Вохӯрии директори Китобхонаи миллӣ бо намояндаи нашрияҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин
Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи матбааи “Чин-Пекин”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, хонум Жоу Ҳусин ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард ва бо директори он, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода мулоқот кард.
Директори Китобхонаи миллӣ зимни суҳбат меҳмонро бо таърихи китобу китобдорӣ дар Тоҷикистон, бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ ва шароиту имкониятҳои он, зарфиятҳои техникиву иттилоотии китобхона шинос кард.
Ҳамзамон дар бораи ҳамкориҳои байналмилалии Китобхонаи миллӣ, додугирифти китобҳо бо китобхонаҳои машҳури олам, гӯшаҳои китоби давлатҳо, аз ҷумла Гӯшаи китобҳои Чин дар Китобхонаи миллӣ, роҳандозии омӯзиши забонӣ чинӣ дар муассиса, шавқу завқи забономӯзии шаҳрвандони Тоҷикистон, таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ изҳори назар намуд.
Хонум Жоу Ҳусин дар навбати худ дар бораи ҳадафи сафараш ба Тоҷикистон, диду боздидаш аз муассисаҳои эҷодиву фарҳангӣ, таассуроташ аз сайру диданҳо аз Китобхонаи миллӣ нақл кард.
Гуфтанист, ки ташрифи меҳмонон ба Тоҷикистон дар доираи намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” анҷом шуда, дар баробари намоишгоҳ аз марказҳои фарҳангӣ ва идораҳои илмию тадқиқотӣ боздид менамоянд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамасола зиёда аз 2 ҳазор номгӯи рӯзномаҳо ба нашр мерасад ва зиёда аз 10 ҳазор номгӯи нашрияҳои даврӣ маҷалаҳо ба чоп мерасад, шумораи умумии нашрияҳо зиёда аз 40 миллиард нусха дар як солро ташкил медиҳад. Ҳар сол беш аз 10 миллиард китоб ба чоп мерасад.
Рӯзномаҳо зиёда аз 2000 ва шумораи солонаашон 19 миллиарду 500 нусха буда, нашрияҳои даврӣ зиёда аз 10000 номгӯ ва ҳаҷми солонаи китобчопкуни зиёда аз 10 миллиард ҷилдро ташкил медиҳад.
Ганҷина Ҷолаева, мутахассиси бахши робита бо ҷомеа.