“Тоҷикона мепӯшем!”-мегӯянд бонувони Китобхонаи миллӣ

ТОчикона-1Бонувони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар иқдоми неку шоиста пешсафанду пешгом. Онҳо аз аввалинҳо шуда худро дар миёни онҳое заданд, ки пӯшиши миллиро шиори зиндагии худ медонанд. Аммо ин иқдомашон нав нест, балки собиқадор аст. Дар гузашта ҳам борҳо дар остонаи иду айём ва санаҳои таърихӣ таҳти шиори “Тоҷикона мепӯшем” бо сару либоси миллӣ аз қудумашон раставу хиёбонҳои шаҳрро гулрез карда буданд.

Ҳоло ҳам дар ташвиқу тағиби либоси миллӣ ҳамарӯза даст ба ибтикороте мезананд ва талош мекунанд аз ҷумлаи тарғибгарони неки пӯшиши миллӣ бошанд. 

точикона-2    Ин бонувон дар атрофи Китобхона, ки як фазои дилкаши баҳории ороста бо гулу шукуфаҳои зебост, бо либоси миллӣ қадам мезананд ва гӯё бо ин табиатро ба ҳусни Худододи худ мафтуну шайдо мекунанд.

Китобхонаи миллӣ дар маркази пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе воқеъ аст ва табиист, ки аз серодамтарин қисмати шаҳр аст, роҳраву хиёбонҳои гулпӯши атрофи он серравуотарин бахши пойтахши шукуфои кишвар мебошад.

Аз ҷодаҳои он гардишгарон убур мекунанд, то худро ба Боғи Парчам расонанд ва ё аз он ҷо ба сӯи пайкараи бемисоли бунёбгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ қадам мезананд.

точикона-3Табиист, ки дар гузор аз назди Китобхонаи миллӣ ғайр аз гулҳои шукуфони давру бум, чашмашон ба гулҳои шукуфони дигар-бонувони хушчеҳраву ханда ба лаб бо либосҳои шинами миллӣ меуфтад.

Ин бонувон бо ин гуна амалҳо на танҳо атрофи Китобхона, балки як қисмати зебои шаҳрамонро нуронӣ мекунанд.

точикона-4Арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ ва ҳамовоз шудан ба даъватҳои Пешвои муаззам, ки мехоҳанд миллат ба гузаштаи худ бештар бингарад ва аз тақлид ба бегонагон канорагирӣ кунад, бонувони Китобхонаи миллиро шод мекунад ва ҳамвора мекӯшанд дар ҳар кору дар ҳар талош пешсаф бошанд.

 

Ҳурматпочо ЗИКРАЛИЕВА

сардори шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ,
техникӣ ва илмҳои дақиқ.