Тазҳиб – ҳунари ниёгон

Тазҳиб – ҳунари ниёгонТазҳиб, зарандуд ё тиллокориро метавон маҷмуае аз нақшҳои бадеъ ва зебо донист, ки наққошону музаҳҳабон барои ҳарчӣ зеботар кардани китобҳои мазҳабӣ, Қуръон, китобҳои таърихӣ, Девонҳои ашъор, ҷунгҳои ҳунарию қитъаҳои зебои шеърӣ ба кор мебурданд.

Тазҳиб вожаи арабӣ буда аз масдари «заҳаба» гирифта шудааст. Заҳаб ба маънои тилло буда, тазҳиб ба маънои тиллокорӣ ва зарандуд кардан аст. Аммо агар бихоҳем таърифи дурусте аз тазҳиб дошта бошем, бояд бигӯем тарроҳӣ, рангомезӣ, тиллоандозӣ, пардохту қаламгириҳои зарифи навъи тарҳҳо бо нақшу нигори гиёҳии «исломӣ ва хатоӣ», ҳандасӣ «навъи гиреҳҳо» ва гоҳе истифода аз нақши инсонию ҳайвониро барои тазйини сатҳҳои гуногун тазҳиб мегӯянд . Тазҳибро метавон маҷмуае аз нақшу нигорҳои зебо донист ки наққошону музҳҳабон барои ҳарчӣ зеботар кардани нусхаҳои хаттӣ ба кор мебурданд.

Тазҳиб, ҳамчун наққошӣ, дорои ҳавзаҳо ва давраҳои хосе аст, ки метавон аз ҳавзаҳо ва мактабҳои салҷӯқиён, Бухоро, Самарқанд, Ҳирот, Шероз, Табрез ва ғайраҳо ном бурд, ки тазйину тазҳиби ҳар яке аз ин ҳавзаҳо ё мактабҳо аз ҳамдигар фарқ мекарданд. Барои мисол, тазҳиб дар мактаби Бухоро ба осонӣ аз тазҳиб дар дигар мактабҳо ташхис дода мешавад. Чун, дар мактаби Бухоро аз рангҳои зангор, шингарф, суранҷ (сулфуру оксид) ва сиёҳ истифода мешуд, ки дар минтақаҳои дигар аз ин намуд рангҳо истифода намекарданд. Нақшу нигор ва тазҳибу тазйин дар асрҳои XI-XII хеле сода буданд ва давра ба давра такмил ёфта то асрҳои XV-XIV ба авҷи аъло расид.

Шоирону ҳунармандони форсу тоҷике, ки аз аввали асри XIV ба Ҳиндустон ҳиҷрат намуданд, бунёдгузори мактаби наққошии Хуросону  Эрон дар Ҳинд шуданд ва осори бузурги ҳунарие аз худ дар он ҷо боқӣ гузоштанд. Осори барҷомонда аз мактаби муғулии Ҳинд, ки дар навъи худ бемонанд аст, натиҷаи омезиши ҳунари наққошии Хуросону (Бухоро, Самарқанд, Ҳирот, Шероз Табрез ва ғ.) Ҳиндустон аст. Инчунин ҳунари наққошии ниёгони мо ба Туркияи усмонӣ ва кишварҳои арабӣ доман паҳн намудаст.

Ҳунари тазҳиби ниёгони мо дар дунё ҷойгоҳи хосе дорад ва аз ҳунари наққошии аврупоӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Наққошӣ ва ороиши аврупоӣ асосан аз тана ва барги дарахтону гиёҳҳо дар соҳили дарё, парандагон, ҳайвонот, суратҳои гуногуни инсон ва манзараи табиатро метавон мушоҳида намуд

Таърихи тазйину тазҳиб дар ҳунари китоб ба давраи Сосониён мерасад. Баъд аз паҳншавии дини ислом дар Шарқ, бахусус дар Осиёи Миёна, ҳунари тазҳиб дар ихтиёри ҳукуматҳои исломӣ ва араб қарор гирифт ва «ҳунари исломӣ» ном гирифт, вале ин ҳунар беаҳамияту беравнақ гардид. Аз асрҳои XII-XIII ба ин тараф чун ҳунармандони наққош ороиши қуръонҳо ва дигар китобҳо, зарфҳо, биноҳо ва ғайраро пешаи худ сохтанд, ин ҳунар ба авҷ худ расид ва зеботарин осори тазҳибшуда ба вуҷуд омад.

Ҳунармандони наққош, саҳҳофону санъатгарон бо фармони султонҳо ва амирон гирд меомаданд ва дар китобхонаҳои пойтахт ба кор мепардохтанд ва осори арзишманде аз худ боқӣ мегузоштанд, ки осори ҳунарии онҳо акнун дар китобхонаҳо, осорхонаҳо ва коллектсияҳои бузурги давлатҳои  Осиё ва Аврупову Амрико ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд.

4 декабри 2023 дар Касане, Ҷумҳурии Ботсвана иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кори худ шуруъ намуд. Чорабинии мазкур то 9 декабри соли 2023 идома ёфта, намояндагони кишварҳои узви Конвенсияи ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок карданд.

6 декабр номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Туркия “Тазҳиб санъати зарҳалкорӣ” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Пешниҳоди номинатсияи “Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ” аз ҷониби Тоҷикистон ба бархе аз вижагиҳои ҳунари тазҳиб ва ривоҷи он таъсиргузор буда, далели он аст, ки ин ҳунари қадима дар кишвари мо собиқаи тӯлонӣ дорад.

Рамзӣ Ҷумъақулов, сардори шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир.