Ҳуҷумҳои мағзӣ ва ҳадафҳои пасипардагии «мавлавиҳо»

Чанд рӯзи охир минбари масҷидҳои ҳамсоякишвари Афғонистон, ки яке аз аслитарин марказҳои таблиғоти толибонӣ ва ифротгарӣ маҳсуб мешаванд ба масоили дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта, меъёрҳои муқарраршуда дар пӯшиши либосҳои миллиро ба тарзи комилан ғалат ва иғвогарона «шарҳу тафсир» менамоянд.

Бидуни огоҳии комил аз меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон ва бе таҳлили амиқи санадҳои муқарраршудаи кишвари мо як зумра аз рӯҳониёни бо ном «мавлавӣ», ки дар қабзаи зулму истисмори Толибон мебошанд дар мавъизаҳои худ унвонҳои сохтаеро ба мисли «қонуни манъи ҳиҷоб», «қонуни манъи сатр» ва даҳҳо ибораҳои бардурӯғро ба шиддат ба кор бурда, минбари масоҷидро ба пойгоҳи таҳоҷумоти мағзӣ бар алайҳи мардуми Тоҷикистон мубадддал кардаанд. Даъвои бебунёди ин рӯҳоният он аст, ки «Тоҷикистон қонуни манъи ҳиҷоб қабул кардааст». Маҳз ин дасиса боис шудаас, ки мубаллиғини толибонӣ болои тафаккури ҷавонони ноогоҳу бемаълумот бо истифодаи ибораву ҷумлаҳои таҳриккунанда ҳуҷуми мағзӣ мекунанд ва ҷавононро ба қонуннописандӣ ва сарпечӣ аз иҷрои амру меъёрҳои ҷомеаи маданӣ ташвиқ месозанд.

Ин андешаҳои комилан иғвогарона дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба даҳҳо шакл ва усул бозтоб гардида, ҳар фарди ноогоҳ мавқеи худро доир ба Тоҷикистон изҳор менамояд. Аз ин ҳолати ҳассос истифода намуда, зумрае аз ҳамватанони кӯтоҳандеши мо низ ба сели таблиғоти толибонӣ ҳамроҳ шуда, ба осёби душманони кишвар об мерезанд, ба оташи фитнаи бегонагон равған мепошанд ва худро туъмаи истихбороти хориҷӣ месозанд.

Аз миёни олимони динии кишвари Афғонистон то имрӯз рӯҳониёне чун Аҳмади Фирӯз, Абдулқодир Ҳомӣ, Фазлраҳмон Ансорӣ, Абдулкабири Муҳоҷир, Абдулкарими Муҳаммадӣ, Зикриё Фоиз ва иддаи дигар масъалаи мазкурро ба шаклҳои мухталиф дар меҳвари мавъизаҳои худ қарор додаанд. Ҳатто ин масъала аз ҷониби «мавлавӣ»-ҳое чун Абдулқодир Ҳомӣ, Фазлраҳмон Ансорӣ ва Аҳмад Фирӯз, ки аз мубаллиғони сарсахти гурӯҳи террористии Толибон ва аз асоситарин хоинони ормонҳои миллии тоҷикони Афғонистон мебошанд ба таври муташаккил муҳокима шуда, мардумро ба хушунат таҳрик мекунанд.

Аслан ин нафарон, ки гурӯҳи террористии Толибон минбарҳои масҷидро дар ихтиёри онҳо додааст, аксаран ҷавонон буда, мадрасаҳои толибониро хатм карда, таҳти таъсири тафаккури радикалӣ ва ифротӣ ташаккули зеҳнӣ ёфтаанд. Аз лиҳози ахлоқӣ низ чанде аз инҳо дар ливотаткорӣ, нашъаҷаллобӣ ва кӯдакозорӣ (педофилия) гунаҳкор буда, дар замони ҷумҳурият аз тарси ҷавобгарӣ фирор намуда, дар манотиқи кӯҳистонӣ ва бо мусоидати Толибон пинҳон шуда буданд. Ҳоло, ки ҳукумат дар қабзаи зулму шарорати Толибон аст ин гурӯҳи таблиғотии динӣ дар ҳар маврид бо супориши гурӯҳҳои террористӣ суҳбат мекунанд ва бар нафъи гурӯҳҳои ифротгаро ҳукм содир мекунанд. Яъне, ин рӯҳониён ғуломони фикрии гурӯҳҳои террористӣ буда, исломро бар нафъи гурӯҳҳои радикалӣ суиистифода мекунанд.

Агар чунин набошад ва сухан аз манфиатҳои динӣ ва фаризаҳои исломӣ равад чаро Толибон дар Афғонистон беш 3 миллион духтару бонуву занро аз хондан дар мактабу мадрасаву донишгоҳу донишкада манъ кардаанд ва аз ин тариқ асоситарин фарзи исломро, ки хондан аст пушти по задаанд, вале мавлавиҳои хасакӣ дар қиболи ин зулми Толибон муҳри хомӯшӣ бар лаб задаанд? Чаро кӯдакони хурдсол дар ин кишвар бо баҳои ночиз дар ҷодаҳо ба фурӯш гузошта мешавад, ки ба ҳеҷ як меъёри исломӣ, инсонӣ ва байналмилалӣ посухгӯ нест, вале ин мавлавиҳо сокит ҳастанд. Чаро дар вилоятҳои Панҷшер, Балх, Бомиён, Ҳирот ва дигар вилоятҳои тоҷикнишин Толибон шабонгоҳ ба ҳарими шахсии одамон даромада, хонаҳоро талошӣ мекунанд, ҳуқуқҳои фитрии миллатро поймол мекунанд, ҳарими шахсии инсонҳоро вайрон месозанд, заминҳои ирсӣ ва хонаву кошонаи миллати тоҷикро ба кӯчиҳо медиҳанд, вале ин мавлавиҳо дар қиболи зулми толибон лаб фурӯ бастаанд. Пас, маълум аст, ки барои ин «мавлавиҳо» на асолати динию мазҳабию миллӣ, балки амру дастури хоҷагонашон зарур аст.

Даъвои ин сияҳкоронро аз лиҳози илми ҷомеашиносӣ ва вазъияти геополитикӣ таҳлил намоем як саволи асосӣ пайдо мешавад: чаро минбарҳои масҷиди Афғонистон масъалаҳои дохилии Тоҷикистонро ба шакли тунд ба баррасӣ гирифтанд ва дар ин масъала то «ҳукми ҷиҳод» расониданд?

Таҳлили воқеаҳои охир нишон медиҳанд, ки ин дастаи рӯҳониёни асолатбохта, дастаи ниёбатии Толибон ва кишварҳои толибсоз буда, дар пасманзари ин даъво чанд масъалаи асосӣ ниҳон гардидааст. Агар ба таври дигар бигӯем ин мавлавиҳои фитнабоз бозичаи дасти гурӯҳҳои ифротгаро буда, ҳадафи аслии онҳо дар масъалаи зерин нуҳуфтаанд.

  1. Гурӯҳи террористии Толибон, ки бо дасисаи бузурги кишварҳои абарқудрат ҳокимияти сиёсӣ дар Афғонистонро соҳиб шудааст, бо гузашти се соли дар қудрат будан ҳеч кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст ва дар ин масъала аз лиҳози сиёсӣ шикастхӯрда маҳсуб мешаванд. Толибон дар баробари шикастҳои сиёсӣ ҳамзамон дар дохили Афғонистон суботи комил наёфта, ҳар рӯз як гурӯҳи низомӣ барои муқовимат алайҳи Толибон аз худ дарак медиҳад. Амалиётҳои низомии танзимҳои мавҷуда низ дар Афғонистон афзоиш ёфта, ҳар амалиёти чирикӣ куштаву захмиҳое ба неруҳои Толибон ворид месозад. Толибон дигар қудрати пинҳон доштани хисороти ин амалиётҳоро надоранд ва то андозае тафаккури мардумро, ки аз фақру бенавоӣ азият мекашанд ба худ ҷалб сохтааст. Гурӯҳи Толибон аз тариқи барангехтани чунин дасисаҳо ва ҳангомаҳои динӣ мехоҳанд тафаккури мардуми Афғонистонро аз масъалаҳои дохилии худ ба берун савқ бидиҳанд.
  2. Баъд аз сари қудрат омадани Толибон аксари созмонҳои тиҷоратӣ, молиявӣ, тиббӣ, хайриявӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалии корофар бо сабаби набудани амнияти комил ва эҳсоси хатар бар ҷону молашон Афғонистонро тарк карданд. Ҳамчунин, сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва намояндагиҳои фарҳангию утоқҳои тиҷоратӣ низ, ки ҳар кадоме дар навбати худ манбаи кору даромади аҳолии Афғонистон буданд аз кишвар хориҷ шуданд. Истифдаи транзитӣ аз хоки Афғонистон низ коҳиши чашмгир пайдо намуда, парвозҳои авиатсионӣ бо Афғонистон аксаран қатъ ва қисми ками онҳо коҳиши чашмгир ёфтанд. Ин ҳолат боиси фалаҷ гардидани низоми тиҷоратӣ шуда, шароити молиявӣ ва иқтисодии мардумро хароб кардааст. Тибқи нишондоди Созмони Милали Муттаҳид баъд аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон 700 ҳазор нафар ҷойи кории расмӣ – давлатии худро аз даст дод.

Хати фақр ба таври даҳшатбор боло меравад ва тибқи иттилооти Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ дар ин кишвар рӯзона то 70 дарсади аҳолӣ аз гуруснагӣ, беморӣ, таълим ва набуди назофат ранҷ мебаранд. Гурӯҳи Толибон бошад дар баробари оне, ки ҳар ҳафта то 40 миллион доллар аз Амрико маблағи муфт меёбад, то ҳол наметавонад ҳатто неруҳои худро таъмин кунад. Ин ҳолат на танҳо мардуми оддии кишвар, балки доираҳои тиҷоратиро низ бар зидди Толибон шӯронида, ин гурӯҳро дар фикри пайдо кардани роҳҳои даромад кардааст. Аз сӯи дигар Толибон мехоҳанд бо бозиҳои динии «мавлавӣ»-ҳо озодиҳои эътиқодии худро ба намоиш бигузоранд, то инки заъфияти иқтисодӣ ва норасоиҳои ҳукумати худхондаашон пушти парда бимонад.

  1. Толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар ҳама давру замон чор манбаи молиявӣ доштанд ва доранд: кишту кор ва савдои маводи мухаддир; тиҷорати силоҳ; фурӯши одам ва ниҳоятан ҷанги фармоишӣ. Айни замон тамоми кишварҳои минтақа, аз ҷумла Покистон аз амалкарди террористон хаста шуда, хати марзи худро бо Афғонистон тақвият намудаанд ва роҳҳои «тиҷоратӣ»-и Толибон масдуд шудааст. Мардум бошад гурусна аст ва талаби нон доранд. Сарбозони Толибон низ дигар наметавонанд бо дуздии полезҳои мардум ва ғасби моликияти тоҷирон ишками худ ва фарзандонашонро сер кунанд. Тӯли се сол сарбозони ин гурӯҳ ҳар тоҷиру савдогари бесоҳибро бо баҳонаҳои ҳукуматӣ, муқовиматӣ, тоҷик, ҳазора, узбак, аймоқ ва ғайра боздошт ва тороҷ мекарданд, вале дигар ин тоифаи савдогар низ дар Афғонистон намондааст. Яъне, манбаи дуздиҳо низ ба поён расидааст. Толибон бошанд ба ҳар баҳое бояд барои ҳифзи худ роҳи интиқоли маводи мухаддир, савдои одам, тиҷорати силоҳ ва ҷанги ниёбатӣ пайдо кунанд. Маҳз ин ҳолат боис шудааст, ки Толибон борҳо бо Покистон ва Эрон дар хати сарҳади тарафайн ҷанг эҷод мекунанд. Ва ин бозиҳои «мавлавӣ»-ҳо метавонад барои Толибон заминаҳои носуботиро дар минтақа ба бор оварда, дасти Толибонро дар фурӯши маводи мухаддир ва тиҷорати силоҳ, ки аз мероси НАТО ба арзиши 80 миллиард доллар дар даст доранд фароҳам созад.
  2. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамсояҳои шимолии Афғонистон асту бо ин кишвар 1400 километр марз дорад ва аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ дарвозаи мувофиқ барои баромадан ба бозорҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил мебошад. Барои гурӯҳҳои ифротӣ низ макони таҷрибашуда дар солҳои 90 маҳсуб мешавад.

Таҷрибаи солҳои носуботӣ нишон медиҳад, ки неруҳои террористӣ ва гурӯҳҳои ифротгаро бо ҳамдастии хиёнаткорони дохилӣ аз ин минтақа барои баромадани худ ба бозорҳои сиёҳ баҳрабардорӣ кардаанд. Ва то имрӯз низ талошҳо барои қочоқи маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷанги аз хоки Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон идома дорад. Тавре Президенти мамлакат дар суханронии хуб бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Қушунҳои сарҳадӣ таъкид карданд «Тайи сӣ сол хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз қочоқчиён ва гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромиллӣ дар хатти сарҳад зиёда аз 27 тонна маводи мухаддир, 1316 мил силоҳ ва 318 ҳазор адад муҳиммоти ҷангии гуногунро мусодира кардаанд».

Имрӯз дар Тоҷикистон на афкори радикалию гурӯҳҳои ниёбатӣ, балки қонун ҳукмрон аст ва миллат зиндагии бо рифоҳ дораду кишвар пеш меравад, ки бозори террористонро масдуд сохтааст. Гузашта аз ин Тоҷикистон дар масъалаи Афғонистон эълон намудааст, ки ҳукуматеро ба расмият мешиносад, ки фарогири тамоми миллиятҳо бошад. Зеро дар асри 21 намешавад бо қатлу куштор як қавм болои як миллати дигар ҳукмронӣ кунад.

  1. Террористон мехоҳанд аз тариқи бозиҳои «мавлавӣ»-ҳо бар зеҳнияти насли навраси кишвар ҳуҷумҳои мағзӣ бибаранд ва бар тафаккури насли ҷавон таъсир расонида, авзои фикрии ҷомеаи Тоҷикистонро мағшуш бисозанд. Аз ин тариқ ба доираҳои сиёсӣ тавоноии таъсиррасонии худро нишон дода, ҳамзамон, мехоҳанд Тоҷикистон дар муносибати худ бо миллати тоҷик ва форсизабонҳои Афғонистон мавқеъ иваз кунад ва Толибонро ҳамчун неруи мутлақ эътироф созад.
  2. Аз замони ҷанги 20 солаи Амрико ва НАТО дар Афғонистон бисёри таҳлилгарони мустақил бар ин назар буданд, ки Толибон як гурӯҳи ниёбатӣ мебошад, ки дар минтақа бар нафъи ҳадафҳои стратегии Амрико фазосозӣ мекунад то ин ки Амрико дар ҷуғрофиёи минтақа ҷойи пой дошта бошад. Музокироти пинҳонии онҳо дар Доҳа, таслими қудрат ба ин гурӯҳ, ба маблағи 800 млрд доллар дар ихтиёри Толибон қарор додани таҷҳизоти низомӣ, ҳар ҳафта ба ин гурӯҳ 40 миллион доллар додани Амрико ва дар қиболи беназмиҳои Толибон нисбат ба ҳуқуқи инсон хомӯшӣ ихтиёр кардани кишварҳои аврупоӣ ва Амрико далолат бар он аст, ки ин гурӯҳ на ҳомии дину мазҳаб, балки як дастаи шарорат мебошад, ки ҳадафи тахрибкорӣ дар минтақаро дорад ва ҳамеша бар нафъи хоҷагони худ кор кардааст.
  3. Толибон аз тариқи чунин дасисаҳо мехоҳанд аз Русия низ, ки дар Украина масруфи як ҷанги номушаххас мебошад боҷгирӣ кунад. Зеро Русия дар Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбӣ дорад ва нооромӣ дар ин минтақа ба ҳеҷ сурат бар нафъи Русия буда наметавонад.

Ҳар як фарди кишвар ва махсусан насли ҷавони Тоҷикистонро лозим аст, ки ин бозиҳои пасипардагии «мавлавӣ»-ҳоро дарк кунанд. Онҳо, ки рӯи минбару меҳроби масоҷид нишастаанд ва худро исломдӯст метарошанд, дар асл на «мавлавӣ»-ю мазҳабӣ, балки бозичаҳои дасти гурӯҳҳои террористӣ мебошанд, ки барои ҳадафҳои пасипардагии хоҷагони худ истифода мешаванд.

Ин «мавлавӣ»-ҳо ва афроди монанд ба онҳо ҳастанд, ки дар Афғонистон наздик ба 50 сол аст, ки ҷангу хушунат ҷараён дорад. Инсонҳо ҳамдигарро мекушанд, хонаи якдигарро оташ мезананд ва зану модару духтари ҳамдигарро таҷовус мекунанд.

Ҳоло дар кишвари Афғонистон аз мусибати ҷиҳодбозиҳои ин навъ «мавлавӣ»-ҳо фақру гуруснагӣ ба авҷи худ расидааст ва мардон духтарони хурдсоли худро ночор бо арзиши пули ночиз (аз ҳазор то ду ҳазор доллар) мефурӯшанд. Дар кишваре, ки инсон нарх дорад ва фарзанди одам фурӯха мешавад оё метавон ин кишварро исломӣ номид?

«Мавлавӣ»-ҳои номниҳод ҳадафи ҷангу нифоқ дар миёни миллати тоҷик доранд ва нақшаи онҳо носубот кардани кишвари мо ва рахна намудани хати сарҳади Тоҷикистон аст. Чун хати сарҳад шикаста шавад Тоҷикистон чун Афғонистон лонаи террористони байналмилалӣ хоҳад шуд.

Пас насли ҷавони миллати моро лозим аст, ки аз ин афроди сиёҳкору сияҳбоз дурӣ биҷӯянд, аз суханрониҳои онҳо парҳез кунанд ва ҳарфи ин навъ «мавлавӣ»-ҳоро ба ҳеҷ сурат пайравӣ накунанд. Зеро пайравӣ аз ин «мавлавӣ»-ҳо на пайравӣ аз дину мазҳаб, балки пайравӣ аз шайтон мебошад.

Раҷабзода С. С.,

номзади илми таърих, муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Атозода М.И.,

номзади илми филология, сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон