“Ҳумоюннома” ба Китобхонаи миллӣ расид
Ин китобро наметавон бе ашки чашм мутолиа кард, чун саропо дард асту фиғону нола. Марги нобаҳангоми яккаписари ду Шоири халқии Тоҷикистон на коре буд, ки осон таҳаммул шавад. Ҳумоюни нозанин ва як инсони алакай вораставу аз дарду ранҷи замину замон бохабар, як инсони саропо муҳаббату дур аз ҳар гуна кина баногаҳ хоки сардро ба оғӯш кашид ва на танҳо падару модари худ, балки кулли касонеро, ки заррае ӯро мешинохтанд, дар сӯг нишон.
Марги Ҳумоюн на танҳо барои Озарахшу Фарзона, балки барои кулли дӯстдорони каломи бадеъ чун марги як азизи худ қабул шуд. Гувоҳи ин даҳҳо сӯгномаест, ки дар китоб гулчин шудааст.
Вале дардовартарин сӯгнома ашъори марсиявии падару модари дилфигораш – Шоирони халқии Тоҷикитсон Озарахшу Фарзона буд. Ва китоб ҳам бо ин мисраъҳои шаҳбонуи шеъри форсӣ Фарзонаи Хуҷандӣ, модари азизи Ҳумоюн оғоз мешавад:
Эй ҳумоюнписари наққошам,
Чашм яксола надорам, ки чу ту
Бар ҳама нақши дунё
ранги таҷалло пошам.
Мисли ту бо дами мижгон
натавонам садафи субҳ тарошам.
Ҷилд-ҷилд он дафтару девони ман
Сахт беарзишу бемазмунанд
пеши тасвирҳои содаву маъсуми ту
рўи девори хонаи ман,
Ғайри ин соядасти мўҳташами ту
Бо чӣ ҳам боз метавонад ифтихор кунад
Ҳастии одиву миёнаи ман.
Дар муқаддимаи китоб мехонем: Ҳумоюн Каримзода фақат 20 сол нуҳ моҳ умр дид, аммо бо ҳамин омадану рафтани кўтоҳи худ низ барои имрўзиёну ояндагон панди ҳазорсола бигзашт.
Вуҷуди маъсуми ў гулчини ҳама некўиву хубиву сафову мубарроиву зебоии олам буд. Дар ҳадис омадааст, ки ҳар ки дўстдори Худо бошад, Парвардигоро меҳри ўро дар дили халқ бияндозад. Устодону ҳамсабақону ҳамсоягону хешону пайвандон, ки ҳамеша бовар аз ёдҳои ҳаётомўзи ўянд, зикр мекунанд, ки ҳар кӣ боре бо Ҳумоюн рў ба рў омадаву саломеву каломе радду бадал карда бошад, дилбастаи ҷовидони ин навҷавони хайрандешу парҳезкору шарифгавҳар хоҳад шуд.
Ҳумоюннома муҳаббатномаи азизон аст, ба унвони Ҳумоюнписари малакхилқат, ки бегумону ногоҳон ба ошёнаи қудс – ба боргоҳи улвии фариштагон пари парвоз кушод.
Ҷойи хушист, ки Шори халқии Тоҷикистон устод Озарахш чанд рӯз пеш дар ҷараёни ширкаташон чун довар дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” як нусха аз “Ҳумоюннома”-ро ба шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ тақдим карданд.
Ҳоло хонандагон метавонанд ин китобро дар толори хониши ин шуъба мутолиа намоянд.
Саодат НАБИЕВА,
сармутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.