Таърихи башар. Зангиён ва зангиҳо

Зангиён сулолаи атобакҳои салҷуқӣ, ки дар Шарқи Наздик ҳукмронӣ доштанд (1128-1283). Асосгузори сулола Имодуддини Зангӣ (ҳукмронӣ 1128-46) буд, ки дар аҳди султон Муҳаммади 1(ҳукмронӣ 1105-18) атобаки Мавсил ва Ҳалаб (1127-46) тайин гардид.

Солҳои 1128-38 Имодуддини Зангӣ шаҳрҳои Насибин, Ҳарон, Ҳалаб ва Ҳаморо ишғол намуда, дар Сурия ва Димишқ аморати Зангиёнро ташкил кард. Имодуддини Зангӣ баъди шикаст додани сипоҳи салибиён ва ишғоли шаҳри Эдесса аз ҷониби халифа ба унвонҳои «Зайну-л-ислом», «ал-малик ал-мансур» сарфароз гардид.

Пас аз фавти Имодуддини Зангӣ (1146) аморати Зангӣ пароканда шуда, писаронаш Нуриддин Маҳмуд (ҳукмронӣ 1146-74) дар шимоли Шом ва Сайфуддин Ғозии 1 (ҳукмронӣ 1146–49) дар Мавсил худро мустақил эълон карданд. Дар аҳди Нуриддин Маҳмуд шаҳри Бағдод (1154) ва қисме аз Миср (1168) ба ҳайати мулкҳои Зангиён ҳамроҳ гардиданд.

Соли 1180 Салоҳиддини Айюбӣ сипоҳи салибиёнро шикаст дода, мулкҳои Зангиёнро дар Сурия соҳиб шуд. Зангиён дар Мавсил то соли 1222 ҳукмронӣ карда, аз соли 1185 расман тобеи Айюбиён буданд.

Шохаи дигари сулолаи Зангиён дар Синҷор (дар шимолу ғарби Ироқ) ҳукумат доштанд. Зангиён дар таърих ҳамчун муборизони зидди салибиён, бунёдкунандагони биноҳои муҳташам ва ҳомиёни илму фарҳанг шуҳрат ёфта буданд.

Муаллиф: У.Камолов

                                ЗАНГИҲО

Зангиҳо (аз исп. Negro – сиёҳ), номи шартии аҳолии маҳалии Африқои Тропикӣ ва Ҷанубӣ, ҳамчунин аҷдоди онҳо дар Амрико. Истилоҳи niger аз асри 17 ҳамчун номи умумии этникӣ маъмул гардида, баъди таназулли низоми мустамликадорӣ ба мафҳуми архаистӣ табдил ёфт: масалан, дар Амрико намояндагони ирқи негроидҳоро «афроамерикоиҳо» меноманд. Онҳо ин мафҳуми этникиро нисбат ба худ таҳқир мешуморанд.

Зангиҳо ба ду гурўҳи калон ҷудо мешаванд:

  1. ЗАНГИҲОИ БЕШАЗОР (Bush negroes), ҳалқият дар Суринам (42 ҳазор), Гвиана (6,5 ҳазор), Гайана (0,8 ҳазор), ки ба гўишҳои креолии забони англисӣ (ндюкаӣ, сарамаканӣ) ва забони нидерландӣ гуфтугў мекунанд. Аксарияташон католик ва протестант.

Зангиҳои Бешазор дар асри 17 ташаккул ёфтанд. Аҷдоди онҳо ғуломони сиёҳпўсти фирорӣ (маронҳо) мебошанд, ки аз қаламрави имрўзаи Ангола ва Африқои Ғарбӣ ба минтақаҳои дурдасти Суринам ва Гвиана кўчида буданд.

Зангиҳои Бешазор ба чанд гурўҳ тақсим мешаванд: ауканоиҳо (аз 1720 дар соҳили дарёи Маронӣ), парамакканоиҳо (аз 1720 дар соҳили миёнаи дарёи Маронӣ), алукуиҳо (аз 1815 дар соҳилҳои болои дарёи Лава), коффимаккаиҳо (аз 1805 дар соҳилҳои дарёи Коппенаме), сарамаканноиҳо (аз 1700 дар соҳилҳои миёнаи дар соҳилҳои болои дарёи Суринам) ва матавиҳо (аз 1762 дар соҳилҳои миёнаи дарёи Сарамакка).

Аз 1760 доираҳои ҳукмрони мустамликавӣ бо ҷамоаи Зангиҳои Бешазор аҳднома бастанд, ки онҳоро бо мол таъмин карда, ба пешвоҳояшон инъом пешкаш мекунанд, вале баъдан бар зидди онҳо чандин эъзомияи ҷазодиҳӣ ташкил карданд. Пас аз барҳам хўрдани ғуломдорӣ (соли 1848 дар Гвиана, соли 1863 дар Суринам) қисми зиёди собиқ ғуломон ба Зангиҳои Бешазор ҳамроҳ шуданд. Кўшишҳои доираҳои ҳукмрон барои ҷалби Зангиҳои Бешазор ба ҷомеа, барномаҳои таҷдиди ҳаёт ва масеҳикунониии онҳо муддати тўлонӣ натиҷа надод. Аз солҳои 40 асри 20 муҳоҷирати онҳо ба шаҳрҳо ва омезишашон бо креолиҳо (насли аввалин муҳоҷирони аврупоӣ дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ) афзоиш ёфт.

Зангиҳои Бешазор нисбат ба дигар гурўҳои сиёҳпўсти Амрико урфу одат, бовариҳои қадим ва фарҳангу ҳунари бостонии африқоиро ҳифз кардаанд. Аз ҳиндуҳо зироаткорӣ, шикор ва моҳидориро омўхтанд. Қисман дар саноати ҷангал ва шаҳрҳо ба тариқи кироя кор мекунанд. Зангиҳои Бешазор дар қалбҳои тарҳашон мудаввар , ки болопўшашон аз барги нахл аст, зиндагӣ мекунанд.

  1. ЗАНГИҲОИ ВЕСТ-ИНДИЯ, номи шартии аҳолии сиёҳпўсти Вест-Индия, ки аксарияти аҳолии ҷазираҳои Ямайка, Тринидад, Тобаго, Барбадос, Багам, Гренада, Доминика, Сент-Люсия, Сент-Винсент, Антигуа, Сент-Кинте, Невис, Англия, Вирҷиния ва Кайманро ташкил медиҳанд. Бо гўиши креолии забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва забони англисӣ гуфтугў мекунанд. Қисми зиёди Зангиҳои Вест-Индия протестант ва католик мебошанд. Онҳо аҷдоли қабилаҳои гуногуни африқоианд, ки асрҳои 16-19 ҳамчун ғулом ба ин қитъа оварда шудаанд. Зангиҳои Вест-Индия дар давраи мустамликадорӣ ба кишварҳои амрикои Марказӣ муҳоҷират карда, дар майдонҳои бузурги кишти зироат ва корҳои сохтмонӣ фаъолият доштанд. Дар асри 20 қисман дар Амрикои Шимолӣ ва Аврупо  сокин шуданд.

Аз солҳои 60 асри 20 дар байни Зангиҳои Вест-Индия барои дарёфти «мероси африқоӣ» ҳаракатҳои миллӣ-фарҳангӣ ва миллӣ-сиёсӣ ташаккул ёфтанд. Зангиҳои Вест-Индия қисман бо сафедпўстон омезиш ёфта, урфу одат, бовариҳои қадим ва фарҳангу ҳунари бостонии аҷдоди худро ҳифз кардаанд.

Муаллиф: Ю.Яъқубов

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2018. – Ҷ.7. – С. 41-42

Таҳияи Марзия Зардодхонова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.