Тӯҳфаи нозирони байналмилалӣ ба  Китобхонаи миллӣ

Чанде пеш нозирони байналмилалӣ аз Федератсияи Русия-декани факултети сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, аъзо-корреспонденти АИР, прфессор – Шутов Андрей Юревич ва директори ташкилоти ҷамъиятии умумироссиягии “Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия” – Кузнетсов Игор Иванович ба МД “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, баъди диду боздид ва суҳбату муколамаҳо бо роҳбарони Китобхона як силсила китобҳо тақдим намуданд.

Гуфтанист, ки ин ҳайати байналмилалӣ бо даъвати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон ҷиҳати ширкат ва назорати ҷараёни Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ба кишвари мо омада буд.

Китобҳои тақдимшуда аксаран тозачоп буда, мавзуъҳои мухталифро дар бар мегирифтанд.

Аз ҷумла:

  1. С.В.Володенков, С.Н.Федорченко – Цифровые технологии и искусственный интелект в современной политике(2024)

Китоб дар бораи хусусиятҳои дигаргуниҳои технологияи муосир ва рақамикунонии соҳаи иҷтимоӣ-сиёсии ҳаёти давлат ва ҷомеаи муосир тасаввуроти мукаммал медиҳад. Дар он масъалаҳои марбут ба  рақамикунонӣ ва алгоритмизатсияи фазои муосири сиёсат  ва фаъолияти институтҳои анъанавии сиесӣ баррасӣ карда мешаванд.

  1. А.П.Цыганков, П.А.Цыганков – Глобальность и самобытность (Русская идея и международная теория в XXI веке (2024). Дар ин монография масъалаи таносуби глобалӣ ва хос, ҳам дар таҳияҳои муосири ҷаҳонӣ ва ҳам дар робита ба шароити масъалаҳои Русия баррасӣ карда мешавад. Гуфта мешавад, ки ҳар як назария якчанд сатҳро дар бар гирифта, дар асоси фарзияҳои муҳими ғоявию сиесӣ сохта мешавад, ки фарқиятҳои миллии онҳоро дар натиҷаи муколамаи умумиилмӣ бартараф кардан душвор аст.
  2. Приоритетные направления научных исследований проблем обеспечения безопасности Российской Федерации (2023) – маҷмӯи маводҳои Конфронси байнисоҳавии илмӣ-амалии

“Самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмии мушкилоти таъмини амнияти Федератсияи Русия”-ро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои мубрами таъмини амнияти Федератсияи Русия дар шароити муосир ва пешбинишуда ошкор карда шудаанд.

  1. И.А.Бронников, М.В.Горбачев – Политическая коммуникация в изменяющемся мире: теория и практика (2022) – Монографияи мазкур ба муайянсозӣ ва омӯзиши мушкилоти асосии коммуникатсияи сиёсӣ дар ҷаҳони муосир, ки табиати иҷтимоӣ-технологӣ ва иттилоотӣ доранд, бахшида шудааст.
  2. Мехди Санаи – Избранные труды (2019). Дар маҷмӯа маҳсули меҳнати номзади илмҳои сиёсии Академияи илмҳои Русия, мушовири сиёсии президенти Ҷумҳурии исломии Эрон – Маҳдӣ Саноӣ  “Россия: общество, политика и власть” ва “Ислам и международное право” (ба забони русӣ тарҷума шудаанд) гирд омадаанд. Муаллиф кӯшидааст, ки доираи тадқиқоти маъмулии сиёсат ва ҳокимиятро васеъ карда, соҳаҳои дин, фарҳанг, ҳувийят ва тафаккурро ба он дохил намояд.

Ногуфта намонад, ки Маҳдӣ Саноӣ солҳои 2013-2019 сафири фавқулодда ва ваколатдори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Федератсияи Русия буд.

Ҳоло хонандагон имкон доранд ин китобҳоро дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Махфират Муҳидинова
бахши иттилоот ва
робита бо ҷомеа