«Таърихи Фаришта» – сарчашмаи омӯзиши таърихи Дакан
Дар ин монографияи Саидҷалол Ҳусайнӣ, ки ба тозагӣ Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Милии Тоҷик” чоп кардааст, бори аввал «Таърихи Фаришта» ҳамчун маъхази омӯзиши таърихи фарҳанги ҷануби Ҳинд – Дакан мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар ин замина, масоили меҳварии таърихнигории Ҳинд, заминаҳои ташаккули афкору дидгоҳи Муҳаммадқосим Ҳиндушоҳи Асторободи Машҳур ба Фаришта, ҳамчунин, мазмуну мундариҷаи ашъори ӯ, муҳтаво маъхаз, сабки нигориш, арзиш ва камбуду заъфи илмии «Таърихи Фаришта дар омӯзиши таърихи фарҳанги Дакан бар асоси киёси маълумоти маъҳазҳои хаттӣ ва таҳқиқоти илмии муосир ба таври мушаххас таҳлил шуданд.
Замира Ғаффорӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, сарходими илмии Институти улуми ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар сарсуханаш ба китоби мазкур навиштааст, ки ин асар илова бар он, ки яке аз матнҳои мондагору арзандаи таърихи салотини мусулмони Ҳинд ба шумор меравад, аз назари баррасии равобити сиёсӣ ва фарҳангии Ҳинд бо кишварҳои дигар, хоссатан Эрон ва Хуросону Моворуннаҳр дар адвори мухталиф, аз ҷумла равобити Ҳинд бо Эрон дар аҳди Сафавиён низ аз манобеи бисёр муҳим баршумурда мешавад. «Таърихи Фаришта» роҷеъ ба одобу русум, этиқодоту ойини ҳиндувон низ маълумоти муфид фарохам меоварад. Иттилоти ҷолибе, ки «Таърихи Фаришта»дар ин замина дар ихтиёри хонандагон мегузорад, дар камтар кутуби таърихӣ омадааст. Бино бар фазилатҳои зиёди дигари ин таърихнома аст, ки донишмандони олам то ба имрӯз дар баробари азамати ин шоҳкори таърихӣ сари таъзим меоваранд.
Мутассифона, “Таърихи Фаришта» то имрӯз дар илми таърихнигории точик мавриди тахқиқи густарда қарор нагирифта буд, дар ҳоле ки ниёз ба таҳқики амиқи ин шоҳасар мавҷуд буд. Мояи хушнудист, ки рисолаи илмии Ҳусайнӣ Саидҷалол ба таҳқиқи мавзуи тоза ва таври амиқ омӯхтанашуда, яъне, пажӯҳишу бозгӯии аҳаммияти сарчашмавии «Таърихи Фаришта» ҳамчун маҳази омӯзиши таърихи Дакан ва таъйин намудани ҷойгоҳи ин асари арзишманд дар илми таърихнигорӣ бахшида шудааст. Мавсуф бо анҷом додани рисолаи илмии хеш он холигоҳеро, ки дар илми тоҷик вучуд дошт, пурра намуд.
Хонандагон китоби Ҳусайнӣ Саидҷалол Саймаҳмуд «Таърихи Фаришта». Сарчашмаи омӯзиши таърихи Дакан” –ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Гулистон Лундишоева,
сармутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.