Талаботи замон ё дарди бедаво!

Тараққиёти босуръати техникаву техналогия ба ҷаҳонбинии ҳар як шахс бетаъсир намемонад. Олимони соҳа собит намудаанд, ки на танҳо техникаву техналогия, ҳатто барномаҳои муосири дохили он инсонҳоро мутеъ намудааст. Хосатан, баъди бештари талабот ва хоҳишҳое, ки тавассути он амалӣ мегардад, инсон техникаро нодиртарин ганҷинаи ҳаёти хеш эътироф намудааст. Чунин бармеояд, ки аксари мушкилоти ҳаррўзаи инсонҳо, новобаста аз кору фаъолияташон, бо ёрии технологияи муосир анҷом дода мешавад.

Дар ҳақиқат, агар таҳлил намоем, баръало нақши босуръати он тааҷубовар аст. Агар ба ду даҳсолаи охир баргардем, ба таври возеҳ ва кушоду равшан ба мо аён мегардад, ки чӣ дархост, хоҳ иҷборӣ бошад ва хоҳ озод, барои дастёбӣ ба он на камтар аз як ду рўз сарф мешуд. Имрўзҳо бошад, аз тариқи барномаҳои гуногуни шабакавӣ расонидани ҳар гуна дархосту мавод ба таври автоматӣ сурат мегирад. Ҳеҷ як нафар имрўз бе кўмаки техникаву техналогияи муосири мавҷуда кори худро тасаввур карда наметавонад. Истифодаи имконоти вусъати беканори ин илми замон имрўз ҳамчунин майдони фаъолияти рўзмарраи омма низ гаштааст, қариб шахсе нест, ки дар як шабонарўз аз 2 то 6 соат вақти хешро дар шабакаҳову барномаҳои гуногун нагузаронад.

 Албатта, аз сўи дигар истифодаи таҷҳизоти иттилоотии муосир ба саломатии инсонҳо зарари ҷиддӣ дорад, ки ин масъалаи диққатталаб мебошад. Ҳамарўза вобаста ба он аз тариқи ВАО, чӣ телевизиону радио ва чӣ рўзномаву маҷаллаҳои давлативу хусусӣ, барномаву мақолаҳои таҳлилӣ пешниҳод мешавад, ки ҳар яки мо огоҳ ҳастем. Новобаста аз ин таваҷҷуҳ ва меҳри мо аз таҷҳизоти техникаву техналогӣ дур ва коста намешавад. Маҳдуд кардани он миёни мардум дер шудааст, кори басе мушкилу норавост, зеро мо дар асри пешравии техникаву технология зиндагӣ мекунем ва маҳз бо истифодаи он фаъолияти ҳамарўза дорем.

 Танҳо паҳлўҳои ба саломатии инсон зарардоштаи таҷҳизотро ба инобат гирифта, бояд шахс соатҳои истифодабарии ҳамагуна техникаро дар давоми рўз ба таври фаврӣ камтар кунад ва фақат ҳангоми зарурияти корӣ ба ў муроҷиат намояд. Дигар мушкилиҳоеро, ки чӣ дар соҳаи илм ва чӣ дар дигар соҳаҳо рў ба рў мешавем, бояд кўшиш намоем, ки бидуни истифодаи шабакаву барномаҳои гуногуни соҳаи техналогияи муосир ҳаллу фасл намоем. Масалан, имрўзҳо бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт китобҳо ба чоп мерасанд. Аз ин рў, биёед бештар аз имкониятҳои мавҷудаи ҳаёти воқеии хеш истифода намоем!

 

 Абдуғаюр Саломов,

Сармутахассиси шуъбаи

адабиёти хориҷӣ.