Тараннуми Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маҳфили “Суҳбат бо адиб”
Имрӯз дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ширкати шоири бачаҳо Муродалӣ Собир маҳфили “Суҳбат бо адиб” баргузор гардид. Дар он хонандагони фаъоли шуъба ширкат доштанд.
Маҳфил бо қироати шеърҳои кӯдакон дар васфи Ваҳдати миллӣ оғоз ёфт. Ҳамчунин бачаҳо аз эҷодиётӣи меҳмони маҳфил Муродалӣ Собир порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.
Муродалӣ Собир аз таърихи Ваҳдату истиқлоли Ватан ба кӯдакон нақл кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки шумо насли хеле толеъбаланд ҳастед, ки дар фазои сулҳ умр ба сар мебаред. Шароиту имконотҳои шумо барои дар таҳсили хуб ва омӯзиши забону технологияи навин хеле мувофиқ аст.
Дар идомаи маҳфил навқаламони шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон порчаҳои шеърии эҷодкардаашонро қироат карда, аз шоири дӯстдоштаи худ барои беҳтар намудани вазн ва қофияву радиф дар шеър тавсияҳои хуб гирифтанд.
Дар қисмати дигари маҳфил миёни иштирокдорон ва меҳмони маҳфил суолу ҷавоб сурат гирифт. Хонандагони фаъол кӯшиш мекарданд ба суолҳои шоири писандидаашон Муродалӣ Собир ҳар яке посухҳои мушаххас гардонанд.
Муродалӣ Собир аз зумраи шоирони маъруфи кӯдакнависи кишвар аст, ки ашъораш миёни бачаҳо ва наврасон маъруфият дорад. Намунаҳои беҳтарини шеърҳояш дар китобҳои дастҷамъии «Модарнома», «Навсафар», «Кокули бом», «Риштаборон», «Чил қалам» ва бисёр баёзҳои таълимӣ роҳ ёфтаанд, ки нишони хушояндиву писандидагии шеъри ӯст.
Китобҳои ӯ «Парасту», «Тифли дарё», «Садои сукут», «Субҳи Варзоб», «Гули бодом», «Оҳанги Варзоб», «Арӯси сабз», «Қуллаҳо», «Шоҳпарак», «Тифли дарё», «Сиришки ханда», «Навои резаборон» ва «Замзамаи баҳор» дар солҳои гуногун чоп шудаанд.
Маҳфилро рӯзҳои наздик метавонед аз тариқи Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” пурра тамошо кунед.
Наргис НАЗАРЗОДА