Воситаи нави таълимии «Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Муаллифи китоби мазкур Нурмаҳмад Ахмедов буда, соли ҷорӣ тибқи қарори Шурои илмӣ-методии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт рӯи чоп омадааст.
Ин воситаи таълимӣ дар асоси барномаи ҳуқуқи конститутсионии ҶТ ва қонунгузории амалкунанда ба таври мухтасару мушаххас ба масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи конститутсионӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ ва илми ҳуқуқшиносӣ, мафҳуми конститутсия ва инкишофи он, асосҳои сохтори конститутсионии ҶТ, усулҳои амалигардонии ҳокимияти давлатӣ, соҳибихтиёрии халқ, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд, сохтори марзӣ – давлатӣ ва марзию маъмурӣ асосҳои конститутсионии ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, низоми интихобот ва ҳуқуқи интихобот, ҳокимияти қонунгузорӣ ва асосҳои ташкили он, мавқеи Маҷлиси Олӣ дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таъсиси мансаби Президенти ҶТ, Ҳукумати ҶТ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, вазъи ҳуқуқии мақомоти худидораи шаҳраку деҳот ва тартиботи ташкили фаъолияти онҳоро фаро гирифтааст.
Бо ҳамин назардошт китоби мазкур ба донишҷӯён, магистрантҳо, унвонҷӯён, омӯзгорони фанни ҳуқуқ ва умуман шахсоне, ки ба фанни ҳуқуқ мароқ зоҳир менамоянд, тавсия дода шудааст.
Ҳоло китоби «Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутапхассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд