«Тасвири бадеии воқеияти иҷтимоӣ дар насри мустанади Ӯрун Кӯҳзод”
Дар монографияи Ҳилола Каримова «Тасвири бадеии воқеияти иҷтимоӣ дар насри мустанади Ӯрун Кӯҳзод” насри мустанади Ӯрун Кӯҳзод ва таҳқиқи ҳунари нависандагӣ, тарзи истифодаи воситаҳои адабию ҳунарӣ, тариқи сохтани банду басти насри мустанад, нигориши воқеа аз зовияи диди нависанда, маҳорату сабк, рушд ва такомули ҳунари нигориши нависанда дар насри нави тоҷик баррасӣ шудааст.
Монография ба мутахассисон, устодон ва донишҷӯёни риштаи филологӣ ва рӯзноманигории муассисаҳои олии кишвар тавсия мешавад.
Чуноне дар муқаддимаи китоб омадааст, муҳаққиқон баъзе паҳлуҳои осори бадеӣ – публитсистии Ӯрун Кӯҳзодро мавриди таҳқиқ қарор дода, мақолаҳои алоҳида ба нашр расонидаанд. Профессор М.Муродов менависад: «Ӯрун Кӯҳзод аз ҷумлаи эҷодкоронест, ки ба зиндагӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ муносибати интиқодӣ дорад. Асарҳои ӯ таҷассумкунандаи ҳақиқати зиндагии иҷтимоии замони муайян буда, бо меҳри дил ва самимияти инсонӣ навишта шудаанд. Мавсуф бо вуҷуди дар майдони адабиёти бадеӣ шуҳратёр гардидан, аз таҳқиқи публитсистии воқеиятҳои муайяни ҳаёти иҷтимоӣ дар канор нест».
Дар китобҳои «Мактаби одамият» (М.Шакурӣ), «Қуллапаймои сухан» (маҷмуаи мақолаҳо), «Хосияти адабиёт» (А.Саъдуллоев), «Аз замон то замон» (М.Муродов), «Аз се шохаи як илм» (М.Муродов), «Кӯҳсоро, Кӯҳзодо!» (А. Абдуҷабборов), муҳаққиқон андешаҳои худро дар шакли нисбатан мухтасар дар бораи насри мустанади нависанда иброз доштаанд. Инчунин, мавқеи Ӯрун Кӯҳзодро дар офаридани асарҳо дар жанрҳои гуногун муайян намудаанд. «Ӯрун Кӯҳзод, – гуфтааст А.Саъдуллев, – дар сайқали жанрҳои насри мустанад хизмати калоне дорад. Асарҳои ӯ дар доираи очерк, новелла ва эссе ҳудудҳои муайян надоранд. Кӯҳзод донишманди хуби назарияи адабиёт ҳам ҳаст ва ҳангоме ки ба сохтори жанре навҷӯӣ раво мебинад, хонанда хуб дарк мекунад, ки муаллиф он ҷо ҳадафи хоссае дорад».
Ҳамчунин, мақолаҳои алоҳида низ доир ба эҷодиёти нависанда ба табъ расидаанд. Муҳаққиқ Ш.Солеҳ доир ба асарҳои ҳаҷвии Ӯрун Кӯҳзод ибрози андеша намуда, ӯро чун нависандаи мушоҳидакор ва воқеъбин муаррифӣ карда, қайд намудааст, ки: «Ҳаҷви Кӯҳзод як қолаби хоси дарку тасвири воқеияти зиндагиро ба бор меорад. Махсусан, дар ҳикояҳои хурди ҳаҷвии ӯ хонанда ба осонӣ эҳсос менамояд, ки воқеаи мавриди тасвирро адиб бо чашми худ дидааст ва ё онро дер боз мушоҳида мекунад».
Паҳлуҳои дигари эҷодиёти Ӯрун Кӯҳзод низ аз ҷониби муҳаққиқон мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Муҳаққиқон ҷанбаҳои публитсистии осори бадеии нависандаро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба мақолаҳои Ӯрун Кӯҳзод андешаҳо баён намудаанд: «Ҳатто мақолоти илмии устод (Ӯрун Кӯҳзод –К.Ҳ.) ҳам барои рӯшан кардани ҳақиқате нигаронида шудаанд».
Аммо ин фикру мулоҳизаҳои муҳаққиқонро наметавон чун таҳқиқи амиқу комили осори мустанади нависандаи мазкур шинохт. Ҳол он ки маҳз бо истифода аз осори мустанад мо симои эҷодии Ӯрун Кӯҳзод дар давраҳои гуногун муайян карда метавонем.
Омӯзиши осори илмӣ оид ба тасвири бадеии воқеияти иҷтимоӣ дар насри мустанади Ӯрун Кӯҳзод нишон медиҳад, ки то имрӯз таҳқиқоти мукаммалу мустақилу муфассале ба ин масъала дар адабиёти тоҷик сурат нагирифтааст. Монографияи мазкур дар илми адабиётшиносии ватанӣ ва хориҷӣ иқдоми нахустин ба ҳисоб меравад.
Хонандагон имкон доранд китоби Ҳилола Каримова «Тасвири бадеии воқеияти иҷтимоӣ дар насри мустанади Ӯрун Кӯҳзод» – ро дар Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолаа намоянд.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд