Умеди пирӯзии Шукронае, ки шеър ҳам менависад

Қудратова Шукрона, хонандаи синфи 10-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 ноҳияи Айнӣ буда тули чор сол аст дар ин озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ  ширкат мекунад ва бори аввал аст ки дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Ӯ аз рӯйи номинатсияи якум “Хондан ва аз бар намудани осори адабиёти бачагона ва осори шифоҳӣ” иштирок кард ва ҳоло умед дорад, ки дар ин давр комёб мешавад.

Шукрона бештар аз адабиёти баччагона осори адибони маъруф, ба мисли осори Аминҷон Шукӯҳӣ, Азизи Азиз, Пулод Толис, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода ва диагронро мутолиа кардааст.

Шукрона истеъдоди шеърнависӣ ҳам дорад ва ҳангоми суҳбат чанд шеърашро ҳам қироат кард.

Вай падарашро устоду раҳнамои худ медонад ва мегӯяд шахсе ки маро барои чунин озмунҳо омода мекунад ва умуман ҳамеша дар канорам ҳаст, падарам мебошанд. Падарам маро барои ин озмун омода карда, ҳамеша раҳнамои ман ҳастанд ва миннатдории худамро ба устоди азизам, яъне падарҷонам мерасонам.

Падар мегуфт, фарзандам,
Туйи бахтам ҷигарбандам.

Самар аз умр гар хоҳӣ
Нишин пешам, шунав пандам.

Дар ҳақиқат Шукрона истеъдоди шоирӣ  ва нутқи бурро дошта озодона метавонад ҳарф занад чун мо худ шоҳи иштироки ӯ дар ин давр будем ва аъзои ҳакамон ӯро аҳсану офарин хонда зикр карданд ки “Ҳар як устод орзӯ дорад ба мисли ту шогирд дошта бошад”

Мо низ умед дорем ки Шукронабону соҳиби ҷоиза мешаванд, ва ба ӯ барору комёбӣ хоҳонем.

Шавқинисо Носирова шуъбаи матбуоти даврӣ.