Як рўзи адабиёт дар таърихи башар. 15-уми декабр
Соли 1683 нависандаи маъруфи англис, муаллифи рисолаи моҳидорӣ «The Compleat Angler» («Моҳигири моҳир”), асосгузори жанри тарҷумаи ҳол дар адабиёти англисӣ Исаак Уолтон дар синни 90-солагӣ тарки олам кард. Вай муаллифи тарҷумаи ҳоли шахсиятҳои маъруфи асри XVII, аз ҷумла шоир Ҷон Донн ва дигарон буд. Уолтон тасмим гирифт, ки дар рўзи 90-солагии зодрўзаш васиятномаи худро нависад. Аммо ба ў муяссар нагардид.
Фаъолияти адабии Уолтон дар соли 1619 бо навиштани шеъри «Муҳаббати Амос ва Лаура» оғоз ёфт. Машҳуртарин осори Исаак Уолтон тарҷумаи ҳоли афроди маъруфи асри XVII ва китоби “Ангари ҳунарӣ ё фароғати мутафаккир” буданд.
Соли 1702 адабиётшиноси испанӣ Хуан Ириарте, амаки Томас Ириарте – масалнавис ва шоири Испания дар Пуэрто-де-ла-Круз ба дунё омад. Муҳимтарин асарҳои ӯ: Феҳристи дастхатҳои юнонии Китобхонаи подшоҳии Мадрид («Codices graeci manuscripti»), ки аз он танҳо ҷилди аввал дар чоп баромад (Мадрид, 1769); грамматикаи поэтикии лотинии пас аз марги муаллиф нашршуда (Мадрид, 1771) ва ғайра мебошад.
Соли 1901 дар деҳаи Ҷазираи Сурх (ҳоло ноҳияи Сеченовскийи вилояти Нижний Новгород) нависанда, омӯзгор, шоир ва тарҷумони шӯравии тотор Қавӣ Наҷмӣ ба дунё омад. Ӯ барандаи Ҷоизаи дуюми Сталин буд.
Наҷмӣ мактаби русию тоториро хатм намудааст. Солҳои 1917-1919 дар деҳа муаллими синфҳои ибтидоӣ буд. Дар синни 12-солагӣ ба навиштани шеър шурӯъ кардааст. Аз соли 1919 ба фаъолияти адабӣ машғул шудааст. Мулоқоташ бо Максим Горкий дар соли 1928 роҳи ӯро ба эҷоди асарҳои бадеӣ боз кардааст. Ҳикояҳои «Писарбачаи канори шаҳр», достони «Оташҳои соҳил» (1929), повестхои «Баҳори аввал» (1930) ва «Роҳи равшан» (1930); маҷмуаҳои шеърии «Дар ҳамла», «Фарида», «Суруди баҳор» мансуб ба ӯст.
Соли 1918 нависандаи барҷастаи асарҳои илми тахаюлӣ, намоишноманавис ва рассоми шӯравӣ Север Гансовский ба дунё омад. Ӯ барандаи ҷоизаи ба номи Аэлита дар соли 1989 буд. Дар филмҳои зиёде нақш офаридааст. Наққошиҳои ӯ дар осорхонаҳо, галереяҳо ва коллексияҳои шахсии саросари ҷаҳон – Ҷопон, Амрико, Испания, Фаронса, Олмон, Русия, Полша, Чехия, Англия, Италия мавҷуданд. 6 сентябри соли 1990 дар шаҳри Москав фавтидааст.
Соли 1953 дар ноҳияи Комсомолобод (имрӯза Нуробод) адиб ва рӯзноманигори тоҷик Иззатбек Идизода чашм ба олам кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна (1971) ба факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1976 хатмаш кардааст.
Муддате котиби масъули рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Комсомолобод», котиби масъули Ҷамъияти «Дониш»-и ноҳия ва муҳаррири варзидаи идораи «Ахбор»-и Радиои Тоҷикистон, ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» будааст. Ҳоло мудири шуъбаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аст.
Шеъру мақола ва очерку лавҳаҳояш аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба табъ мерасанд. Гулчини офаридаҳояш дар беш аз 10 маҷмӯаи дастҷамъӣ ва китобҳои «Ба ҷӯи нав об омад» (1981), «Шаббода» (1989), «Духтари шаб» (2003) ва «Як гули садбарг» (2014) пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардидааст.
Чанде аз навиштаҳояш ба забонҳои русию ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1953 нависандаи асарҳои илмии тахаюли Канада Роберт Чарлз Вилсон дар Виттиер, Калифорния таваллуд шудааст.
Соли 1961 дар шаҳри Истаравшан Раънои Зоирдухт, шоира ва рӯзноманигори тоҷик ба дунё омад. Дастпарвари Техникуми савдои Тошканд ва факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст. Ҳоло раиси бахши Истаравшании Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ, сардабири моҳномаи «Ганҷи ороста» ва садри «Фарҳангсаройи ориёӣ» мебошад. Аз синфи ҳафтум ба шеъргӯйӣ пардохтааст.
Намунаҳои ашъораш дар маҷаллаву ҳафтаномаҳои «Паёми Истаравшан», «Пионери Тоҷикистон», «Садои мардум», «Омӯзгор», «Адабиёт ва санъат», «Чархи гардун», «Минбари халқ», «Занони Тоҷикистон» («Фирӯза»), «Истиқбол», «Хуҷанд» («Паёми Суғд») интишор ёфтаанд.
Баъдан ба мухлисонаш се маҷмӯаи шеърӣ – «Гули толеъ», «Духтари субҳ» ва «Валодати эҳсос»-ро тақдим кардааст.
«Фарҳангсарои ориёӣ» бо кӯшишу ибтикори ӯ ва сармояи доктор Обтини Сосонфар, раиси анҷумани «Мероси ниёкон» хонум Меҳрафзуни Сосонфар (Порис) ва ҳамдастии раиси «Анҷумани Рӯдакӣ» Масъуди Миршоҳӣ бунёд гардидааст, ки дар тарғибу ташвиқи мероси ниёконамон ҳиссаи сазовор мегузорад.
Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Соли 1964 дар Маскав дар синни 64-солагӣ забоншинос, луғатноманавис, фарҳангнавис, доктори илми филология, олими маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ Сергей Ожегов аз олам гузашт. Ӯ муаллифи маъруфтарин китоби «Луғати забони русӣ» мебошад, ки бо номи луғати Ожегов машҳур аст. Ин китоб дар Иттиҳоди Шӯравӣ борҳо ба теъдоди зиёд нашр шудааст. Ӯ ҳамчунин яке аз муаллифони «Луғати тафсирии забони русӣ» мебошад, ки солҳои 1935-1940 бо таҳрир ва зери назари Д.Н.Ушаков чоп шуда буд.
Соли 1973 нависанда, филмноманавис, журналист Иван Ситников таваллуд шудааст. То синни 18-солагӣ дар шаҳри Нерюнгри дар Ёқутистон зиндагӣ карда, сипас ба кишвари Красноярск баргашт. Дар ВАО: «Авто-Радио» (Красноярск), РИА «Енисей-Информ», «Иқтисодиёт ва ҳаёт – Сибирь», КГТРК, «Известия-Красноярск» ба ҳайси хабарнигор кор кардааст. Фаъолияти адабии худро соли 2005 оғоз кардааст. Соли 2006 ӯ дар номинаи “Насри хурд” барандаи ҷоизаи ба номи В.П. Астафйев шуд.
Соли 1977 дар Фаронса дар синни 59-солагӣ риштаи ҳаёти шоири яҳудитабори Шӯравӣ Александр Галич ба таври фоҷеабор канда шуд. Вай аз зарби қувваи барқ фавтид. “Ман озодиро интихоб мекунам” аз ҷумлаи асарҳои ӯст.
Таҳияи Сайёра КАРИМОВА