Тараннумгари ормонҳои Ватан
Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии Тоҷикситон, барандаи Ҷоизаи адабии давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Мирзо Турсунзода суханвари мумтози халқи тоҷик, шодравон Гулназар Келдӣ ба синни 80 расид. Ӯ 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, мактаби миёнаи ҳамин деҳаро соли 1961 бо нишони тилло хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистони ба номи В.И.Ленин дохил шуда, бо дипломи сурх соли 1966 хатм намудааст.
Дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” фаъолияти меҳнатиашро оғоз намуда, то мақоми муовини сармуҳаррири он расида, минбаъд дар маҷаллаҳои “Садои Шарқ”, “Пайваанд”, ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” рӯзномаи “Ваҳдат” кору эҷод карда, дар пешрафту инкишофи назми муосири тоҷик саҳми калон гузоштааст.
Гулназар Келдӣ дар тарғиби сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони Истиқлол, тарбияи рӯзноманигорону адибони ҷавон хидматҳои шоиста дорад. Истеъдод ва маҳорати адабӣ, шуҷоат ва матонати инсонӣ, хусусан дар солҳои барои халқу кишварамон душвор аз имтиҳони ҷиддии мардум гузашта, дар шеърҳо, суханрониҳо ва фаъолияти ҷамъиятиву касбӣ ҳамеша аз мавқеи манфиати ҷомеа ва давлат саҳми арзандаи худро гузоштааст.
Шеърҳои аввалини ӯ ҳангоми шогирди мактаби миёна буданаш ба табъ расидааст. Маҷмӯаи нахустин шеърҳояш соли 1969 интишор ёфтааст. Чун адиби маъруф дар рушди адабиёти муосир хидматҳои шоиста карда ва осораш барои дар руҳи ватандӯстию худшиносӣ, бузургдошти хоки кишвар, парастиши муҳаббати пок, эҳтироми бузургону волотарин ормонҳои миллӣ тарбияи мардум нақши назаррас дорад.
Маҷмӯаҳои ашъори Гулназар Келдӣ барои бачагон низ интишор ёфтааст, ки ин як туҳфаи гаронарзише барои кӯдакону наврасони ҷумҳурӣ буд. Ӯ аз зумраи он шоирони ангуштшумор аст, ки пайваста барои бачаҳо шеър менавишт ва эҳтиёҷи мубрами ин соҳаи адабиётро ба эътибор гирифта, мунтазам саъйю кушиш менамуд, ки барои баланд бардоштани завқи бачаҳо, тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо шеърҳои замонавӣ офарад.
Маҷмӯаҳои ашъори ӯ ба забони русӣ дар шаҳрҳои Маскав чоп шуда, писанди хонандагон гаштааст. Дар кишварҳои форсизабон низ ашъораш шуҳрат ёфтааст. Гулназар Келдӣ шеърҳои классикони рус, шоирони машҳури арабу фаронсаро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Саҳми Гулназар Келдӣ дар пешрафти шеъри муосири тоҷик калон аст. Ӯ дар радифи Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Ҳақназар Ғоиб, Ҳабибулло Файзулло, Сайдалӣ Маъмур ва дигар ҳамсафонаш дар пойдории шеъри нав дар адабиёти тоҷик саҳми беандоза гузоштааст.
Гулназар Келдӣ аз ибтидо ба мавзӯи Ватан, тарғибу ташвиқи ҳиссиёти ватандӯстӣ, таваҷҷуҳи хоса дошта, дар ашъори иҷтимоии худ пайванди ногусастании қаҳрамони лирикиро бо модар, Ватан муқаддасоти миллӣ, меҳру муҳаббат самимона таъкид кардааст;
Дардҳои ҷонгудозу бедавои мо – Ватан,
Захмҳои кории мо, нолаҳои мо – Ватан,
Оре, оре, ибтидову интиҳои мо – Ватан.
Ӯ таваҷҷуҳ ба худшиносиву худогоҳии миллӣ дошт, аз таъриху фарҳанги ғании ниёгони худ ифтихор ва ҳар пораи хоки Ватанро азизу муқаддас медонист. Ҷанбаи иҷтимоии шеъри ӯ қавӣ буд, ки шеъраш ба сифати Суруди миллии Тоҷикистон интихоб шуд, ки ин бевосита ба ҷузъи муқаддасоти миллӣ шомил гардид. Шеъри дигари Гулназар Келдӣ низ дар озмун ғолиб омада, ҳамчун Суруди Анҷумани тоҷикони дунё пазиро шуд.
Гулназар Келдӣ бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон буда, бо ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Комсомоли ленинии Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода сарфароз градонда шудааст. Хидматҳояд бо нишонҳои “Дӯстӣ”, “Исмоили Сомонӣ”, “Дарахти дӯстӣ” ва Ҷоизаи адабии Созмони байналмиллалии савдо барои инкишофи зеҳният қадр шудаанд.
Хидматҳои ӯ дар тарғиби сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони Истиқлол, тарбияи рӯзноманигорону адибони ҷавон ва фаъолияти созмони ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ шоистаи таҳсинанд. Дар эъҷодиёташ ситоишу тараннуми Ватан ва ормонҳои халқу миллат дар мадди аввал меистод ва ҳамин сабаби он шуд, ки номвартарин адибони кишвар шуҳратманд гаштанд.
Зи ҳар як қалъаи дар хок яксон,
Зи ҳар як хонаву айвони вайрон,
Зи ҳар шаҳри хароби бостонӣ,
Зи ҳар як найзаву тиру камоне:
– Ватан яктост,
Модар ҳам ягона
Эъҷодиёти як идда адибони тоҷик махсус дар замони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашъу нумӯи тоза гирифт, ки оғозбахши ин навгониҳо устод Гулназар Келдӣ мебошад. Ӯ бо матонати шоирона ва ҳунари баланди сухангустарӣ орзӯи халқро тараннум карда, халқро ба бунёдкорӣ ва ҷустуҷӯ, дар ватани худ ба дастовардҳои бузург ноил шуданро илқо мекунад, ки волотарин даъват ба худсозию ватанпарварист.
Гулчеҳра Ахмедова,
мутахассиси шуъбаи илмӣ-методӣ
ва таҳқиқотии Китобхонаи миллӣ.