поёни суханрониаш муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода.
Профессор Абдусалом Мирализода ба сарвари Китобхонаи миллӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ҷиҳати баргузор намудани ин конференсия изҳори сипос намуд ва иброз дошт, ки академик Файзулло Шарифзода дар Донишгоҳи миллӣ шогирдони зиёде дорад, ки аз баргузории ин маҳфил хабар надоранд. Аз номи ҳама устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ, бахусус устодони кафедраи педагогика ва психология сощибыашнро табрик мекунам.
Дар фаъолияти кориашон устод як умр аз одам шахсият сохтанд. Аз одам то инсон, аз инсон то шахсият масофа зиёд аст. Дар сохтани шахсият шогирдро чун унвонҷӯӣ қабул мекунӣ, ба аспирантура, докторантура қабул мекунӣ, бо ӯ кор мекунӣ, яъне азоби руҳиест, ки тоқат кардан шухӣ нест. Аммо устод сабр кард. Бо устод аз соли 1997 шинос ҳастам. Ҳамроҳ китоби “Педагогикаи касбӣ”-ро нашр кардем, ки имрӯз дар бисёр муассисаҳои таълимӣ ба кор меравад.
Профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров Хайрулло Сабурӣ ҷашни 85-солагии Файзулло Шарифзодаро аз номи тамоми устодон ва ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров табрик гуфт. Мо се нафар шогирдони устод ба ҷашни устод омадем. Бисёр шод ва сарфароз ҳастам, ки китобҳои устодро имрӯз аксари омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ истифода мебаранд.
Сипас доктори илмҳои педагогӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Шозодаиброим Саидиброимов аз номи устодони шаҳри Хоруғ устодро ба ҷашни зодрӯзаш табрик намуд. Баъдан ӯ назарашро доир ба хидматҳои устод дар рушди пешрафташ чун устод ва доктори илм баён намуд:
Агар Шумо намебудед, ман имрӯз чун муҳаққиқи соҳаи педагогика ба дараҷаи доктори илмҳои педагогика намерасидам. Зеро заҳматҳои Шумо ва мактаби илмии Шумо буд, ки мо ба имрӯз расидем. Мо бо Шумо ифтихор мекунем ва ҳамеша дуогӯи Шумо ҳастем.
Академикон Муҳаммад Лутфуллозода, Ирина Каримова, профессорон Муҳаммаддовуд Саломиён, Абдусалом Мирализода, Нафиса Юнусова, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров Хайрулло Сабурӣ, докторони илмҳои педагогӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Саидиброимов Шозодаиброим, дотсенти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Хушвахт Бозоров ва Нозим Нурзода мудири Шуъбаи таҳқиқоти стратегии назди Раёсати АМИТ доир ба паҳлуҳои гуногуни илмиву эҷодии академик Файзулло Шарифзода андешаронӣ намуданд.
Ходими пешбараи илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷамолиддин Саидзода дар ин маҳфил чунин ибрози андеша намуд:
Саййидо беқадр афтодаст дар мулки Бухор,
Тарбият созанд ӯро Толиби Омул шавад.
Ҳамеша донишҷӯ, толибилм, хонанда бояд фикр кунад. Вақте мо фикр мекунем, фикр пуё аст, чизе тавлид мешавад, фикр бедор мешавад. Вақте фикр хоб аст, ҳаракат намекунад, чизе тавлид карда наметавонад. Маҳз навиштаҳои устод Файзулло Шарифзода дар ҳамин қаламрав ҳаракат мекунад ва тавре, ки дар ин ҳамоиш изҳори назар шуд, дастовардҳое, ки устод дар ин қаламрав дорад, барои педагогикаи имрӯзи мо, таълиму тадриси насли ояндаи кишвари мо нақши босазо мегузорад. Шогирдони бисёре, ки устод тарбия кардаанд, рисолаҳои зиёде навиштаанд, кори устодро идома медиҳанд. Мо медонем ҳич ҷомеа бидуни мактаб, бидуни устод, олимони назариявӣ пеш намеравад. Устод на таҳо олими амалия, балки олими назария низ ҳастанд.
Дар маҳфил зикр гардид, ки академик Файзулло Шарифзода дар таълифи китобҳои дарсии «Алифбо», «Забони модарӣ» (барои синфи 4, 1989-2012), «Одобнома» (барои синфҳои 5-6) (1995), «Педагогика ва барномаи таълими он» (2008), «Забони модарӣ барои синфи 2» (2012, 217, 2024), «Методикаи таълими забони модарӣ дар синфи 2» (2014, 2023) дар ҳаммуаллифӣ бо ҳамкасбону шогирдон саҳм гирифтааст.
Мавриди зикр аст, ки зиёда аз 60 нафар аспирант ва унвонҷӯён зери роҳбарии ӯ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ кардаанд.
Барои хидматҳои шоён дар соҳаи маориф Шарифзода Файзулло ба унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» мушарраф гардидааст.
Дар охири нишасти илмӣ-назариявӣ шогирдону дӯстон, пайвандону мухлисон ва ҳамкасбон устодро ба ҷашни зодрӯз табрик намуда, бо туҳфаҳои хотирмон хотири ӯро шод намуданд.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.