“Такмили фонди китобхонаҳои академӣ дар замони муосир: мушкилот ва дурнамо”
Монографияи мазкур ба омўзиши масъалаҳои такмили фондҳои китобхонаҳои академӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ бахшида шудааст. Муаллифон равандҳои муосири интихоби адабиёт, манбаъҳои нави маълумотрасонӣ ва нақши технологияҳои рақамиро дар такмили захираҳои иттилоотии китобхонаҳо таҳлил мекунанд. Дар асоси таҷрибаи китобхонаҳои илмии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ, тавсияҳо ҷиҳати беҳсозии сиёсати мукаммалсозӣ ва мутобиқ кардани он ба талаботи ҷомеаи илмӣ пешниҳод мегарданд.
Муаллифони монография Шодимуҳаммад Суфизода ва Ёдгор Бердизода буда, он барои мутахассисони соҳаи китобдорӣ, муҳаққиқон, донишҷўёни ихтисоси китобдорӣ ва фарҳангшиносӣ муфид дониста шудааст.
Тавре дар сарсухани китоб мехонем, монографияи пешниҳодшуда ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи праблемаҳои такмили фонди китобхонаҳои академӣ дар замони муосир бахшида шудааст. Суолҳои ососие, ки дар ҷараёни тадқиқот баррасӣ мешаванд, инҳоянд: чӣ гуна метавон сиёсати фароҳамоварӣ ва навсозии фонҳои китобхонаҳои илмии мамлакатро беҳтар намуда, онҳоро ба талаботи ҷомеаи имрўза ва меъёрҳои ҷаҳонии иттилоот наздик кард? Кадом ислоҳоту тадбирҳои мушаххас имкон медиҳанд, ки китобхонаҳои академии Тоҷикистон ба талаботи асри XXI мутобиқ гарданд ва рушди илм ва таҳсилоти олӣ мусоидати бештар намоянд? Ҷустуҷўи ҷавоб ба ин суолҳои калидӣ моҳияти таҳқиқоти мазкурро ташкил медиҳад. Ҳадафи асосии пажўҳиши мазкур таҳия ва асоснок намудани роҳҳои илмии беҳтарсозии сиёсати фароҳамоварӣ ва ғанисозии фондҳои китобхонаҳои академии ҷумҳурӣ бо дарназардошти талаботи рўзафзуни ҷомеаи илмӣ ва таҷрибаи пешқадами хориҷӣ мебошад. Дар робита ба ин ҳадаф, масъалаҳо дар бобҳои зерин пеш гузошта шуданд: боби аввал, омўзиши асосҳои назариявӣ ва таърихии фароҳамовари мавод, баррасии рушди таърихии китобхонаҳои академӣ дар Шарқ ва Ғарб, таҳаввули усулҳои пуррагардонии захираҳо ва принсипҳои илмии ташаккули фонд: боби дуюм, таҳлили вазъи кунунӣ ва мушкилоти мавҷудаи фондҳои китобхонаҳои академии Тоҷикистон, шинохта сохтор ва захираҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи АМИТ; муайян намудани мушкилоти асосӣ (молиявӣ, кадрӣ, ҳуқуқӣ, методологӣ, техникӣ) дар раванди фароҳамоварии мавод; боби сеюм, омўзиши таҷрибаи хориҷӣ дар соҳаи такмили фондҳои илмӣ, таҳқиқи намунаҳои муваффақи сиёсати фароҳамоварӣ дар китобхонаҳои академии чанд кишвари интихобшуда (Русия, Эрон, Олмон, Британия) ва арзёбии имкони татбиқи унсурҳои мусбати он дар шароити Тоҷикистон ; боби чаҳорум, механизмҳои инкишофи фароҳамоварӣ ва мукаммалгардонии фонди китобхонаро дар заминаҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ, кадрӣ ва технологӣ дар бар мегирад.
Китоби “Такмили фонди китобхонаҳои академӣ дар замони муосир: мушкилот ва дурнамо”-ро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахасиси пешбари шуъбаи
хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд.