Туҳфаи 100 ҷуфт пояфзори саховатманде ба хонандагони шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд

Як саховатпеша, ки намехоҳад номаш бурда шавад, барои аъзоёни шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 ҷуфт пояфзори мактабӣ барои хонандагони мактабҳои миёна харидорӣ ва туҳфа намуд.

Аз ин шумор 50 дона попӯши духтарона ва 50 дона писарона аст. Ҳамзамон сарулибоси мактабии 2 мактабхони ниёзмандро ба уҳда гирифта, онҳоро харида фиристод.

Ин хайрхоҳ, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт ин корро ба хотири ризояти Худо мекунад ва аз шахсони камтавон танҳо хоҳиши як каф дуо кард.

Ин ҷавонмарди накукор, ки дар Русия ба сар мебарад ва ин колоҳоро низ аз он кишвар харида, фиристод, дар гузашта низ маҳфилҳои шуъбаро сармоягузорӣ кардааст.

Маслан моҳи Рамазон маблағ ба чанде аз аъзоёни шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ садақа кард.

Барои хушҳолии дили аъзоёни хурдсоли шуъба ва ҷаҳонбинии онҳоро васеъ кардану ҳисси зебоипарастиро дар дили онҳо бедор кардан шуъба 30 нафар аъзои хурдсолу наврасашро ба тамошои маркази дилхушии Алладин мебарад. Пас аз бозиву тамошои маркази дилхушӣ онҳоро ғизои нисфирӯзи ройгон аз ҷониби ҶДММ “Фуд-Мастер”  интизор аст.

Ин иқдом аввалину охирин нест, мо тасмим гирифтем дар оянда низ ин иқдомҳои наҷибро идома дода, барои беҳбуди шароити иҷтимоиву маънавии аъзоёни шуъбаамон камар бубандем. Дар ин кори хайр моро сарпарастону саховатмандон ва созмонҳои хайрияи кишвар ва ҷаҳонӣ кӯмак мекунанд, ки аз ҳамаи онҳо бобати амалҳои неки инсониашон, ки зиндагии афроди камтавонро шукуҳу ранги хосса мебахшанд, сипосгузорем.

Умед дорем, ки сафи сарпарастону сармоягузорони мо бештар шуда, дасти кӯмаки хешро барои зиндагии шоистаи шахсони камбизоту шахсони ранҷур ва имконоти маҳдуддошта дароз менамоянд.

Саодат Набиева сардори шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.