Таърихи адабиёти ҷаҳон. Вергилий ( Солҳои 70–19 то мелод )
Публий Вергилий Марон дар шимоли Италя ба дунё омада, маълумотро дар Кремонс ва Рум гирифтааст. Қисмати зиёди умрашро Вергилий дар маҳалли худ, дар Андаҳ ва баъд дар Компаний гузаронидааст.Асари нахустини ў «Буколикаҳо» ё «Экологаҳо» буда, аз 10 суруди чўпонӣ иборат аст.
Ҳаракат дар ин асар бо назардошти манзараҳои табиат, ки худи адиб мафтуни он буд, тасвир ёфтааст. Ҳамин хусусият, махсусан дар қисматҳои якум ва сеюми он равшан ба назар мерасад. Инчунин қисмати аввал ва нўҳум характери тарҷумаҳолӣ дошта, дар қисмати даҳум чўпони ошиқе тасвир мешавад, ки шоир дар ин образ рафиқи шоири худ Корнелий Галлро дар назар дорад. Аз байни сурудҳои чўпонии Вергилий қисмати чоруми он мавқеи хоса дорад, ки харктери рамзиро соҳиб аст.
Дар ин қисмати суруд сухан дар хусуси таваллуди кўдаке дар Рум меравад, ки пайдоиши он аз фарорасии замони нек шаҳодат медиҳад. Вергилий, ки узви маҳфили адабии Метсенат буд, бо супориши он ба навиштани достони «Георгика» машғул мешавад, ки он ба масъалаҳои кишоварзӣ бахшида шудааст.
Хочагии қишлоқи Рум, ки дар натиҷаи ҷанги бисёрсолаи гражданӣ хеле хароб гардида буд, мўҳтоҷи ёрӣ ва азнавсозӣ буд. Аз ин рў Вергилий бо таклифи достони «Георгика» хостааст, диққати мардумро бо хоҷагии қишлоқ бештар ҷалб намояд. Достон аз чаҳор китоб иборат буда, дар китоби аввал оид ба замин ва киштукор, дар китоби дуюм оид ба боғдорӣ, дар китоби сеюм оид ба чорводорӣ ва дар китоби чорум оид ба занбўрпарварӣ маълумот медиҳад.
Вергилий даҳ соли охири умри худро ба эҷоди аҳамиятноктарин асараш – достони «Энеида» сарф намудааст, ки минбаъд ин асар намунаи классикии эпоси миллии Рум гардидааст.
Дар достони «Энеида» Вергилий доир ба тақдири давлати Рум ва шахсияти Август маълумот дода, аз маводи зиёди таърихиву асотирӣ эҷодкорона истифода бурдааст. Дар достон қиссаҳои қадимтарин оид ба шоҳ Латит, қаҳрамони италявӣ Турне, дар бораи писари Энея Асканий, оид ба шоҳзани Карфаген Дидон ва дигар қиссаву ривоятҳо инъикоси худро ёфтаанд. Дар таълифи «Энеида» Вергилий ба таҷрибаи Ҳомер такя намудааст, ки таъсири осори ў дар ин достон равшан ба назар мерасад.
Вергилий «Энеда» –ро ба 12 – суруд тақсим намудааст. Шаш суруди аввал достони «Одиссея»–и Ҳомерро ба хотир меорад, ки дар бораи сайёҳати Энея аз Троя ба Италия қисса мекунад.
Шаш суруди дуюм, ки ба «Илиада» –и Ҳомер наздикӣ дорад, ба набарди Энея ва рафиқони ў бо қабилаҳои италявӣ бахшида шудааст.
Вергилий достони «Энеда» –ро пурра ва то охир такмилу таҳрир кардааст. Аз ин рў ў пеш аз маргаш хоҳиш намудааст, ки достонро сўзонанд, аммо Август ин хоҳиш Вергилийро иҷро накардааст.
Тарзе ишора намудем, достони «Энеда»–и Вергилий аз чанд ҷиҳат достонҳои Ҳомерро ба хотир меоранд ва байни онҳо умумиятҳои зиёде ба назар мерасад. Аз ҷумла қиссагўии қаҳрамони асосии достони «Энеда» Энея ба Дидан қиссагўии Одиссеяро дар базми шоҳ Алкиноя ва ё набарди тан ба тани Энея ва Турном аз «Энеида» набарди Ахилл ва Ҳекторро аз «Илиада» – и Ҳомер ба хотир меоранд.
Дар як вақт достони «Энеида» – и Вергилий бо баробари чунин умумиятҳо доштан ба достонҳои Ҳомер як қатор фарқиятҳои ҷиддӣ ва принсипиалӣ низ дорад.
Аз ҷумла, агар дар «Илиада» ва «Одессия» – и Ҳомер ба гузаштаи дур рўй оварда шавад, дар «Энеида»–и Вергилий ба замони муосир муроҷиат мешавад. Ба «Энеида»–и Вергилий на танҳо Румиён баҳои баланд додаанд, балки наслҳои минбаъда низ қадр намудаанд ва ин асар дар шаклгирии асарҳои этикии Европаи Ғарбӣ низ таъсир расонидааст. Таъсири Вергилий ба адибони баъдина Данте, Ариосто, Торковато, Пассох ва Волтер ҳис карда мешавад.
Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001
Таҳияи Фирӯза Раҳимова, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.