Як китоби нав дар бораи асосҳои санъати тасвирӣ
Муаллифи китоби “Асосҳои санъати тасвирӣ” (дастури –методӣ) З.З Мирзабоев буда, соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд чоп шудааст. Он фарогири маълумоти мухтасар дар бораи намуд, жанр, анвои дарс ва равияҳои санъати тасвирӣ буда, барои роҳбарони маҳфилҳои санъати тасвирӣ, омўзгорони фанни санъати тасвири муассисаҳои таҳсилоти миёна, коллеҷҳо ва махсусан донишҷўёни донишгоҳҳои олӣ тавсия шудааст.
Дар сарсухани худ ба китоб муаллиф овардааст, ки низоми самарабахши маориф яке аз омилҳои асосии таъмини рушди устувор, пешрафти иқтисодиёт ва ҷомеаи ҳама гуна кишвар, аз он ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид менамоянд, ки “Асоси офаридаҳои рассомон ба фалсафаи ҳамзистии инсон алоқамандӣ дошта, дар онҳо муаммоҳои имрўзаи ҷомеа, зебоиҳои табиат ва вобаста ба ин, ҳифзи муҳити зист тасвир ёфтаанд, ки бешубҳа арзиши баланди тарбиявӣ дорад”.
Маълум аст, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ айни замон марҳалаи мураккаби инкишофро аз сар гузаронида истодаанд. Ин бо такмили низоми таълиму тарбия алоқаманд аст. Таваҷҷуҳи махсусро масъалаи баланд бардоштани нақши муассисаи таҳсилоти миёна, сатҳу сифати раванди таълим ва фанҳои алоҳида дар ташаккули муносибати маънавию ахлоқӣ, эҳтироми хонанда ба санъат, анъана ва оинҳои миллӣ тақозо менамояд.
Дар ҳама давру замон инсон ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон ҳамчун насли ояндасоз ва меросбарони хеш аҳамияти махсус зоҳир менамояд. Мавриди зикр аст, ки санъати тасвирӣ яке аз шаклҳои дарк кардани ҳақиқати реалӣ буда, қисми муҳими инкишофи ҳамаҷонибаи шахсияти инсон мебошад.
Санъати тасвириро таълим додан, хонандагонро ба фаҳмидан ва ҳис намудани зебогии табиат ва санъат водор намуда, муносибати эстетикаи онҳоро нисбат ба ашёҳо ва ҳодисаҳои ҳақиқати муҳит тарбия менамояд. Хонандагон асосҳои тасвириро аз худ карда онро дар фаъолияти эҷодии худ истифода мебаранд. Машғулияти санъати тасвирӣ дараҷаи маълумотнокии хонандагонро баланд бардошта онҳоро ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ тайёр менамояд.
Китоби “Асосҳои санъати тасвирӣ” (дастури –методӣ)-ро хоҳишмандон метавонанд дар толори хониши адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
Фирўза Таурова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.