Тавсифи «Фалак» дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва рубоиёти Хайём

ФалакҲаким Абдулқосим Фирдавсӣ дар асари безаволи худ бедодгариҳо, ғаму андӯҳ, сузӯ гудоз, тақдир ва бахти нопойдор, ғарибию ҷӯдоиҳо, нолаву фарёдҳо ва нидову розҳоро ба чархи бедодгар, яъне «фалак» ба қалам овардааст.

Тавсифи мавзӯоти «Фалак» дар «Шоҳнома» хеле фаровон ба қалам омада, мавзӯоти шикоятиро бештар бо ифодаҳои «гардонсипеҳр», «чархи баланд», «гардун», «сипеҳр», «чархи гардон» корбаст шудаанд.

Тавсифи «Фалак» гардун, само, кайҳон, сипеҳр, чарх, дар «Шоҳнома» бештар образи бадеӣ буда, руҳияи фалсафавӣ, динӣ – ахлоқӣ, иҷтимоӣ, ватанпарастӣ, мубориза ба ситаму бедодгариҳо, ва ғайра ба қалам омадаанд, ки мафҳуми жанрии шеъру мусиқӣ касб накардааст.

Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин,
Пас аз марг бар ман кунад офарин.

    Барои исботи таҷассуми ин мавзӯот чанде аз ин шоҳасар пешкаш мешавад:

Оғоз
Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша бар нагзарад…

Худованди Кайҳону гардонсипеҳр,
Фӯрӯзандаи Моҳу Ноҳиду Меҳр…

Фалак тундхуй аст, бо ҳар касе,
Ту бо ӯ макун тундхӯйи басе.

Чунин аст, кайҳони нопойдор,
Ту дар вай ба ҷуз тухми некӣ макор.

Фалакро надонам чӣ дорад гумон,
Ки надҳад касеро ба ҷон худ амон.

Агар осмонӣ чуни наст рой.
Касеро ба рози фалак нест пой.

Чунин аст кирдори чархи баланд,
Ба дасте кулоҳу ба дигар каманд.

Чу афканд хур сӯи гардун каманд,
Замона баромад ба чархи баланд.

Касеро расад гардиву сарварӣ,
Ки меҳри фалакро кунад Муштарӣ.

Ҳамон низ солори тӯронсипоҳ,
Зи авҷи фалак барфарозад кулоҳ.

Замин пояи тоҷу тахтӣ ту бод,
Фалак соли фарру бахти ту бод!

Баромад дами ною овози кӯс
Ҳаме осмон бар замин дод бӯс

Чунин омад ин гунбади тезгард,
Гаҳе шодмонӣ диҳад гоҳ дард.

Якеро барорӣ ба чархи баланд,
Якеро кунӣ хору зору нажанд.

Қазо гуфт: «Гиру» қадар гуфт: «Деҳ»!
Фалак гуфт: «Аҳсан», малак гуфт: «Зеҳ»!

Чунон кун, ки чун бардамад покрӯз,
Падид ояд аз чарх гетифурӯз

Зи Яздон битарсу зи мо шарм дор,
Нигаҳ кун бад-ин гардиши рӯзгор.

Миёнро бубандам бад-ин кор сахт,
Магар ёр бошад гардуни бахт.

Бубинед, к-ин чархи нопойдор,
На парварда донад, на парвардигор.

Чунин гуфт, ки «Аз гардиши осмон,
Наёбад гузар марди некигумон…

Ки гуфтӣ замин барнатобад ҳаме,
Фалак роҳи рафтан наёбад ҳаме.

Баромад чунон аз ду лашкар хурӯш.
Ки чархи фалакро бидаррид гӯш.

Дар рубоиёти суханвар ва донишманди бузурги форсу тоҷик Умари Хайём низ мафҳуми «Фалак» ба сифати осмон, коинот, гардун, сипеҳр ва дигар мафҳумоти осмонӣ ба қалам омада, бархӯрду, низоъ, норизоӣ, эътирози инсону ҷомеа тавассути ин мафҳум баён шудаанд. Тавсифоти Хайём ҳам ба маънӣ, ифода, навъ, жанри шеърию мусиқӣ наомада, он ҳамчун образҳои бадеӣ омадааст.

Барои намуна аз рубоиёти Умари Хайём мавзӯоти гуногуни ҷомеа тавассути мафҳумҳои «Фалак», само, афлок, осмон, гардун, кайҳон, коинот, чархи гардун ва ғ. ба қалам омадаанд. Зимни ин як нуктаро бояд хотирнишон кард, ки фалаксароён дар ҷараёни иҷро баробари рубоиёти мардумӣ, инчунин рубоиёти Хайёмро низ истифода карда, ё худ таҳти таъсири мавзӯоти он рубоиҳо ҳам эҷод намуда месароянд. Чун хирвор аз назми рангомези ҳакими Нишопур пешкаш мешаванд:

Гар бар фалакам даст будӣ чун яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён,
В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расидӣ осон.

***

Эй чархи фалак, харобӣ аз кинаи туст,
Бедодгарӣ шеваи деринаи туст!
Эй хок, агар синаи ту бишкофанд,
Бас гавҳари қимате, ки дар синаи туст!

***

Эй чарх, дилам ҳамеша гамнок кунӣ,
Пероҳани фаррухии ман чок кунӣ,
Боде, ки ба ман вазад, ту оташ кунияш,
Обе, ки хӯрам, дар даҳанам хок кунӣ!

***

Ин пояи чарх бин нагун афтода,
Дар вай ҳама зиракон забун афтода.
Дар дӯстии шишаву соғар нигаред:
Лаб бар лабу дар миёна хун афтода.

 ***

Хуршеди сипеҳри безаволӣ – ишқ аст,
Мурғи чамани хуҷистафолӣ – ишқ аст.
Ишқ он набувад, ки ҳамчу булбул нолӣ,
Ҳар гаҳ ки бимириву нанолӣ – ишқ аст.

***

Гар кори фалак ба адл санҷида будӣ,
Аҳволи фалак ҷумла писандида будӣ,
В – ар адл будӣ ба корҳо дар гардун,
Кай хотири аҳли фазл ранҷида будӣ?!

***

Гардун камаре зи умри фарсудаи мост,
Ҷайҳун асаре зи чашми полудаи мост,
Дӯзах шараре зи ранҷи беҳудаи мост,
Фирдавс даме зи вақти осудаи мост.

***

Ҳар неку баде, ки дар ниҳоди башар аст,
Шодиву ғаме, ки дар қазову қадар аст,
Бо чарх макун ҳавола, к-андар раҳи ақл,
Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст.

***

Афлок, ки ҷуз ғам нафизоянд дигар,
Нанҳанд яке, то нарабоянд дигар.
Ноомадагон агар бидонанд, ки мо
Аз даҳр чӣ мекашем, н-оянд дигар.

***

Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будааст,
Гарданда фалак бар сари коре будааст.
Зинҳор, қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми нигоре будааст.

***

Асрори бузург хому нопухта бимонд,
В – ин гавҳари бас шариф носуфта бимонд.
Ҳар кас ба далели ақл чизе мегуфт,
Он нуқта, ки асл буд, ногуфта бимонд.

***

Ин чархи фалак баҳри ҳалокати ману ту,
Қасде дорад ба ҷони поки ману ту.
Бар сабза нишину май хӯру шод бизӣ,
К-ин сабза бурун дамад зи хоки ману ту.

Манбаъ: “Фалак” ва системаи лаҳнии он”. Душанбе, 2006.
Ин китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа мебошад.

Таҳияи Руҳафзои Хасанзод, корманди шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.