Умедҳои Нозия дар шашумин соли ширкаташ дар Озмун

Нозия ҶумаеваИмрӯз (21.11.2025) қабули гурӯҳи сеюми довталабон аз рӯи номинаи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ синфҳои 9 то 11 оғоз ёфт.

Нозия Ҷумаева хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошад. Соли 6-ум аст, ки дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ иштирок дорад.

Тибқи низомнома зиёда аз 10 роман, 60 повест, 400 афсонаву ҳикоя, 300 шеъри бачагона, 400 осори шифоҳӣ, 100 ғазал ва 100 рубоиро аз бар намудааст. Ӯ мегӯяд ҳангоми баромадам тамоман ҳаяҷон надоштам, чун доварон саволҳоро чунон меҳрубонона ва содда карда мепурсанд, ки кас дар вақти посух додан худашро гум намекунад. Саволҳо душвор набуданд, агар мо китобҳоро бо диққат мутолеа карда аз бар намоем, метавонем ба ҳамаи саволҳо посух гардонем.

Нозия мегӯяд бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои падару модарам ва устодам Асоев Ислом то даври ҷумҳуриявӣ омадам ва аз онҳо бениҳоят сипосгузорам. Чун ман дар марҳалаи аввали озмун дар синфи 11-ум мехондам, дар даври ҷумҳуриявӣ алакай донишҷӯи курси аввали донишгоҳи тиббии Тоҷикистон шудам ва ба  ин ҳама сахтиҳо нигоҳ накарда ман баъд аз дарс, ки соати 18-и бегоҳ ба Китобхонаи миллӣ омада, то баста шудани дарҳояш ба Озмун омодаги медидам ва бо дустонам суолу ҷавоб мекардем. Ман агар ба суолҳояшон посух пайдо намекардам, дарҳол дар ҷустуҷӯи посух мешудам ва кӯшиш мекардам, ки посухҳоро пайдо кунам.

Ӯ роҳеро барои худ пеша кардааст, ки дар он ноумедӣ ҷой надорад ва эродҳое, ки аъзои ҳакамон мегиранд, ислоҳ карда, ҳар сол бо тайёрии ҷиддитар меояд. Тӯли 5 сол аст дар Озмун ба комёбӣ ноил нагардидааст ва аз ноком шуданаш ноумед нашудааст. Имсол ин довталаби қавиирода барои пирӯз шудан талош карда, умед бар он мебандад, ки сазовори ҷойи намоён гардад.

Чи тавре, ки бузургон гуфтаанд-

Аз ноумедиҳо басо умед аст,
Поёни шааби сиёҳ сафед аст.

Ганҷина ҶОЛАЕВА,
мутахасиси бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.