Таърихи маҷаллаи “Шуълаи инқилоб”
Маҷаллаи “Шуълаи инқилоб” яке аз маҷллаҳои бонуфузи тоҷику форс мебошад, ки санаи 10 апрели соли 1919 чун нашрияи афкори кумитаи ҳизбии вилояти Cамарқанди Ҳизби коммунисти Туркистон бори нахуст бо хатти форсӣ нашр гардидааст.
Шумораи нахустини маҷалла наздик ба 1000 нусха дар шаҳри Cамарқанд чоп шудааст. Дар саҳифаҳои он аз хабару мақолахои расмӣ сар карда, то намунаҳои назму насри бадеӣ, маводҳои гуногунмавзуъ чоп мешуд.
Маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» хонандагонашро пеш аз ҳама бо воқеаву руйдодхо, таҳаввулоту тағйироти олам, дигаргуниҳои шаҳру вилояти Самарқанд, кишвари Туркистон, аморати Бухоро, суқути аморат ва таъсиси Ҷумҳурии халқии Бухоро ошно карда, аз дарду ранҷи тоҷикону форсизабонони Варорудрӯ ҳикоят мекард.
Дар оғози садаи бист дар он замони сарнавиштсози миллат маҷаллаи “Шуълаи инқилоб” роҷеъ ба умдатарин масоили кишвар матолиби чолиб нашр намуда, бешак дар вусъату густариши ниёзҳои маънавии аҳли ҷомеа талош намудааст. Дар воқеъ, ба масъалаи ҳифзи забон ва тозагии он таваҷҷўҳи хеле зиёд намуда, дар яке аз навиштаҳои худ бо номи «Шуъбаи форс дар ҳузури идораи корҳои миллӣ» дар мавриди вазифахои шуъбаи форсӣ ёдовар шуда, дар боби бузургдошти забон бо эҳсосот мегуяд: «Забон рукни азими миллат аст, ки ба маҳзи гум шудани забон, ҳамон миллат, ки мутакаллим ба он забон аст, гум ва нопадид хоҳад шуд. Ҳеч миллате наметавонад, ҳастӣ ва мавҷудияти худро таъмин кунад, магар бо нигаҳдорӣ ва муҳофизати забони модарии худ, аз ин рӯ хар миллат ҳақ дорад забони модарии худро гиромӣ дорад, азиз шуморад, мухофизат кунад, то ки аз вартаи нобудӣ халос намояд”.
Ин ҷо нуқтаеро бояд қайд намуд, ки чун мо дар мавриди заминахои пайдоиши маҷалла харф мезанем, аммо дар он замон нафароне буданд, ки монеъи нашри маҷалла мешуданд. Сардабири маҷалла бар зидди ин гуна ашхос баромада, дар матлабе бо номи «Як суйиқасди ғаразкорона ба маҷаллаи мо» ин муаммои муҳими он замонро тавзеҳ дода, ҷавоби шоиста додааст. «Ҳанӯз шумораи аввали маҷаллаи мо қадам ба майдони матбуот нагузошта, ҳанӯз «Шуълаи инқилоб» шуълаи дурахшон ба ҷое наяфшонда буд, ки дастаи шабпаракон, аз тарси ин ки чашмони ғаразбинашро хираву торик кунад, ба даври ҳам гирд омада, аз паи хомӯш кардани ин шуъла камар бастанд ва барои қатли ин бачаи зоиданашуда омода гардиданд. Инҳо барои буридани забони як чамоаи Туркистон, ки тақрибан ду миллион нуфус дорад, шамшерҳои худро тез карданд». («Шуълаи инқилоб», №2, 17-04-191).
Дар он замоне, ки миллатҳои дигари минтақа ҳама соҳиби маҷаллаҳои хеш буданд, мардуми тоҷик аз ин падидаи маънавӣ маҳрум буданд. Ва иддае аз нафарони ғаразҷўй мехостанд, то ин миллатро аз ин сарвати маънавӣ маҳрум намоянд, нашри маҷаллаи «Шўълаи инқилоб» -ро хуш истиқбол нагирифта, пайи қатъи нашри он талош менамоянд. Дар ин ҳолат Сайидризо Ализода худро дар канор нагирифта, зидди ин нафарон ба майдони мубориза ворид мешавад ва бо таълифи нигоштаҳои ҷолибу арзишманди хеш аксари шумораҳои маҷалларо зиннати маънавӣ бахшида, муштариёни маҷалларо аз ҳаводиси тоза ошно месозад. Аз он талоши иддае аз нафарони ғаразҷӯ Сайидризо Ализода ба тааҷҷуб омада, чунин мегӯяд: «Инҳо ҳанўз шарм накарда барои бастани ин ягона маҷаллаи форсӣ қарор гузошта, ба ҳукумат муроҷиат карданӣ шудаанд. Мо ҳайронем, ки аз ин маҷаллаи мо ба олами эшон чи зарари моддиву маънавӣ эхтимол дошта, ки барои ин гуна қарори бемантиқ маҷбур шудаанд”.
Сайидризо Ализода бо он ҳама истодагарии хеш нашри маҷалларо идома медихад. Маҷаллаи «Шўълаи инқилоб» чун нахустин нашрияи тоҷикии замони Шўъравӣ ҳамчун манбаи муътамад ва арзишманд дар таърихи илму адабу фарҳанги тоҷик маъруфу машҳур аст.
Яке аз нахустин асарҳои таҳқиқотие, ки дар мавриди ин маҷалла таҳия гардидааст, ин асари «К характеристике первого советского журнала на таджикском языке “Пламя революции” мебошад. Муҳаққиқи номвари тоҷик З. Ш. Раҷабов таҳқиқи маҷаллаи «Шўълаи инқилоб»-ро чун сарчашмаи муҳими таърихӣ шуморида, омӯзиши ҳамаҷонибаи онро муҳим донистааст. Мавсуф нақши маҷалларо чун муболиғи ғояхои инқилобиву марксисти Ленинӣ муассир қайд намудааст.
Мо ба ин андешаҳои муҳақиқ комилан мувофиқем, аммо дар ин замина метавон боз чунин илова намуд, ки маҷаллаи «Шўълаи инқилоб» ҳамзамон дар тарғибу ташвиқи афкори маорифпарварона низ саҳми назаррас гузоштааст. Матолиби арзишманди маҷалла, ки ба масъалаи мактабу маориф бахшида шудаанд, далели ин гуфтаҳои мо мебошанд. З. Раҷабов нақши маҷалларо дар тарғибу ташвиқи адабиёт барҷаста дониста, онро чун асосгузори пояҳои адабиёти муосири тоҷик мешуморад, ки бешак боиси дастгирист.
Яке аз рисолати аслии маҷаллаи “Шўълаи инқилоб” ба андешаи мо ин пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи идеологияи Ҳукумати Шўравӣ ба шумор мерафт. Дар баробари инъикоси ҳаводиси ҷомеа ва мушкилоту муаммои рўзгори мардум, маҷалла ҳамзамон дар тарғиби ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Шўравӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Мухаққиқ А. Ёрмуҳаммадов низ саҳми маҷалларо дар тарғиби ҳадафхои Ҳизби Коммунистӣ ва Ҳокимияти Шўравӣ назаррас шуморида, аз ҷумла чунин мегўяд: “Шўълаи инқилоб” ба омма фаҳмонидани моҳияти Инқилоби сотсиалистии Октябр ва давлати Шўравиро вазифаи аввалини худ қарор дода буд.”Шўълаи инқилоб” фаъолияти сиёсии худро барои мунтазам ташвиқ намудани Ҳокимияти Шуравӣ сарф мекард“.
Дар маҷмўъ, раванди омўзиш нишон дод, ки якчанд замина ва омилҳое чун вуруди нашрияҳои форсизабон ба Осиёи Марказӣ, ҳамроҳшавии Осиёи Марказӣ ба Русия, зуҳури ҳаракати маорифпарварӣ, таъсиси нашрияхои ҷадид ва нахустин нашрияи тоҷикии “Бухорои шариф“, таъсиси нашрияҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, таъсиси шўъбаи форсии табъу нашр ва чанд омили дигар боиси пайдоиши маҷаллаи “Шўълаи инқилоб” гардидаанд.
Дар охир бояд ҳаминро зикр намуд, ки шумораҳои маҷаллаи мазкур дар шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ таҳти рақами 50 мавҷуд мебошад.
Фарангис РАҲМАТУЛЛОЗОДА,
мутахассиси шуъбаи Дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир.