Таъсиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизби “Китобдор” дар Китобхонаи миллӣ
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси якҷояи Ҳизби халқи Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизби “Китобдор”, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таъсис ёфтааст, баргузор карда шуд.
Дар кори конфронс Убайдулло Қурбонзода – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” иштирок намуданд.
Баъди садо додани Суруди миллӣ Ҷумахон Файзализода-директори Китобхонаи миллӣ ва Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” меҳмононро хайрмақдам гуфта, рӯзномаи конференсияи Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Китобдор”–ро ба иштирокдорон шинос намуданд.
Сипас, Муҳаммадиқбол Атозода-муовини директори Китобхонаи миллӣ оид ба нуқтаҳои муҳимми паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Китобхонаи миллӣ ва ҳамчун муассисаи нигоҳдоранда ва таблиӯгари фарҳанги миллат сухан гуфт.
Сипас, Убайдулло Қурбонзода-Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир ба заминаҳои таъсиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ ва Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сухан гуфт.
Қайд гардид, ки мувофиқи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар дилхоҳ муассисае, ки шумораи аъзоёни он аз 5 нафар зиёд гардид, дар он ҷо Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис меёбад. Ҳамчунин гуфта, шуд, ки дар ҳолати аз 300 нафар зиёд гардидани шумораи аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ он мувофиқи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ маҳсуб меёбад.
Убайдулло Қурбонзода илова намуд, ки мувофиқи бандҳои дар боло овардашуда, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ тасмим гирифтааст, Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор”-ро ки дар сохтори Китбхонаи миллӣ фаъолият менамоянд ба Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизби “Китобдор” табдил диҳад.
Дар қисмати дигари конфронс раис, муовини раис ва котиби Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Китобдор” бо раъйпурсии аъзоёни ташкилот интихоб карда шуданд.
Мувофиқи пешниҳод ва овоздиҳии аъзоёни ташкилот Ҷумахон Файзализода Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизби “Китобдор”, Салима Раҷабзода муовини раис ва Абдуғаюр Саломов котиби Кумитаи навтаъсис интихоб гардиданд.
Дар қисмати дигари конфронс аъзоёни Кумитаи навтаъсис 13 нафар пешбарӣ гардида, барои идомаи кори Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизби “Китобдор” пешниҳодҳо ироа намуданд.
Дар интиҳои конфронс Убайдулло Қурбонзода-Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба тамоми кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин иқдомро муборакбод гуфта, ба корӣ Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизби “Китобдор” барору мувафақиятҳо хост.
Конфронс бо Суруди миллӣ ба анҷом расид.
Наргис Назарзода,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа