Васфи Парчам дар суханони Пешвои миллат
Ҷашни Рўзи парчам – эҳтиром ба рўҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тўли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба рўҳи равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рўдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.
**** **** **** ****
Ҳанўз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нирўманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад.
**** **** **** ****
Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад.
**** **** **** ****
Эҳсоси муҳаббат ба Парчам ҳамон вақт умумимилливу мардумӣ, мегардад, ки агар бидуни расмиёт ё ҷашнҳои умумидавлатӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳтироми онро ба ҷо оварад.
**** **** **** ****
Парчами миллӣ ифодагари истиқлол, нангу номус, ватандўстию ҳувияти милл мардуми куҳанбунёди мост.
**** **** **** ****
Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
**** **** **** ****
Аз китоби “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон” таҳияи Зебонисо Давлатова, мутахассиси пешбари Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.