Устод Зиё Абдулло се китоби тозанаш бо ҳуруфи форсиро ба Китобхонаи миллӣ супурд
3 нусхаи ҳатмии китоби “Нигоҳи вожгуна ба чанги воруна”(шарҳе барои “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ)-и дорандаи Ифтихорномаи Шӯрои олии Тоҷикистон устод Зиё Абдулло аз ҷониби муаллиф ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон туҳфа гардид.
Ин китоб бо хатти сирилик соли 2023 чоп шуда буд. Акнун бо хатти форсӣ баргардон ва ба Китобхонаи миллӣ пешниҳод шуд. Тафовути дигари китоби форсӣ аз китоби бо хати сирилик нашршуда шрифти бузургтар аст, ки хонданро осонтар мекунад.
Чунин шарҳ барои “Шоҳнома”, ки ҳам аз нигоҳи равоншиносӣ ва метафизикӣ буда бошад, то ҳол ба нашр нарасида аст.
Зимнан дорандаи медали “Хизмати шоистаи Тоҷикистон” устод Зиё Абдулло бо Китобхонаи миллӣ ҳамкории мудавому самаранок дошта, ҳанӯз зимни таъсиси ин бино 400 китобашро аз китобхонаи шахсиаш ба Китобхонаи миллӣ ҳадя карда буд.
Ҳоло ҳам нусхаҳои ҳатмии ҳар китоби тозанашрашро сари вақт ба Китобхонаи миллӣ месупорад.
Ҳаводорон китоби “Нигоҳи вожгуна ба чанги воруна”-и устод Зиё Абдуллоро бо хатти форсӣ метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд ва барои хариди он ба китобфурӯшиҳо ва муаллиф бо телефони 917175080 муроҷиат кунанд.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.