Узвияти беш аз 300 нафар хонанда давоми ду рӯз дар Китобхонаи миллӣ

Беш аз 300 нафар давоми 2 рӯзи охир ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд. Мувофиқи иттилои бахши бақайдгирӣ дар Китобхонаи миллӣ зиёда аз 300 нафар аъзои нав соҳиби корти истифодабарӣ гардиданд. Аъзоёни нави Китобхона донишҷӯёни донишгоҳҳо, коллеҷу муассисаҳои таҳсилоти миёна ва кормандони касбу кори гуногун ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ  мебошанд.

Бояд қайд кард, ки мақсад аз баргузории чорабинии Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ  ҳам маҳз ҷалби ҳарчи бештари мардум ба китобу китобхонӣ ва ошноии онҳо бо шароитҳои фароҳамовардаи давлату ҳукумат мебошад.

Меҳмонон дар Рӯзи дарҳои боз имкони бештари сайр дар тамоми толорҳо ва шуъбаҳои хизматрасонӣ, инчунин тамошои осорхонаи китобҳои нодир ва китобҳои замони истиқлол гушаҳои дигарӣ намоиширо дар Китобхонаи миллӣ доштанд ва баъд аз саёҳат аксари онҳо тасмим гирифтанд аъзои Китобхона гардида, минбаъд аз ин шароиту имконотҳо васеъ истифода намоянд…

Таъкид кардан ба маврид, аст, ки иқдоми Рӯзи дарҳои боз давоми ду рӯз  4-5 уми сентябр дар Китобхонаи миллӣ идома ёфт ва зиёда аз 2500 нафар ба Китобхона ташриф оварда, бо имконоти мавҷуда дар ин даргоҳи илму адабу фарҳанг ошно гардиданд.

Гузориши муфассал аз баргузории ин чорабинӣ нашр мегардад.

Наргис НАЗАРЗОДА