«Як бўсаи модарам»

Нақди адабӣ дар ҳар давру замон боиси пешрафти адабиёт будаву адибон ба мунаққидоне ниёз доранд, ки камбуди асарҳояшонро бо таҳлилҳои мантиқиву имлӣ бигӯянд. Мо дар гузашта шоҳиди баҳсҳои зиёд миёни адибон ва мунаққидон будем ва ин баҳсҳо баъзан дар саҳифаҳои матбуот хеле доманадор пайгирӣ мешуданд, донишмандони зиёде ба он ҳамроҳ мешуданд. Чизест, ки ҳоло хеле кам дида мешавад. Мактабҳои танқиди адабии фаъол ҳоло тақрибан хомӯшанд.

Дар маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, соли 1983,№1 мақолаи Наима Қаҳҳорова бо номи “Як бӯсаи модарам” чоп шудааст, ки аслан тақриз ба “Модарнома” ном маҷмуъа будааст. Чун як намуна аз андешаҳои олим ба шеъри он рӯз хостем мақоларо комил нашр кунем.

«ЯК БЎСАИ МОДАРАМ»

Шеъри ба тозагӣ навиштаи Ашўр Сафарро хондаму ба андеша афтодам. Ҳама бузургони олам, ҳар фарде дар васфи модар сухане, байте, достоне гуфта, муҷассамае сохта, суруде офарида, бузургӣ ва шаҳомати модарро бо як ҷаҳон меҳру ихлос ва сипос ба қалам додаанд. Вале Ашўр Сафар образи нави модари маҳзун ва маҳҷурро тасвир мекунад, ки барои фарзанди фавтидааш навҳакунон бо чашми гирён ва дастони ларзон гўр мекунад. Соли мудҳиши ҷанг мардон ҳама ба мудофиаи Ватан рафта буданд, ғайри модар касе набуд, ки барои кўдаки сесолае гўр биканад. Модари маҷруҳдил маҷбур мешавад, ки бо дасти худ тифлаки маъсумашро ба лаҳад супорад. Бояд гуфт, ки дар ин образи офаридаи шоир модар бо тамоми бузургӣ, далерӣ ба ҳар як ғаму дарду ранҷ, ноҳинҷориҳои зиндагӣ омода будан, сабурӣ ва шикебоии модар ба мисли як муҷассамае ба назар мерасад.

Ваҳ, чӣ сон сахт аст, вақте модаре

Гўр бар пайванди ҷонаш меканад!

Ваҳ, чӣ сон сахт аст, вақте модаре

Мениҳад фарзанди худро бар лаҳад!

 

Фарёди ҷонкоҳи модар бар сари қабри писар: «сулҳ бояд дар ҷаҳон сарвар шавад!» гуфтанҳояш худ як рамзи ҳамеша хостгору ҷуёи сулҳу амонӣ будан, марги фарзандро надидан, беҳрӯзу хушбахт будан аст. Шеъри «Ёд»-и Ашўр Сафар ҳамаро, алалхусус имрўзҳо, ки дар Лубнон ҷанги шиддатноке меравад, ба фикру андеша водор месозад.

Модарон сулҳ мехоҳанд.

Бо чунин андешаҳо маҷмўаи «Модарнома»-ро бо ёди модари пире, ба сипоси дастони пурэҷозу пурэҳсон, ба шукри дили меҳрпарвару бузург ба даст гирифтам. Тамоми ашъори маҷмўа (ки аз унвонаш пайдост) ба накўтарин ва наҷибтарин инсон – Модар бахшида шудааст. Бори дигар кас аз сухандониву суханрезии устод М. Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мўъмин Қаноат, Лоиқ ба осмони назми дилпазири тоҷик бо дилу дидаи бедор, бо тахайюлоти ширин менигарад. Шеърҳои  «Дасти модар», «Дили модар», «Модарам»-и устод М. Турсунзода, «Сурўши модарон»-и Мўъмин Қаноат,  «Модар», «Ба модарам»-и Лоиқ хотирангезанд. Дастони навозишгар, қалби пурэҳсон, дарду доғ, кинаву адовати модарро ин устодони сухан ба дараҷае нигоштаанд, ки образи модар бо ҷилоҳои тозае падидор мешавад.

Маҷмўаро саҳифа ба саҳифа варақ мезанем… аз 62 шоири тоҷик 82 шеър гирдоварӣ шудааст. Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Т. Шокиров дар танзими маҷмўа заҳмати зиёде сарф кардааст. Бори нахуст бо саъй ва эҳтимоли тамом модарномаи шоирони тоҷик ба шакли як маҷмўа ба нашр ҳозир шудааст, ки ин боиси хушнудист ва иқдоми некест.

Табассуми модар, дастони навозишгар, нигоҳи муҳаббатомез, аллаи модар, гуфтори шакаррез, фидокориву садоқат, латофату назокат, сурату симо, меҳру ёди модарро аз чакидаҳои хомаи Аминҷон Шукуҳӣ, Гулчеҳра, Файзулло Ансорӣ, Қутбӣ Киром, Мастон, Гулрухсор, Алӣ Бобоҷон, Ғоиб Сафарзода, Саидалӣ Маъмур, Гулназар, Ҳақназар Ғоиб, Камол Насрулло ва дигарон мехонем. Онҳо бо як дилбастагиву ихлосмандӣ, бо як самимият ва эҳтироми бузург модарро васф кардаанд, зеро ҳадиси модар беинтиҳост.

Модар, модар, накўтарин инсонӣ,

Тобовари гарму сарди ҳар давронӣ.

Гаҳ нарму латифу гаҳ матиниву қавӣ,

Нозук зи гулу сахттар аз сандонӣ.

 

Вале бо таассуф бояд гуфт, ки дар ин маҷмўаи хуб як қисм шеърҳои тасодуфӣ, дар баъзеашон мисраву байтҳои аз ҷиҳати вазн хароб, як навъ ноҷўрӣ, бандҳои сусту такрор ба назар мерасанд. Баъзе калимаву ҳарфҳо аз байн рафта, маъноҳо дигар шудаанд. Дар пешгуфтори мураттиб чунин байт Саъдии Шерозӣ ҳаст:

Дарахтест лолаи ҷонпарвараш,

Валад меваи нозанин дар бараш.

 

Дар сатри якуми ин байт дар натиҷаи шитобкорӣ ва саҳлангорӣ ба ҷои «болои» барғалат «лолаи» омадааст. Дар мисраи «Аз китоби номҳо… мувофиқ кофтӣ» (саҳ. 118) калимаи «номи» афтода, аркони маъниро хароб кардааст.

Дар маҷмўа шеърҳое ба назар мерасанд, ки дар онҳо калимаву ибораҳо дар ҷои худ истифода нашудаанд ва аз бадеиёт тиҳианд.

Дар гусели ман марезон оби чашми хешро,

Хонаи чашмат мадеҳ бар сели ҳасрат, модарам.

Меравам сарбозию дар синаи Модар – Ватан,

Боз бедорам чу қалби беқарорат, модарам.

 

Мулоҳиза фармоед, ташбеҳҳои муғлак, андешарониҳои хароб, «Сели ҳасрат, қалби беқарорат» гуфтани шоир дар ин маврид чӣ маънӣ дорад?

Нури ду чашмони ман

Қуввати дармони ман

Боиси даврони ман.

 

Барои танҳо танг наомадани қофия, ҳамвазн будани он алалхусус, дар васфи модар магар ҳар чиз гуфтан мумкин аст?

Дар сатрҳои зерин, ки ба қалами шоирони гуногун тааллуқ доранд, ба ҷуз суханони хушку холӣ, гапҳои бемантиқ ва дур аз бадеиёт дигар ягон нишони шеъри ҳассонро намебинем:

Ҳар қадар кўшиш кунед аз ҷону тан,

Дар паи иҷрои фармони Ватан.

Боз ҳам бешу фузунтар доимо,

Медурахшад ахтари иқболи мо,

Боз ҳам хурсанд мегардад Ватан,

Бишкуфад гул-гул чаманҳои Ватан.

(саҳ.31)

Бигрифта маро ту андар оғўш,

Шабҳои дароз алла гуфтӣ,

Овози хушат намуда ман гўш,

Дар хоб шудам ту худ нахуфтӣ.

(саҳ.43)

Очаам аз кор омад,

Монда шудасту хаста,

Мехоҳад, ки дам гирад

Дар лаби кат нишаста.

(саҳ.49)

Ҳама хобу шабон бедор модар,

Ба тифли хеш хизматгор модар.

Даме ки тифлро хобаш гурезад,

Шавад он лаҳза ғамбемор модар.

(саҳ.114)

Баҳси басе гуворо

Бишнидам аз бачаҳо,

Ҳар яке таъриф мекард

Бо фахр модарашро.

(саҳ.121)

Аз ин гуна шеърҳо, ки шояд ба хотири пур кардани маҷмўа хеле фаровон оварда шудаанд, боз бисёр мисолҳо метавон овард.

«Як бўсаи модарам буд, ки маро наққош кард» – навишта буд Рафаэли бузург. Як бўсаи модар Рафаэлро дар тамоми олам машҳур гардонд. Ў дар асарҳояш модарро бо тамоми нафосаташ тасвир карда буд. Ба баъзе нигорандагони сухан на бўсаи модар асар кардаасту на ҷонфишониҳои он, вагарна чунин «шеърҳо» пайдо намешуданд. Оё ҷоиз аст, ки ҳар чӣ ба забон ояд, дар васфи модар бигўем? Ҳаргиз! Ман фикр мекунам, ки модар қутбнамои мост, олиҳаест, ки тасвираш беохир аст. Бояд ба ин дилработарин мавҷудоти табиат шеъри арзанда ва шоиста бигўем.

Агар мураттиб асрори назмро медонист, аз шеърҳои суст сарфи назар мекард. Дар маҷмўа байтҳову калимаҳои ғалат зиёданд ва ин, албатта, дар натиҷаи беэътиноӣ ба амал омадааст, вагарна ба ҷои огоҳӣ, огаҳӣ, гаҳ-гоҳ, пос-под, чун-чу, гарчи-гарчанд чоп намешуд.

Дар нашри минбаъдаи модарномаҳо бояд ба таври ҷиддӣ машғул шуд, то дар онҳо шеърҳои тасодуфӣ ҷой надошта бошанд. Ба модарномаҳо низ чун ба модари худ бояд бо меҳру муҳаббат ва дили гарм нигарист.

Наима ҚАҲҲОРОВА.

 

Аз маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, соли 1982,№1.

Таҳияи Мадина Ҳамидова,

 мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг

 ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.