Умут Аҷар: Мехоҳам ҷавонони турк асарҳои нависандагони тавонои тоҷикро бихонанду бишносанд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуровро ба забони англисӣ мутолиа намуда, аз таъриху фарҳанги мардуми кишвари мо иттилоъи судбахш гирифтааст. Вай ҳамчунин аз тамошои гӯшаи китоби кишвараш дар Китобхонаи миллӣ шод шуд ва хостори табодули китобу таҷриба миёни китобхонаҳои ду кишвар шуд.  Дипломати олирутбаи Туркия ҳамчунин гуфт, ки мехоҳад адибони маъруфи тоҷикро дар Туркия бихонанд ва бо осорашон бештар ошно шаванд, ҳамчунин тоҷикон аз осори адибони шинохтаи турк огоҳии бештар ёбанд.

Умут Аҷар, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз ба Китобхонаи миллӣ ташриф овард. Сафирро Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ва муовини аввали ў Салима Раҷабзода пешвоз гирфтанд.

Сайёҳати меҳмон нахуст аз мусаввараи Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифӣ, ки дар ошёнаи 3-юми Китобхона ба намоши гузошта шудааст, оғоз гардид. Сафир аз дидани тасвири мусаввири бузурги тоҷик бобати расму русум, фарҳангу сиёсат, тамаддун ва адабиёти беназири мардуми тоҷик маълумот гирфта, ба он таваҷҷўҳ зоҳир намуд. Меҳмони олиқадр осорхонаи китоби Китобхонаи миллиро низ тамошо намуда, бо дастхатҳову китобҳои он, аз ҷумла «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ, «Гулистон»-и Саъдӣ, «Ҳандаса»-и Насираддини Тусӣ, «Тазкират-ул-авлиё»-и Шайх Аттори Нишопурӣ ошно гардид.

Дар осорхонаи китобҳо ҳамчунин намунае аз хатҳои қадимии мехӣ, куфӣ, паҳлавӣ, настаълиқ ва ғайра ба намоиш гузошта шудааст.

17 китоби чопи сангӣ, ки туҳфаи Пешвои Муаззами миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба китобхонаи милӣ аст, ба меҳмони гиромӣ муаррифӣ гардид.

«Сияри шариф» бузургтарин китоби Китобхонаи миллист, ки 8 килограмм вазн дорад ва бо оби тилло ҳаккокӣ шудааст.

Пас аз ошноӣ бо шароит ва имконоти китобхонаву шуъбаҳои он дар толори пазироӣ миёни директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ва Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умут Аҷар суҳабти самимиву судманд сурат гирифт.

Профессор Файзализода ба меҳмони олиқадр дар бораи таърихи бунёди ин бинои муҳташам мухтасар маълумот дод ва аз ҷумла гуфт: Китобхонаи миллӣ соли 2012 дар арафаи Наврўзи байналмилалӣ бо ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шуруъ кард. Китобхонаи миллӣ дорои тамоми шароитест, ки дар арсаи ҷаҳон қабул шудааст. 9 толори барҳаво барои тамоми маҳфилҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дорад. Ҳамзамон толорҳои хониши Китобхона дар як вақт аз 1500 то 2000 хонандаро метавонанд аз дар худ ҷой диҳанд.

Дар суҳбат зикр гардид, ки Китобхонаи миллӣ тавони ғунҷоиши 10 миллион китобро дорад ва айни ҳол махзани он дороибеш аз  4 миллиону 400 ҳазор китоб ва дигар маводи чопӣ мебошад.

Китобхонаи миллӣ маҳалли баргузории озмунҳои муҳиму бузурги ҷумҳуриявӣ низ мебошад. Китобхона мизбони даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикон -оинаи таърихи миллат» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.

Дар ин суҳбат сарвари Китобхонаи миллӣ доир ба китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров барои мардуми тоҷик ва аҳамияти таърихии он таъкид дошт.

Аз ҷумла ў гуфт ин китоб аз ҷониби Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми мардуми тоҷик туҳфа гардид.

Ҷаноби Сафир иброз дошт, ки китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуровро ба забони англисӣ мутолиа намуда, аз таъриху фарҳанги мардуми кишвари мо иттилоъи судбахш гирифтааст.

Сарвари Китобхонаи миллӣ аз ҳамкориҳои Китобхонаи миллӣ бо Ҷумҳурии Туркия сухан ба миён оварда, аз конфронси байналмилалии Мавлоно ёдовар шуд, ки дар он намояндаи сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон низ ҳузур дошт.

Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин иброз дошт, ки тасмим гирифта шудааст, ки ҳар сол дар солрӯзи бузургдошти Мавлоно дар ин боргоҳи маърифат як ҳамоиши илмӣ баргузор шавад.

Сафири Фавқулода ва Мухтор Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гўшаи китоби Ҷумҳурии Туркия дар Китобхонаи миллӣ боздид ба амал оварда, барои додугирифти китобҳо миёни Китобхонаи миллӣ ва кишвари Туркия изҳори омодагӣ намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар айни замон дар Китобхонаи миллӣ беш аз 100 китоби туркӣ мавҷуд аст.

– Китобҳое, ки аз забони туркӣ ба тоҷикӣ чоп шудаанд, мавриди истифодаи хонандагони Китобхонаи миллӣ мегарданд. Ҳатто дар бахши адабиёти ҷаҳонии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» аз адибони барҷастаи Туркия руйхати китобҳо пешниҳод шудааст.

Робитаи фарҳангии мо бо Ҷумҳурии Туркия канда нашудааст. Ҳатто дар замони Шўравӣ баъзе китобҳои адибони Туркия ба забонҳои русӣ ва туркӣ нашр шудаанд ва мардуми тоҷик бо адабиёти Туркия аз ҳамон замон ошно ҳастанд, гуфт дар идомаи суҳбаташ сарвари Китобхонаи миллӣ.

-Мехоҳам ҷавонони турк асарҳои нависандагони тавонои тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва дигаронро бихонанду бишносанд ва  ҷавонони тоҷик асарҳои адибони моро,- иброздошт Сафири Туркия дар охир.

Тарафҳо дар бораи равобити мутақобилаи китобхонаи ду кишвар, табодули таҷрибаву китоб изҳори назар карданд.

Раҳима АЪЗАМ,
бахши матбуо
т ва
робита бо ҷомеа