Таъкиди Пешвои миллат ба нақши созандаи бонувони кишвар дар рушди ҷомеа
Боиси ифтихор аст, ки масъалаи беҳтаргардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Таърих гувоҳ аст, ки ҷомеаи ҳуқуқбунёд ҳамеша ва дар ҳама давру замон ба нақши зан ва саҳми вай дар рушди тамаддун диққат медиҳад. Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ҳам нақши зан дар идораи давлат, пешбурди корҳои сиёсӣ, фарҳанг, иҷтимоиву иқтисодӣ густариш меёбад. Занон дар ҳама самтҳои фаъолияти хеш муваффақу комёбанд. Истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овардаааст, ки тавассути он зани тоҷик тавонист неруи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзанд.
Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат ёдовар шуданд, ки “мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем.
Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд”.
Ҳукумати кишвар барои таҳсили духтарон дар макотиби олии кишвар зиёд талош мекунад. Чун медонем, ки босавод будани занон ин ободии ҷомеа аст. Тавре дар Паём гуфта шуд, дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон мактабҳои олиро бо квотаҳои президентӣ хатм кардаанд. Пешвои миллат афзуданд, ки аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд. Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд.
Барномаҳои зиёди давлатӣ дар замони Истиқлол амалӣ шуданд, ки дар ҳар кадоми онҳо ба ҷалби бонувон ба корҳои идорӣ, фаъолиятҳои соҳибкорӣ, рушди илму фарҳанг ва ғайра диққат дода шудааст. Дар Паёми ахири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки “зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад. Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.
Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.
Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд.
Маҳз бо шарофати фаъолияти хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азиз имрӯз занону бонувон дар ҳамаи корҳои давлатдорӣ ва сиёсат фаъолона иштирок намуда, дар ҳайати мақомоти қонунбарору иҷроия ва суд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, вазорату муассисаҳои давлатӣ вазифаҳои хеле масъулро ба уҳда доранд, ки ин нишонаи соҳибиззату соҳибэҳтиром будани онҳо дар ҷомеаи муосир мебошад. Ҳамин тариқ, имрӯз ба масъалаи мақом ва нақши зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан талаби замон аст, зеро бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар ҷомеа метавонем бунёди ҷамъияти боадолату тараққикардаро устувор нигоҳ дорем.
Таманно САЛИМОВА,
муовини сардори маркази Тоҷикшиносӣ