Як китоби дигар аз ҳуқуқи байналмилалӣ
Муаллифи китоби «Ҳуқуқи байналмилалӣ» Раҷабов С.А. буда, он чун дастури дарсӣ барои магистрантҳо ва докторантҳои PhD пешниҳод шудааст. Он дар бораи мафҳумҳо, ниҳодҳо ва соҳаҳои ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ маълумот медиҳад.
Китоб аз ду қисм иборат аст. Қисми I асосҳои назарияи ҳуқуқ байналмилалиро дар бар мегирад. Қисми II ба баррасии муфассалтари соҳаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бахшида шудааст.
Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Саидумар Раҷабов дар сарсухан ба китоб навиштааст, ки муаллиф саъю кӯшиш намуд, ки китоби худро бо дарназардошти амалияи босуръат тағйирёбанда ва аҳамияти прогрессивии ҳуқуқи байналмилалии ҳуқуқи инсон таҳия намояд. Илова бар ин, муаллиф маводҳо дар бораи ҳуқуқи умумиҷаҳонии савдо, ҳуқуқи байналмилалии асъор, ҳуқуқи амнияти байналмилалӣ ва ҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо дар бобҳои нав муттаҳид намудааст. Аксари бобҳои боқимонда низ аз тағйироту иловаҳо баҳра бурданд.
Аз рӯи анъана китоби дарсӣ оид ба ҳуқуқи байналмилалӣ ба ду қисм тақсим мешавад. Қисми I асосҳои назарияи ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла ниҳодҳои асосӣ, маъқулаҳо ва мафҳумҳои ҳуқуқи байналмилалии оммавиро дар бар гирифтааст. Қисми II ба баррасии муфассалтари соҳаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бахшида шудааст, ки барои фаъолият дар соҳаи муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам амалӣ манфиатдор мебошад.
Хонандагон китоби Раҷабов С.А. «Ҳуқуқи байналмилалӣ» – ро дар Китобхонаи миллӣ метавонанд мутолаа кунанд.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд