Ҳунари зан ва асрори куҳан

Ҳунари зан Як аср пештар мардумшинос М. Андреев навишта буд: “Зан дар хонаи тоҷик ҳунарвару ороишгари мумтоз аст. Озин бастану оростани девору кошона, тасвиру гулдузиҳои рӯи  матоъ маҷмуи тахайюлоти ӯст. Чаманистони эҷодаш бо анвои гулу гиёҳу ҳайвонот назаррабост. Савораро рӯи аспи дар дав ва нахчиру парандагонро  метавон дар ин боғистон вохӯрд”.

Ба қавли бештари муҳаққиқон ҳунари зани тоҷик дар кор бо матоъ намоёнтар аст. Ӯ зебоӣ меофарад ва дар сӯзанӣ гулдӯзиҳо, сарандоз, тоқиҳо, ҷӯробу шероза орзуву омолашро нақш мебандад. Қаламкашӣ ва қаламзании эшон паҳлӯи дигари фаъолияташон боқӣ мемонад. Тасвири офтобу моҳ ба сони косагулҳо, ситора ба сони нақшҳои хурд, ки чашми осмонанд ва нигораҳои хурду реза: кунгура, пайи хирс, аштак, пайи гунҷишкак, тоҷи хурӯс, забони булбул, пайи зоғак, турна, гули нор, анора кафта, аждаргул ва ғайра мазмунҳои густаришхӯрдаи қаламзанони кӯҳманзар аст.

Тасвири офтобу моҳу ситора ба тамаддунҳои нахустини маҳаллӣ дар иртибот мебошанд. Ҳарчанд дар сарзаминҳои ориёнишин мавҷудияти онро хел куҳан маънидод мекунанд. Вале бештари ҳолот дар алоҳидагӣ вуҷуд доштанд. Чуноне ёдгориҳои Саразм, Чилтанбобои ноҳияи Фархор ба гуфтаи мо далел мебошад. Бо вуҷуди ин, бино, ба таҳқиқи пажӯҳишгарон рамзи моҳу ситора аз овони шумериҳо бозмонда, ҳамоҳангии ин дуро баён мекунанд. Пайваста дар канори ҳам тасвир мекунанд, ки ишора ба дӯстиашон будааст. Дар маҷмӯъ дар канори ҳам омадани моҳу ситора намоди дӯстист.

Анъанаи кӯҳан, ки дар замони Ҳахоманишӣ низ ривоҷ дошт  ва рамзи давлатдорӣ ва иқтидор пазируфта мешуд дар асрҳои пасин бо мазмуну моҳияти пешина боқӣ монд. Тибқи тадқиқ яқин шуд, ки намоди моҳу ситора ҳамчун рамзи нерумандӣ дар сиккаҳои шоҳу сулолаи Ашкониён Фарҳоди IV ба мушоҳида мерасад.

Мо ва пажӯҳишгарони дигар ҳадаф ва мақому мартабаи рамзҳоро ҷустуҷӯ мекунем, хадс мезанем ва далелҳои собит пайдо мекунем. То куҷое дар хотираи таърихии халқ решаву амъоқи нигораҳо боқӣ мондаанд. Онҳо ба тариқи худ шарҳ медиҳанд ва шояд низ аз тафсилоташ оҷизанд. Бо вуҷуди ноогоҳӣ аз воқеияти таърихӣ занон дар тасвири ҷирмҳои осмонӣ ҳунари комил доранд. Гоҳе рамзҳои офтобу моҳро ҳамчун тасвири арӯсу домод қабул мекунанд. Ин низ як андешаест, ки зиёне надорад, балки ҳама ба василаи хотираи халқ аз насл ба насл вомондааст.

Дар миён, бино ба навиштаи М. Андреев занон посдорони санъати кулолӣ низ буданд. Албатта, ҳунар ва таҷрибаи сайқалхӯрда ва падидаи такрорёбандаи таърих  аст. Яъне нахуст аз маснуоти сангӣ ва сафол нақшу нигора ба матоъ кӯчид ва бо гузашти асрҳо ҳолати акс ба вуҷуд омад. Дар ҳамин замина мардумшиноси рус менависад, ки дар водии рӯди Ёхсу тасвирҳои зарфҳо бо рангҳои сурх ва ҷигарӣ ба навҳе зебо буданд, ки кӯзаҳои рангхурдаи ҳунармандони Юнони қадимро мемонданд. Ба вижа гулпаротоӣ дар девор ва ғулиҳо (кӯлӣ барои нигаҳдории ғалла) назаррабо буданд. Гиёҳи тахаюлии тасвиршуда, рӯ ба боло панҷа зада, гӯё сар аз мусаввара берун мекунанд, ки манзараи дилнишинро ба вуҷуд меоваранд.

Воқеан занон барандагони ҳунар ва мушоҳидакору эҷодкоранд. Тахаюлоташон дар орову торои худ санъаткорона ва саҳифаи хосаи таърих мебошад. Ҳикмати пушоку пари зан аз мақому мартаба ва шарафашон гувоҳ аст. Аз ин рӯ занон номуси халқу миллат шинохта мешаванд. Маҷмӯи офари даашон аз бовару тасаввурот, оину одат иборат буда, ба шароит ва тарзи зисташон созгор аст. Агар аз даврони куҳан либос вазифаи эмин доштан аз сардӣ ва пушидани баданро дошт, пас чанд садсола аст, ки инъикостари ҳунари комил, оин, муд, санъат ва дилрабоӣ мебошад. Либос ба онҳое мезебад, ки табъи воло ва андешаи ҳокимона дорад. Духту дӯз, ки зебоӣ меафзояд аз ҳамин омилҳо мерӯянд. Дар тӯли таърих либоси миллӣ – анъанавӣ ҳамин паҳлуҳоро рӯшан намуда умри дароз дид.

Суннати чеварӣ низ таърихи куҳан дорад. Зеро мардуми Осиёи Миёна ҳанӯз аз ҳазораҳо III-II қабл аз мидод ба пахта ошно буданд ва маснуот аз он омода мекарданд. Дар ин хусус, дар қарнҳои пасин ахбори сайёҳони чинӣ шаҳодат медиҳанд. Онҳо оварданд, ки дар Тохористон аз пахта,  мӯина ва пӯст либос омода мекарданд. Чуноне осори бостоншиноси гувоҳ аст дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти мардуми минтақа дар аҳли Кушониён ба вуқуъ пайвастааст. Дарёфти матои сурх аз пахта, бо нақшу мазмуни “дарахти ҳаёт” (асри II –III), аз ноҳияи Фархор аз рушди ин намуна гувоҳ аст. Нақшҳои заррини вомондааш шоҳиди пайдоиши ҳунари гулдузӣ мебошанд:

Дар сардараҳо чанори пургул дидам ,

Дар шохи чанор ду ҷӯра булбул дидам.

Ҳангоме аз бозёфти маскат, ки ба писарбачаи 10-12 сола таалуқ дошт ва дар он тасвири дарахт ва дар шохаҳояш ду парандаро нақш баста буданд, ҳамин байти халқӣ ба ёдам омад. Яъне сухани халқ беҳуда ва бемоя нест. Сухан фақат атрофи як бозёфт ё байти халқӣ намеравад. Балки андешаи пурмуҳтавоеро дар ботин дорад, ки ба мудовимати зиндагӣ пайванд аст. Ва бояд чунин бошад, ки аз иттиҳоди ду ҷинс рӯзгор маъно мебардорад. Яқин аст, ҳунари занон дар заминаи зиндагиномаи халқ бар асари ҳунари ҳирфавӣ ва табодул шакл мегирад ва аз таҷриба ақвоми омад бархурдор мешавад. Дар асл ҳунари ихтисосию касбиро ҳунари мардумӣ сарчашмаи асосӣ аст.

Осори “Тахти сангин” ба ин паҳлӯи нозуки рӯзгори аҷдод-сару либос, ба қавли мардумпову пар, рӯшанӣ меандозанд. Тасвирҳои алоҳидаи занону мардон ва ороишот намоёнгари намунаҳои маҳалӣ ва юнонианд. Мувофиқи маводди бостоншиносӣ (тасвири рӯи зарф, сиккаҳо ва ғ) пушоки шоҳони аҳлу дарбор, ашрофон ва шоҳбону  аз пироҳану хилъат то пойафзол фарқ доштанд. Онҳо зебову нафис ва чармину чӯбину пошнабаланд буданд. Сару либос вобаста ба маврид ҷашнвораҳо, маросимҳои хоса, фароғат ва ғайра шаклҳои тоза гирифтанд.

Аз кай нақшу нигорҳои дар пироҳани занон пайдо шуд, маълумоти дақиқ нест. Вале яқин шудааст, ки дар аҳли ҳахоманишинӣ дебоҳо – пироҳанҳои занонаи дароз, то буҷулаки пойҳоро мепушонд. Онҳо чиндорӯ пар-пар бо остинҳои шероздор шуҳрат доштанд. Ба ақидаи олимони Ғарб бар асари фарҳанги элинӣ дар пироҳани занони бохтарӣ камарбанди нафис пайдо гардида, ки  пеши бар сари синаро барҷаста намои намоиш медод. Ва ҳам дар ҳамин давра бар сари китф партофтани матои ҳарир расм шуд. Аммо ин андеша аз назари мо саҳеҳ наменамоянд. Зеро ҳанӯз дар аҳди бостон Ардависура Аноҳид бо камарбандӣ зарҳалӣ тасвир шудааст. Ончуноне донишманди тоҷик Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ дар ҳамин мавзуъ ба “Ардовисур Аноҳид Яшт” муроҷиат мекунад. Дар он ҷо омадааст, ки ба номи ӯ рӯди бузурге мавҷуд аст. “Ҳар яке аз рӯдҳо ва дарёҳое, ки аз Ардависур ҷорӣ мешавад, чунон бузурганд, ки  савор 40 шабонарӯз ба гирдогирди онҳо наметавонад расад. Ин рӯдҳо тамоми ҷаҳонро фаро гирифта аз об таъмин менамоянд ва дар канори ҳар яке аз онҳо қасри ҳазорсутун бо ҳазор дарбачаи дурахшон баро Аредвисур барпост. Дар ҳар қаср дар тахте бистари покизае барои Аноҳит густурда шудааст. Аноҳид зани ҷавон, зебо, баландболо, барӯманд, чеҳраозода, бозувони сафед, синаҳои барҷаста, дар миёнаш камарбанде танг барбастааст.

Дар болои гардунаи зарин дар чаҳор асп баста дар осмон парвоз карда, обҳои дунёро назорат мекунад. Дар тан либосҳои зарин, гарданбанду дасмона ва мӯзаҳои зарин, гӯшвораҳои зарини чоргӯша дорад”.

Дар муҷассамаи гилини зан (а.III-II то милод) ин манзара зеботар ба мушоҳида мерасад. Пироҳани зан пойҳояшро паноҳ кардааст. Дар миён камарбанди аз пеш гиреҳзада дорад. Рӯяш як тараф ва ба боло менигарад. Даҳонаш нимво, гуё суруд мехонад. Ҷойи шубҳа нест, ки сарояндагии занон низ таърихи қадима дорад. Ба ин тасвирҳои занони чангнавози ёдгории Халчаён (Узбекистон) ва мусиқинавозони Ҳулбук далеланд. Ҳайкалчаи сафолии зани чангнавоз аз намунаи барҷаста ҳунарӣ намояндагӣ мекунад. Чанги камоншакл (арфа) бунёди бохтарӣ дошт. Андеша доранд муҳақиқон ва пасон ба Миср бурда шуд. Ин замон мисриён ин асрорро қоиланд ва чанги осиёӣ унвонаш додаанд. Мусаввараҳои Ҳулбук гувоҳанд, санъатварон либосҳои хосса: пироҳани расмӣ ва нимтанаи бофта бо шарвор доштанд. Дар Ҳулбук тасвири ду навозанда пайдо гардид, ки хеле дилчаспанд. Чунончӣ навозандаи якум бо пироҳани дароз, гиребони мавзун тасвир шудаст. Сари остинҳои васеъ, ки то банди даст мерасад, нақш дорад. Нимтанаи кушоди навозандаи дуюмро камарбанди нафис ҳусну оро бахшидааст. Ин деворнигораҳо ишора, бад-он мекунанд гулпартоӣ дар пироҳан ва миёнбанд дар ҷиҳози занона дар асрҳои миёнаи барвақти роиҷ будааст. Вале дар асрҳои қаблӣ тасвирҳои ҳунармандонае пайдо гардидаанд, бунёди эҷодро қадимтар қаламдод мекунанд.

Дар миён ду ҳайкалчаи зан (Саксанохур, Фархор), ки дастонашон аз шикам поён (муаянкунандаи ҷинс) рӯйи ҳаманд ғалатист. Пироҳан аз боло ба сӯи доман панҳн ва дар поён чиндору парпар мешаванд. Остинҳо бо хатҳои мавҷдор оро ёфтаанд. Дар даст оина доранд. Пайкараҳо аз дунёи созандаи гулдузҳо ва чеварон ахбор медиҳанд.

Ҳамзамон асрори оинаро, ки дар шодиву сурури мардум муҳим буд, мекушоянд.

Дар Тахти Сангин фариштаи муҳаббат Эрот низ бо пироҳани гулдор ва камарбанди нафис тасвир шудааст. Дар ҳамин ёдгори лавҳа бо тасвири шабеҳи зан, бо думи мормоҳӣ, нимасп ва болдор ва болдор хеле ҷолиб аст. Бо дасти чап боли заврақрониро ба тариқи амудӣ бардошта, бо дасти рост маводи лунда (себ, сан, садаф)-ро партофтанист. Мӯйҳои пурпечутобаш кушода ва парешонанд. Чеҳра бо бинии рости дароз пешонии фароҳ, камони абрувон ва лабони моили табассум, зебо ва дилбаранд. Онро тасвири “парии оби” номидаанд, ки заркорона ва ҳунармандона сохта шудааст.

Умуман ба сурати зан офаридани бештари нигораҳо ба мавқеъ ва мақоми зан робита доранд. Дар симои онон маъшуқа, модар, ҳамсар ва офарандаро мешинохтанд.

Ин замон рӯ ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дорем. Ишора ба он аст, ки хотираи таърихии мардум қавитар аз ҷангу пайкорҳо, тағйироти сиёсию мазҳабӣ буда, намунаҳои беҳтаринро чун рамзи устувори умри миллат барои имрӯзиён боқӣ мегузоранд.

МАНБАЪ: Ҷонибек Асрориён, Сорбон Тоҳирӣ: “Рангу намодҳо дар ҳунар ва шуғл”. Кӯлоб, 2025.

Хоҳишмандон ин китоби шавқоварро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Баргигул Наботова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.