Умри дубораи “Одамони ҷовид”

Умри дубораКитобе бо номи “Одамони ҷовид” – асари маъруфи Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил, соли 1968 чоп шуда буд, лаҳзае ба дастамон расид, ки хеле фарсудаву абгор шуда буд. Муқоваи он пурра аз асли китоб канда шуда, варақҳояш дарида, саҳифаҳо паҳну парешон шудаанд.

Ин роман замоне пурхонанда буд ва шояд як сабаби ба ин ҳол гирифтор шуданаш ҳам ҳамин серхонандагии он буд.

Романи “Одамони ҷовид” аз беҳтарин офаридаҳои устод Раҳим Ҷалил аст, ки аввали солҳои 40-уми асри гузашта бори нахуст рӯи чоп омада буд ва мавзуъи барқарорсозии ҳокимияти Шӯравӣ дар қаламрави кишвар, часпу талошҳо барои бунёди ҷомеаи навро инъикос кардааст. Роман баъди асарҳои оламгири устод Садриддин Айнӣ дуюмин асари маъруфе буд, ки чигунагии ҷомеаи сотсиалистӣ ва ҷонбозиҳои ҳамзамонон барои таҳкими ин сохторро баён мекунад. Муаллиф худ намояндаи ҳамон замон, аз муосирони қаҳрамонони асараш буд ва ба он чизе ҷомаи бадеият пӯшонд, ки худ дар ҳаёти ҳамарӯзии худ медид ва шоҳидаш буд.

Асар бо гузашти ҳудудан як аср аз замони таълифаш то кунун қимати бадеиву таърихии худро гум накардааст ва онро ҳамоно хонандагони Китобхонаи миллӣ суроғ мекунанд, дархост медиҳанд ва мехонанд. Бахусус, тайи ин чанд соли охир, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷараён дорад, хонандагон ин асарро ҳам меҷӯянд, чун дар рӯйхати асарҳои хондашаванда барои довталабони ширкат дар озмун шомил шудааст.

Моро лозим меомад ин китобро бо истифода аз ҳунари таъмиру тармим дубора ба хонанда бармегардондем.

Умри дубораСараввал мо китобро аз чангу ғубор тоза кардем, чуноне бо ҳамаи китобҳои фарсуда ин корро мекунем. мекунем. Ба мо барои таъмири китоб пеш аз ҳама қайчи, каптал (шероза), бумвинил (коғази махсус барои муқовабандӣ), қоғазҳои ранга, ширеш, қалам ва чутка (мӯқалам)-ҳои андозаашон гуногун зарур аст. Ҳамаи ин лавозимотро омода намуда, корро сар мекунем. Мо аввал саҳифаҳои таъмирталаби китобро андозагирӣ намуда, онҳоро бо ширеш часпонда, сипас муқоваҳои кандашударо бо бумвинил андозагирӣ мекунем ва онро бо дастгоҳи махсус бурида,муқоваи китобро аз нав барқарор менамоем. Яъне, бо бумвинил қисмҳои даридаи муқоваро рӯйпӯш месозем. Сипас, китоби таъмиршударо зери исканча ба мудати як шабонарӯз мегузорем. Пас аз як шабонарӯз онро дубора ба хидмати хонанда бармегардонем. Китоб аз кадом толори хониш, ки ба мо оварда шуда буд, баргардонида мешавад.

Ҳамин раванди корро барои романи “Одамони ҷовид” анҷом додем ва китобе, ки 56 сол пеш чоп шудаву фарсудаву ғайри қобили истифода шуда буд, умри дубора дид. Ва дар шакле, ки шумо дар аксҳо мебинед, ба мутолиаи дӯстдорони каломи бадеъ баргашт.

Хайринисо ШАРИФОВА,
мутахассиси пешбари
шӯ
ъбаи таъмир ва
тармими ҳуҷҷатҳо.