Тавсияи китобе, ки соли 1936 чоп шудааст. Он ба мунаққидон чӣ медиҳад?
Китоби «О Советской литературе» соли 1936 дар нашриёти давлатии «Художественная литература» воқеъ дар шаҳри Москав чоп шудааст. Дар аввалсухани он ношир менависад, ки дар ин китоб мақолоти танқидиву таҳлилие, ки асарҳои адабии адабибони Шӯравиро арзёбӣ мекунанд, гирд оварда шудааст. Ҳадаф наздик кардани танқиди адабӣ бо хонанда аст. Яъне, ёрӣ расонидан ба хонанда, ки баъзе зуҳуроти адабиёти моро дарк карда тавонад.
Ношир аз гузаштаи начандон дур ёд меорад, ки ягон асари адабие, ки дар қаламрави Русия нашр мешуд, аз назари танқиди адабӣ дур намемонд. Баҳсҳои доманадоре атрофи асарҳо баргузор мешуд ва ин аз талаби замон ба адбиёт бармеомад, то асарҳои адабӣ дар сатҳи лозим офарида шаванд.
“Адабиёти мо саҳифаи наву тозае дар таърихи санъати олам оғоз мекунад. Дар кишвари мо сокинон бори аввал ба таври воқеъӣ дар муколамаҳои адабӣ ширкат мекунанд, садҳо ва ҳазорҳо намояндагони халқ ба қалам рӯ меоранд, шумори хонандагони адабиёти бадеӣ ба миллионҳо нафар мерасанд…”
Дар китоб беҳтарин мақолаҳои машҳуртарин мунаққидони он замон гирдоварӣ шудааст. Аз ҷумла мақолаи Бинёмин Сезаревич Гоффеншефер бо номи “Сабқат бо воқеъият”, ки вазъи он рӯзи адабиётро бо гузашта қиёс мекунад ва бо шеваву услуби хос андешаҳояшро дар мавриди нақши адабиёт дар тарбияи эстетикии инсон баён медорад.
Бинёмин Гоффеншефер 18-уми январи соли 1905 дар шаҳраки Шклов дар хонаводаи тоҷири яҳудӣ таваллуд шуда, 25-уми майи соли 1966, дар синни 61-солагӣ дар шаҳри Москав вафот кардааст. Вай аз ҷумлаи мунаққидони шинохтаи замони Шӯравӣ буд. Аз ӯ китобҳо ва мақолаҳое бо номҳои “Чӣ гуна Брюсовро дафн карданд”, “Пол Лафарг – мунаққидони марксизм”, “Ҷаҳонбинӣ ва маҳорат”- 1936 Михаил Шолохов” (Эссеи интиқодӣ) боқӣ мондаанд.
Мақолаи Иоҳанн Алтман “Ҳақиқат дар бораи адабиёти мо” (“Правда о нашей литературе») қиёсест дар бораи адабиёти замони сотсиалистӣ бо гузашта. Муаллиф аз мунаққиди машҳуру маъруфи рус Белинский иқтибосҳо меорад ва арзёбии адабиёт дар замони Белинский ва замони худро қиёс мекунад. Муаллиф бештар аз равияи адабии реализм пуштибонӣ мекунад ва аз яке аз поягузорони ин мактаб Максим Горкий ситоиш мекунад. Аммо ин мақола танҳо қиёси гузаштаву имрӯз нест, балки таҳлили офаридаҳои ҳамзамононаш аст танқиди асарҳое, ки аз нигоҳи ғояву мазмун заъифанд.
Мақолаи мунаққиди ададбиёт, ношир ва рӯзноманигор Алексей Селивановский “Таваллуди эҷодгари ҷадид” (“Рождение нового художника”) бо иқтибосе аз суханони асари шоири фаронсавӣ Иля Эренбург Валерий оғоз мешавад, ки мегӯяд: “Барои амал кардан, бояд бисёр надонӣ”. Ва менависад: “Эренбург хеле зиёд медонист, ки ба он амал мекард”.
Муаллиф аз ғояҳои зиддисотсиалистии Эренбург интиқод мекунад, чун адиби маъруфи Фаронса Сотсиализми лениниро қабул надошт ва онро ҳамагӣ як хаёлпардозии сиёсӣ медонист. Селивановский дар ин як мақолаи фарогир талош кардааст ба андешаҳои зиддисотсиалистии Эренбург аз нигоҳи илмӣ посух диҳад. Мутолиаи ин мақола ба касоне, ки мехоҳанд адабиёти ҳар давру замонро таҳлил кунанду арзёбӣ намоянд, хеле идеяҳои фаровон медиҳад.
Худи Алексей Селивановский умри чандоне надид, вай 10-уми марти соли 1900 таваллуд шуд ва дар 38-солагӣ (1938) вафот кард.
Дар мақолаи дигари ин маҷмуъа, ки ба қалами Марк Моисеевич Розентал дахл дорад, як романи нави Иля Эренбург мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад ва аз ҷумлаҳои аввали тақриз метавон андешаҳои баъдии муаллифро хонд: ин романи нависандаи маъруфи фаронсавӣ низ мутобиқ ба ғояҳои сотсиалистӣ нест.
Марк Розентал файласуф, муаррихи фалсафаи муосир, доктори илмҳои фалсафӣ, профессор буд, ки солҳои 1906-1975 зистааст.
Чаро мо ба ин назарем, ки китоби мунаққидони адабии солҳои 30-и асри гузашта барои имрӯзиён ҳам муфид аст? Ба назари мо ин мақолаҳо беҳтарин маводди омӯзишӣ барои ҳар касест, ки мехоҳад мунаққиди адабӣ бошад. Таҳлилҳои ин китоб аз ҳар ҷиҳат ҷолибанд. Услуби нигориш диққати касро ба худ мекашад ва ба мисли як мактаби омӯзишианд, ки ҳар касе мақолае аз онро мутолиа кард, ҳатман чизи наверо пайдо мекунад.
Китоби “О Советской литературе” (Критические статьи) – ро шумо метавонед дар толори хониши Шуъбаи депозитории Китобхонаи миллӣ, воқеъ дар ошёнаи чоруми бино мутолиа намоед.
Зимнан дар ин шуъба шумо метавонед бо садҳо номгӯ адабиёти нодири солҳои мухталиф ошно шавед ва баҳра бардоред.
Меҳрона ХИДИРЗОДА