Умри дубораи китобе, ки 46 сол пеш чоп шуда буд
Китоби адиби маъруф, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Сотим Улуғзода “Восеъ”, ки ба шуъбаи таъмир ва тармим оварда шуд, соли 1979 чоп шудааст.
“Восеъ” на танҳо яке аз беҳтарин романҳои устод Улуғзода аст, балки дар қатори маъруфтарин асарҳои адабиёти мусосири тоҷик қарор дорад. Худи устод ҳатто имрӯз ҳам аз ҷумлаи адибонест, ки осорашо зиёд суроғ мекунанду мехонанд.
Китоб аз он ки бисёр дархост шудаву зиёд мавриди мутолааи хонандагон қарор гирифтааст, хеле фарсуда шудааст, муқоваи он корношоям, варақҳо ҷо-ҷо даридаву пора шудаанд. Баъзе хонандаҳои бетамиз баъзе саҳифаҳои ин китоби хубро хат задаву нақши дастони харобкори худро гузоштаанд.
Кормандони шуъбаи таъмиру тармим чун садҳо китоби дигар “Восеъ”-ро низ тармим карданд. Муқоваи онро дигар намуданд, чун муқоваи худи китоб дар ҳолати хеле бад қарор дошт. Варақҳои даридаву порашударо ба ҳам оварданд ва бо часп онро мавриди коркард қарор доданд. Дар умум як кори пурзаҳмат, вале пураҳаммият ба анҷом расид ва китоб дубор ба толори хониш барои мутолааи хонанда баргардонда шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки устод Сотим Улуғзода ба таърихи муборизаҳои адолатхоҳонаи мардуми кӯҳистони тоҷик ҳанӯз аз солҳои 30-юми асри ХХ мароқ зоҳир намуд. Баъдтар нависанда ба омӯзиши шӯриши мардуми тоҷик бо сардории Восеъ ҷиддан машғул шуда, солҳои 1961-1967 романи «Восеъ»-ро навишт ва соли хонандаи тоҷик бори аввал ин китобро дастрас кард.

Дар бораи шуҳрати романи “Восеъ” зиёд наменависем. Аммо он ки китоби тармимшуда дубора дар ихтиёри хонанда қарор гирифт, худ пайғоми хуш барои дӯтдорони китоб аст.
Саломат Раҳимова,
сармутахассиси шуъбаи
таъмир ва тармми ҳуҷҷатҳо.